Ёқуб Исмоилзода: «Ҳадафи Кумитаи рушди маҳал — ободу зебо гардонидани симои мамлакат мебошад»

Июль 16, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки имсол бори аввал дар тамоми қаламрави мамлакат баргузор гардид, на танҳо симои пойтахт, балки тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро гулафшон намуд. Аз дидани он на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки меҳмонони хориҷӣ низ ба ваҷд омаданд. Матлаби мазкурро имрӯз, 16 июл муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб ИСМОИЛЗОДА   зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Зикр гардид, ки бо мақсади эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба  ҳама гунна  зебогӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2019-2021 Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» эълон гардида, омодагиҳо дар ин се сол бо маром идома меёбанд.

Ҳамзамон бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе    корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шуд.

Зикр гардид, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал,  мушаххас гардонидани вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодӣ татбиқ менамояд.

 

Июль 16, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд