Барои интиқоли гӯшти моҳӣ аз кӯлҳои ноҳияи Мурғоб ба Хоруғ шароит фароҳам оварда шуд
ХОРУҒ, 10.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори маҳаллӣ Идибек Фароғатов мошини дорои яхдон, ки нархи он 70 ҳазор сомонӣ аст, харида, ба ихтиёри Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузошт.
Ба гуфтаи сардори раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев, «ҳарчанд дар кӯлҳои вилояти Бадахшон моҳии фаровон мавҷуд аст, аммо дар бозору дигар фурӯшгоҳҳои шаҳр гӯшти моҳӣ пайдо кардан ғайриимкон аст. Агар пайдо ҳам кунед, сифаташ хуб нест. Тақдими мошини дорои яхдон минбаъд ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки онҳо бозору дӯкон ва ошхонаву қаҳвахонаҳои шаҳрро бо гӯшти моҳӣ таъмин намоянд. Азбаски масофа байни кӯлҳои вилоят ва маркази шаҳр 250-300 километрро ташкил медиҳад, моҳидорон аз интиқоли он худдорӣ меварзанд. Зеро бар асари гармии ҳаво гӯшти он вайрон мегардад ва соҳибкор ба ҷои фоида аз тиҷорати худ зарар мебинад».
Барои ҷуброни зиён соҳибкор маҷбур аст, ки нархи моҳиро боло барад. Гаронии нарх ба фурӯши саривақтии он монеъ мешавад. Баъди дастрас намудани мошини махсус ин мушкил шояд аз миён бардошта шавад.
Ба гуфтаи сардори Раёсати муҳити зисти вилоят оби кӯлҳои Зоркӯл, Яшикӯл, Сарез ва Трумкӯл мусаффо ва пок буда, барои парвариши яке аз беҳтарин намудҳои моҳӣ- гулмоҳӣ (фарел) мутобиқу мувофиқ мебошанд. Иқтидори захираи обии ин кӯлҳо имконият медиҳад, ки моҳидорон дар як сол то 40 ҳазор тонна гулмоҳӣ парвариш карда, ба бозор бароранд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев, соҳибкороне, ки ба хариду фурӯши гӯшти моҳӣ ва чорво аз ноҳияҳои дурдасти вилоят машғул мебошанд, метавонанд аз ин мошин истифода баранд. Онҳо бояд барои дастрас кардани мошини мазкур ва иҷозатнома барои шикори моҳӣ ба Раёсати ҳифзи муҳити вилоят муроҷиат намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 намуди моҳӣ мавҷуд аст. Соли гузашта қариб 290 тонна моҳӣ ба бозор бароварда шуд. Аммо дар бораи парвариш ва фурӯши моҳӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арқоми дақиқ вуҷуд надоранд.








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






