Меҳмонони Форуми байналмилалӣ аз инфрасохтори сайёҳии минтақаи Варзоб боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 08.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иштирокчиёни нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019», ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад, ба дараи зебоманзари Варзоб, ки яке аз минтақаҳои беҳтарини сайёҳӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ташриф оварданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дараи Варзоб ҳанӯз соли 2000 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Минтақаи сайёҳӣ» эълон гардида, дар зарфи ин солҳо дар ин минтақа инфрасохтори гуногуни сайёҳӣ, ки барои рушди туризм дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ба истифода дода шудаанд. Яке аз чунин инфрасохтори туристӣ Маҷмааи истироҳатию фароғатии «Кохи Малика» мебошад, ки дар шафати дарёи Варзоб бунёд гардида, дорои тамоми шароити истироҳату фароғати мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Меҳмонон зимни боздид аз ин маҷмааи истироҳатию фароғатӣ бо шароиту имконот ва сатҳи хизматрасонии он шинос гардиданд.
Ҳамзамон иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон 2019» ба Осоишгоҳи табобатию солимгардонии «Хоҷа Оби Гарм» ташриф оварданд.
Бояд тазаккур дод, ки Осоишгоҳи табобатию солимгардонии «Хоҷа Оби Гарм» дар баландии 1740 -1960 метр ҷойгир буда, дар он барои истироҳаткунандагон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.









«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






