Филми «Дуғоб» дар Кинофестивали байналмилалии «Само» дар Шветсия иштирок менамояд

Август 27, 2019 15:04

ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳмуддати «Дуғоб»-и коргардон Зайнулобиддини Мусо  дар Кинофестивали байналмилалии «Само»-и Шветсия иштирок менамояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, муҳтавои филм дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки дар як деҳаи дурдаст зиндагии худ ва писари хурдсолашро танҳо бо ҳунармандӣ таъмин менамояд. Ашхоси тамаъҷӯй мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ дароранд, аммо бинанда ба росткорӣ ва ишқи пок доштани ин зан шоҳид мегардад.

Коргардони филм Зайнулобиддини Мусо, наворбардор Мумин Латифӣ буда,  Ансорӣ  Асадуллозода, Райҳона Раҳимова, Ҳусейни Камолиддин ва Асад Камолов дар ин филм нақш офаридаанд.

Бояд зикр намуд, ки Кинофестивали байналмилалии «Само»  соли 2009 аз ҷониби муҳоҷирони афғон дар Шветсия таъсис ёфта, ҳар сол аз 13 то 15 сентябр дар шаҳри Стокголм баргузор мегардад. Имсол филми «Дуғоб» дар саҳифаи қабули филмҳо дар раддаи 5-ум    қарор дорад.

Ҳаҷми филми «Дуғоб» 35 дақиқа буда, бори аввал аст, ки он дар фестивали берун аз ҷумҳурӣ иштирок менамояд. Филми кӯтоҳмуддати «Дуғоб» миёнаи солҳои 2018-2019 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  истеҳсол шудааст.

АКСҲО аз ҷараёни сабти филми «Дуғоб».

 

 

Август 27, 2019 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд