Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ матраҳ гардид

Август 22, 2019 16:58

ДУШАНБЕ, 22.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ  дар мулоқоти  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур имрӯз дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон доир ба масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва туризм бо кишварҳои аъзо дар доираи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда иброз намуданд.

 

Август 22, 2019 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон ба вилояти Свердловск баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд