АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ. Бостоншиносон дар шаҳри қадимии Карон расадхона пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи шаҳри қадимии Карон, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз таҳқиқотгарон расадхонае пайдо кардаанд, ки эҳтимол то асри 15-и мелодӣ фаъолият мекардааст.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Юсуфшоҳи Яқубшоҳ, дар вайронаҳои расадхона маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт гардиданд. Инҳо тахтасангҳои хурдҳаҷм мебошанд, ки шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд.
“Кай пайдо шудан ва то кай фаъолият кардани ин расадхона то ҳол маълум нест, таҳқиқот дар ин мавзӯъ идома доранд. Дар солҳое, ки шоҳ дар ин Қалъа зиндагӣ мекард, ин расадхона амал мекардааст”, -мегӯяд Юсуфшоҳи Яқубшоҳ.
Ба гуфтаи ин бостоншиноси тоҷик, корҳои кофтуковӣ дар Қалъаи Карон имсол ба поён расида, дар назар аст соли оянда идома ёбанд.
Қаблан бостоншиносони тоҷик аз қалъаи қадимаи Карон се иншооти муҳим-бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об пайдо карда буданд.
Шаҳри бостонии Карони ноҳияи Дарвоз тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёни бостонӣ рост меояд.
Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






