ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Мастчоҳ зиёда аз 15 км роҳҳои байни ҷамоатҳоро асфалтпӯш намуда, беш аз 2 км роҳро аз таъмири ҷорӣ бароварданд

Август 29, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба  ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои сохтмониву ободонӣ бомаром идома доранд. Давоми се соли минбаъда  бояд дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд. 

Бо ин мақсад ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ ҷараён  дошта,  ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия  бунёду навсозии беш аз 535 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ оид ба сохтмон Шавкат Солеҳиён  зикр намуд, давоми соли гузашта беш аз 79 иншооти ба шарафи ин  ҷашн сохташанда, аз ҷумла иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, чоҳҳои амудӣ, марказҳои саломатӣ, хонаи хатна барои кӯдакон, муассисаҳои таълимӣ, боғчаи кӯдакон, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои маъмурии ҷамоати деҳот, марказҳои савдо, таъмири роҳҳо, кошонаи ҳусн ва ҳаммом ба истифода дода шуданд.  Иншооти  зикргардида бо сифати баланд сохтаву таъмир гардида, сокинон бо ҷойи кори доимӣ  таъмин шудаанд. Аз 210 иншоот дар соли 2019 то имрӯз 91 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд.

Ба гуфтаи Шавкат Солеҳиён,  дар корҳои сохтмонию  ободонӣ саҳми бевоситаи мардум ва соҳибкорони маҳаллӣ басо назаррас мебошад. Барои тасдиқи  ин суханҳо метавон гуфт, ки моҳи гузашта аз тарафи соҳибкор Наимхон Баҳодуров маркази хизматрасонӣ ва толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Маркази хизматрасонии мазкур аз се ошёна иборат буда, бо харҷи беш  аз 1 млн. сомонӣ сохта шудааст. Марказ аз  22 нуқтаи хизматрасонӣ: ошхона, дӯкони гӯшт, фурӯшгоҳи либос, пояфзол, атриёт, маҳсулоти заргарӣ, қисмҳои эҳтиётии техникӣ, толори мебел, фурӯши телефон, коргоҳи дӯзандагӣ ва кошонаи ҳусн иборат буда, дар ошёнаи сеюми иншоот толори варзишӣ фаъолият менамояд.  Толори мазкур бо технологияи зарурӣ муҷаҳҳаз буда, дар як вақт 25 нафар метавонанд  ба машқ фаро гирифта шаванд.

«Аз ҷумла,  бо дастгирии раиси ноҳия Ғайрат Азиззода, саҳмгузории соҳибкор, узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Фахриддин Зокиров ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо тарҳи муосир роҳандозӣ шудааст. Бояд гуфт, ки пойдевори бино  аз ҷониби Фахриддин Зокиров бунёд ва сипас тавассути ҳашар ва сарпарастии дигар фаъолони ҳизб деворҳои он бардошта мешавад. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, маблағи лоиҳавии он 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад.Тибқи нақша, бояд бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  то охири соли равон бунёд ва мавриди истифода қарор дода шавад»,- гуфт номбурда.

Инчунин ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Оймаҳмад  Шарипов дар маҳаллаи 40-солагии Дилварзини Ҷамоати деҳоти Палдорак муассисаи томактабӣ бунёд шуда, маблағи он 2 миллион сомониро дар бар мегирад. Муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 80 нафар тарбиятгиранда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Ҷиҳати таъмири роҳҳо метавон гуфт, ки зиёда аз 15 км роҳҳои байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш  ва  беш аз 2 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.  Инчунин  таҳти роҳбарии раиси ноҳия дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шуда,  мумфаршкунии роҳи АХД «Фирдавсӣ» – ДМК дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба масофаи 500 метр оғоз ёфт. Ҳамаи ин тадбирҳо — ободонии роҳҳо дар доираи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  сурат мегиранд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ин ҷашни миллӣ садҳо иншооти муосир ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла,  бунёди Қасри замонавии фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон, варзишгоҳи муосири дорои 10 ҳазор ҷой нишаст, Кохи варзишии «Паҳлавонони Суғд», бинои маъмурии шуъбаи маориф қасри фарҳанг дар деҳоти Палдорак аз ҷумлаи иншооти муҳташам ба пешвози ин ҷашнанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Август 29, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе «Лоиҳаи асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд
Тавсеаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо «Numisma Bank»-и Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои байниҳукуматии лоиҳаи «CASA-1000» баргузор гардид
Дар шаҳри Истаравшан 4 муассисаи таълимӣ сохта мешавад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар самтҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Дар Душанбе масъалаи омодагӣ ба ҷаласаҳои солонаи Бонки исломии рушд баррасӣ гардид
Озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии занони соҳибкор» ҷамъбаст шуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об тақвият медиҳанд
Масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои имтиёзноки иқлимӣ баррасӣ гардиданд