Беш аз 100 ҳазор нафар хонандагони Ҳисору Турсунзода ва Шаҳринаву Рӯдакӣ бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин мегарданд

Август 17, 2019 11:11

РӮДАКӢ, 17.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо корхонаҳои  дӯзандагии   ҶДММ «Нассоҷии тоҷик»-и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Дилшод», ҶДММ «Таъминот 2013», корхонаи дӯзандагии «Азиз-компания», коргоҳи дӯзандагии Умеда Абдуллоева,  ҶДММ «Фаррух КО»,  корхонаи  дӯзандагии «Машҳур», ҶДММ «Ахтарони Вахш» ва корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабии «Даҳбед», «Нури ирфон», «Шарофат», «Коллеҷи омӯзгорӣ»-и шаҳри Ҳисор дар асоси шартномаҳои баста бо  муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода  дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ярмарка-фурӯши либоси ягонаи мактабӣ доир намуда истодаанд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаҳои маориф, корхонаҳои мазкур дар соли хониши 2019-2020 ба 110 ҳазору 210 нафар хонандагони мактабҳои Турсунзодаю Ҳисор ва Рӯдакию Шаҳринав  бояд бо нархҳои дастрас  либосҳои босифати ягонаи мактабӣ   пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 52 ҳазору 166 нафар хонандаи ин шаҳру ноҳияҳо  бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд.

Корхонаҳои дӯзандагии мазкур дар ин шаҳру ноҳияҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардидаанд. Дар оянда истеҳсоли васеи либосҳои мактабӣ ва бачагона дар корхонаҳои мазкур метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ таъсири мусбат расонад.

Инчунин корхонаҳои мазкур дар асоси сиёсати хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хонандагони ятими кулл, нимятим, камбизоат ва хонандагони мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мазкурро ройгон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамоянд.

Корхонаи дӯзандагии “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ва тавсиявӣ машғул буда,  соли 2019 ба 10 000 нафар хонандагони  20 муассисаи таълимии деҳоти шаҳри Ҳисор либоси ягонаи мактабиро  бо нархҳои аз 170 то 190 сомонӣ пешниҳод намуд.  Корхона бо таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз буда, дар он 17 нафар занону бонувони шаҳри Ҳисор фаъолияти доимӣ доранд.

Дӯзанда Гулрухсор Икромова мегӯяд, ки “баъди ташкили ин корхона дар шаҳри Ҳисор мо, занони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидем. Дар баробари ин мутахассисони варзида аз вилояти Суғд нозукиҳои дӯхти либосҳои мактабиро ба мо омӯзонданд. Ҳоло  мо ба ҳайси мутахассисони ботаҷриба ба воситаи Раёсати шуғли аҳолии шаҳр ба занону бонувони бекор нозукиҳои ин касбро меомӯзонем”.

Масъулини корхонаи дӯзандагии “Даҳбед” гуфтанд, ки соли 2018 зиёда аз 150 нафар хонандагони ятиму бепарастору камбизоатро   ройгон бо либоси мактабӣ таъмин намудаанд ва ин амалро имсол низ идома хоҳанд дод.

Август 17, 2019 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид