Вилояти Суғд бо 52 мамлакати ҷаҳон муносиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст

Июль 19, 2019 12:24

ХУҶАНД, 19.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд  дар шашмоҳаи аввали соли 2019  1011,9  млн. доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи гузашта 7,0 млн. доллар зиёд  гардидааст

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз ҷумла, дар ин давра гардиши савдои хориҷии вилоят  ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 80,7 фоиз ё 816,4  млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 19,3 фоиз ё 195,5 млн. доллар рост омадааст.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо мамлакатҳои ИДМ 4,5% фоиз зиёд гардида, бо мамлакатҳои хориҷи дур 12,6 фоиз кам гардидааст.

Дар ин давра содироти семент 2,0 баробар ва меваи тоза 56,7 фоиз афзуда, маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои вилояти Суғд бештар ба мамлакатҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Чин, Туркия, Белгия, Россия, Италия, Латвия, Қирғизистон, Эрон ва  Нидерланд афзалияти бештари содиротӣ доштааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 52 мамлакат, аз ҷумла бо 9 ҷумҳурии ИДМ ва 43 давлати хориҷи дур муносиботи тиҷоратӣ дорад.

Июль 19, 2019 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад