Дар ноҳияи Хуросон асбоби кӯҳнаю фарсудаи тиббиро аз истифода гирифтанд
ХУРОСОН, 24.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак бо мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Хатлон нисбат ба мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи минтақавии рақами 5-и ноҳия ва роҳбари Маркази саломатии ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон барои иҷро накардани қоида ва талаботи санитарию гигиенӣ ва пешгирӣ накардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ҷаримаҳои маъмурӣ намуданд.
Масъулини ин муассисаҳои тандурустии ноҳияи Хуросон дидаю дониста, бо асбоби тиббии муҳлати истифодаашон гузаштаи ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудаю фарсуда шуда беморонро ҷарроҳӣ намуда ва дигар амалиёти табобатӣ мегузарондаанд. Ин асбоб ба ҳаёти беморон хатари ҷиддии сироятёбӣ дошта, аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарӣ аз истифода гирифта шуд.
Тибқи иттилои директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон Низомиддин Бобоев, соли равон 4 нафар кормандони КАТС-и ноҳияро барои вайрон намудани коидаҳои санитарию эпидемиологӣ ба маблағи 1825 сомонӣ ҷарима намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтори КАТС 4 ҳолат зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин давра фаъолияти Маркази саломатии деҳоти Қизил-қалъа бо сабабҳои ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан муваққатан боздошта шуд.
Пас аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бемасъулиятии табибон барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон назорату санҷишҳо аз тарафи мутахассисони марказҳои назорати санитарию эпидемиологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин хотир табибони КАТС-и ноҳияи Хуросонро зарур аст, ки дар фаъолияти худ хунукназарӣ накарда, нисбат ба саломатии беморон аҳамияти ҷиддӣ дода, бо асбобҳои наву ба талаботи санитарӣ ҷабобгӯ хизмати тиббӣ расонанд.








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






