Сайёҳии деҳот — омили муассири муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

Август 29, 2019 18:53

ДУШАНБЕ, 29.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳии деҳот(агротуризм) аз рукнҳои асосии иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон буда, тибқи арзёбии Созмони умумиҷаҳонии савдо, он яке аз панҷ самти стратегии рушди сайёҳии ҷаҳон то соли 2020 эътироф гардидааст. Дар мамлакатҳои ИМА ва Аврупои Ғарбӣ сайёҳии деҳот давоми 20 соли охир ба бахши мустақил ва сердаромади саноати сайёҳӣ табдил ёфтааст. Дар Юнон ва Кипр соҳаи мазкур асоси иқтисодиёти кишвар шинохта шудааст.

 Тибқи сарчашмаҳо, ҳар сол зиёда аз 700 миллион (дар ҷойи дигар, зиёда аз 1 млрд.) нафар ҳамчун сайёҳ ба минтақаҳои гуногун сафар мекунанд, ки аз ин шумора аз 12 то 30 фоизи онҳо ба деҳот рост меояд. Гузашта аз ин, омори мазкур танҳо ифодагари вазъи сайёҳии байналхалқӣ мебошад. Дар асл, шумораи сайёҳони дохилии худи кишварҳо бамаротиб зиёд мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз лиҳози имкониятҳои табиӣ яке аз давлатҳои ояндадори дунё дар бахши сайёҳии деҳот аст. Кўҳистон будани аксари ҳудуди мамлакат, ки дар гузашта яке аз монеаҳои рушди он шуморида мешуд, дар шароити муосир хилофи ин назар, сарчашмаи асосии рушди давлат ва воситаи муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Дар Тоҷикистон сайёҳӣ як самти нисбатан нав, вале хеле ояндадор аст.  Тоҷикистон барои рушди сайёҳии деҳот иқтидори беназири захираҳои табииро соҳиб аст, ки истифодаи оқилонаи онҳо имконоти васеи рушди деҳотро ба вуҷуд хоҳад овард. Бо гузашти вақт, сайёҳии деҳот ба омили рушди бахшҳои дигари деҳот: кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, манзил ва истироҳат, сифати маҳсулоти хўрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, рушди инфрасохтори деҳот, ҳифзи муҳити зист, бавуҷудоии ҷойҳои нави корӣ ва ғайра мусоидат хоҳад намуд. Вобаста ба ин, рушди сайёҳии деҳоти Тоҷикистонро на танҳо як масъалаи фарҳангӣ ва миллӣ, ҳамзамон як барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мамлакат арзёбӣ намудан мумкин аст.

Дар Тоҷикистон мувофиқи маълумоти соли 2008 аз 13043 сайёҳ 13,5%-и он ба деҳот рафтаанд. Аз ин давра то ба имрўз ҳисоби дақиқи шумораи сайёҳони ба деҳот ташрифоварда анҷом дода нашудааст. Агар 13,5% -ро ҳамчун меъёри миёнаи сайёҳони ба деҳот ташрифоранда қабул кунем, пас соли 2018 (аз шумораи умумии сайёҳон -1миллиону 155 ҳазор) 155 ҳазору 925 нафарашон ба деҳот рост меояд. Дар пайи тағйироти мусбате, ки дар низоми сайёҳии мамлакат солҳои охир ба вуҷуд омаданд, ин шумора метавонад чандин маротиба афзоиш ёфта бошад.

Чаро маҳз сайёҳии деҳот?

Зарурати рушди сайёҳӣ дар деҳоти Тоҷикистон ба чанд омил вобаста мебошад:

  • сатҳи пасти рушди иҷтимоию иқтисодии деҳот;
  • пайваста кўч бастани сокинони деҳот ба шаҳр ва берун аз кишвар;
  • набудани имконият барои модернизатсияи шуғл ва машғул шудан ба ягон навъи фаъолияти фоиданок;
  • дур будани деҳот аз марказҳои саноатӣ ва шаҳру ноҳияҳо ва ғ.

Дар муқоиса бо дигар соҳаҳо, ташкили сайёҳӣ дар деҳот якчанд афзалияти худро доро мебошад:

  • дар ибтидои ташкили бизнеси сайёҳӣ ба сармоягузории бузург чандон зарурат нест: дилхоҳ деҳқон ва ё дар умум, сокини деҳот бо камтарин харҷи молиявӣ ва дуруст дарк намудани моҳияти сайёҳӣ метавонад ба ин навъи бизнес машғул шавад;
  • ниёз ба хароҷоти рекламавӣ низ аз ҳад зиёд нест, зеро иттилоот (иттилооти ҳам мусбат ва манфӣ), дар бораи чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ барои сайёҳон, ба таври худ ба худ аз як меҳмон ба меҳмонони дигар паҳн мешаванд;
  • дар атрофи хоҷагиҳое, ки ба чунин навъи фаъолият машғуланд, инфрасохтори дигари сайёҳӣ рушд хоҳад намуд: нуқтаҳои фурўши армуғонҳо, маҳсулоти озуқавории маҳаллӣ ва хизматрасонии гуногун;
  • дар деҳот соҳаи ҳунармандӣ барқарор мегардад ва фарҳанги тиҷоратии сокинони деҳот рушд мекунад;
  • маҳсулоти хўрокӣ (меваву сабзавот) дар фарқ аз шаҳр 2–2,5 баробар арзон мебошад, ки ин арзиши хизматрасониро барои сайёҳон хеле кам ва ҳавасмандии онҳоро ба деҳот бештар месозад.

Сайёҳӣ ва консепсияи классикии меҳмоннавозӣ дар деҳоти Тоҷикистон

 Маъмулан, дар таҷрибаи байналхалқӣ ду тарҳи ба роҳ мондани сайёҳии деҳот мавҷуд мебошад:

Якум, сайёҳӣ ҳамчун истеҳсолоти ёрирасон (подсобное производство). Сокинони деҳот дар баробари фаъолияти хоҷагидорӣ ба бизнеси сайёҳӣ низ машғул мешаванд, вале роҳу имконоти ҷалби сармояро барои рушди соҳа ҷустуҷў намекунанд ва сайёҳӣ асосан аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ пеш меравад. Чунин тарҳи рушди сайёҳӣ на аз рўи нақша-барнома, балки тибқи принсипи таваккал пеш меравад ва чандон фоидабахш нест.

Дуюм, ба соҳаи сайёҳӣ на ҳамчун бахши ёрирасон, балки ба сифати бизнеси асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад ва барои сайёҳон тамоми шароити экологию эстетикӣ, имкониятҳои бархурдорӣ аз тарзи ҳаёти деҳот (саёҳат тавассути асп, ҷамъоварии замбурўғ, мева, гиёҳҳои шифобахш, моҳидорӣ), дастрасӣ ба маҳсулоти арзони истеъмолии истеҳсолоти маҳаллӣ, ошноӣ бо хусусиятҳои этнографии деҳа ва афзалиятҳои фарҳанги мардуми он ва ғайра фароҳам оварда мешавад. Чунин навъи сайёҳӣ, яъне сайёҳии сабзи деҳот (green rural tourism) ва ё сайёҳии аграрӣ (agrotourism, farm tourism) дар кишварҳои ИМА, давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Туркия хеле маъмул аст. Сайёҳон муддати чанд вақт дар деҳа зиста, тарзи ҳаёти деҳро барои худ таҷриба мекунанд.

Дар айни замон сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон мувофиқи тарҳи аввал пеш меравад ва он тақрибан як иқтидори кашфнашударо мемонад. Набудани меҳмонхона ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар деҳот, инфрасохтори сарироҳӣ дар шоҳроҳҳо мушкилоти асосӣ мебошанд. Чанд сол қабл (соли 2015) ниҳодҳои масъул ба нақша гирифтанд, ки барои фароҳам овардани инфрасохтори сайёҳӣ дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон дар ҳар 50 км як ташноб ва дар ҳар 100 км як меҳмонхонаи сарироҳӣ бо истгоҳ, нуқтаи савдо, ошхона, воситаи алоқа ва тамоми шароит сохта хоҳад шуд, ки сайёҳон метавонанд аз он истифода кунанд. Аммо ин лоиҳа дар ҳоли амалишавӣ қарор дошта, ҳанўз натиҷаи дилхоҳ надодааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти рушди сайёҳии деҳот қабл аз таъмини инфрасохтори зарурӣ рушди фарҳанги сайёҳии сокинон муҳимтар мебошад. Дар акси ҳол сайёҳии деҳот наметавонад рушди самараноки худро пайдо кунад.

Консепсияи классикии меҳмоннавозӣ, ки дар заминаи таълимоти «меҳмон атои Худованд» ва «меҳмон — яъне ғариб, мусофир» амал мекунад, то ҷое ба сарчашмаи даромад табдил ёфтани сайёҳии деҳот монеа эҷод месозад. Яъне, ҳар сайёҳе, ки ба деҳа ворид мешавад, ба ў чун ғариб ё мусофир назар карда шуда, барои хизматрасонӣ аз ў чизе талаб намегардад ва аз тарафи дигар, сокинони деҳот тамоми моҳияти меҳмоннавозии сайёҳро дар савоб гирифтан мебинанд.

Масалан, дар Масчоҳи кўҳӣ то ин дам ягон меҳмонхона вуҷуд надорад. Ин аз як тараф ба набудани соҳибкорони муваффақу ташаббускор вобаста бошад, аз ҷониби дигар дар робита ба меҳмон мавҷуд будани анъанаи аҷиб миёни мардуми он алоқаманд аст. Сайёҳони хориҷу дохил ва меҳмононро сокинон дар хонаҳои худ ҷой ва меҳмоннавозӣ мекунанд. Тибқи андешаи сокинони ин ноҳия барояшон (яъне барои мастчоҳиҳо) «айб аст, вақте ки меҳмоне меояду дар меҳмонхона хоб мекунад». Дар тамоми муддате, ки сайёҳ дар хона зиндагӣ мекунад, ба таври ройгон ба ў хизмат расонида мешавад. Ҳатто маблағи ба ивази хизматрасонӣ пешниҳодшудаи сайёҳро низ қабул намекунанд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии ноҳияи мазкур 100% деҳнишин мебошанд ва рўзгори миёнаҳолона доранд. Чунин ҳолатро дар аксарияти деҳоти Тоҷикистон мушоҳида намудан мумкин аст.

Бояд зикр намуд, ки падидаи мазкур дар деҳот аз нигоҳи инсондӯстӣ, албатта, мусбат аст. Бо вуҷуди ин, дар шароити муосир ва рушди иқтисоди бозорӣ бо чунин шева ба роҳ мондани сайёҳии деҳот чандон қобили қабул нест, балки бар зарар аст. Яъне, чунин анъанаи беназири меҳмоннавозӣ дар бисёр маврид имкониятҳои ба даст овардани фоида ва беҳ намудани ҳолати иҷтимоиёти аҳолиро ба нестӣ мебарад. Муҳимтар аз ҳама, имкониятҳои табиии деҳоти Тоҷикистон ба таври ройгон истифода мешаванд.

Бархилофи дигар минтақаҳо, дар ВМКБ, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ ва аҳёнан дар дигар минтақаҳо: ноҳияҳои Балҷувон, Варзоб ва Ромит нигоҳи мардум ба сайёҳӣ нисбатан тараққӣ кардааст. Дар баробари меҳмонхонаҳои зиёд, ҳамзамон шумораи зиёди субъектҳои хизматрасонии хонагӣ (хонаист — homestay) фаъолият мекунанд. Сокинон манзили истиқоматии худро ҷиҳати хизматрасонӣ ба сайёҳон пешниҳод менамоянд. Чунин хонаистҳо барои сайёҳони имконияти молиявиашон нисбатан маҳдуд, бахусус барои сайёҳони дохилӣ хеле дастрас аст ва аз ҷониби дигар, барои соҳибонашон сарчашмаи муносиби даромад ба шумор меравад.

Қадамҳои мушаххас дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии деҳот гузошта мешаванд

 Айни замон дар Тоҷикистон лоиҳае дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҳунармандон ва дизайнерони Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор дорад, ки ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва муаррифии ҳарчӣ бештари захираю имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар минтақаҳои кўҳистони ҷумҳурӣ, хусусан Бадахшон, Суғду Хатлон, ташкили «Деҳаи ҳунармандон» пешбинӣ мешавад. Иқдоми мазкур ба хотири он аст, ки сайёҳони хориҷӣ кўшиш мекунанд, ки ҳангоми саёҳат бештар бо шароити кўҳистон, яъне деҳоти Тоҷикистон ошно гарданд.

Имрўзҳо таваҷҷуҳи сокинони баъзе деҳоти Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёд шуда истодааст. Масалан, як сокини ноҳияи Мурғоб дар маркази ноҳия дўкони ҳунармандӣ кушодааст, ки дар он на танҳо маҳсули ҳунари дастони худро мефурўшад, балки дигар ҳунармандони ноҳия низ маҳсулоти худро барои фурўш ба ин дўкон месупоранд. Ҷиҳати рушди соҳа Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир ба нақша гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо бахшҳои давлатию хусусӣ дар деҳоти дурдасти ВМКБ меҳмонхонаҳои хурди мутобиқ ба шароити муосир бунёд кунад, ки дар назди онҳо дўконҳои маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ кушода мешаванд. Зарур аст, ки чунин таҷиба омўхта шуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил карда шавад.

Таҷрибаи давлатҳо дар самти рушди сайёҳии деҳот

 Бо вуҷуди корҳои анҷомшуда барои рушди сайёҳии деҳот иқдомҳои алоҳида дар сатҳи минтақаҳои Тоҷикистон кифоя нестанд. Рушди соҳа барномарезии дақиқ ва тарҳи миллиро тақозо мекунад. Набудани тарҳи миллии рушди сайёҳии деҳот аз бисёр ҷиҳат ба набудани заминаҳои назариявии омўзиши масъала алоқаманд мебошад. Масалан, дар тамоми ҷаҳон давлатҳо имкониятҳои рушди минтақаҳо, аз ҷумла «роҳҳои нақши хоса додан ба ин ё он минтақаҳо»-ро ҷустуҷў мекунанд ва минтақаҳои ҳудуди давлатро вобаста ба иқлим, экология, релеф, мавҷудияти навъҳои растанию ҳайвонот ва дарёву кӯлҳо ва ғайра табақабандӣ мекунанд. Зеро табақабандии минтақаҳо вобаста ба чунин зарфиятҳо барои омўзиши хусусиятҳои фоидабахши маҳал ва минбаъд муаррифии онҳо ҳамчун макони сайёҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар самти рушди сайёҳии деҳот ба таҷрибаи давлатҳои ҳамсатҳ ва инчунин муваффақ такя намудан қобили дастгирӣ мебошад.

Дар Лаҳистон, ки 93%-и ҳудуди онро деҳот ташкил медиҳанд, дар пешрафти иқтисодиёт такяи асосӣ ба рушди сайёҳии деҳот карда мешавад. Наврасон аз курсии мактабӣ ба «техникаи сайёҳии деҳот» омода ва барои машғул шудан ба ин бахш ҳавасманд карда мешаванд. Имрўз дар ин кишвар зиёда аз 27% -и аҳолӣ дар бахшҳои гуногуни сайёҳии деҳот фаъолият мекунанд, ки таҷрибаи беназир аст.

Дар давлатҳои бо Тоҷикистон ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ сайёҳии деҳот хеле рушд кардааст. Масалан, сайёҳии деҳот дар вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ, қаторкўҳи Нуратини Ӯзбекистон ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои сайёҳон дар деҳот шароити хуби ошноӣ аз табиат ва дигар мавзеъҳои ҷолиби деҳа фароҳам оварда шудааст. Сайёҳон имкон доранд асп, шутур, харро ба иҷора гирифта, ба тамошои дарёҳову ҷангалзор ва ҳатто биёбони регӣ сафар кунанд.

Дар Қирғизистон низ саёҳати деҳот, бахусус «саёҳати юртӣ» хеле ҷолиб ба роҳ монда шудааст. Дар бозорҳои Қирғизистон намунаҳои бешумори ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун армуғон ба фурўш гузошта мешаванд. Таваҷҷуҳи зиёд ба соҳа, алалхусус ба сайёҳии деҳот сабаб шудааст, ки шумораи сайёҳони хориҷии ин кишварҳо нисбат ба Тоҷикистон хеле зиёд мебошад. Масалан, соли 2018 шумораи сайёҳони хориҷии Қирғизистон — 5,5 миллион ва Ӯзбекистон — 5,3 миллионро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба Тоҷикистон 4,5 маротиба зиёд аст.

 Чӣ ба рушди сайёҳии деҳот монеа эҷод мекунад?

 Омилҳое мавҷуданд, ки ба таври бавосита ва ё бевосита таъсири худро ба рушди сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон мерасонанд:

  1. Бетаваҷҷуҳии сокинони деҳот ба бизнеси сайёҳӣ, тарс аз қабули меҳмонони бегона ва надонистани асосҳои хизматрасонии сайёҳӣ; надонистани забонҳои хориҷӣ; инчунин набудани кадрҳои соҳа дар деҳот.
  2. Сифати пасти роҳҳои деҳот ва ё дар баъзе мавридҳо мавҷуд набудани роҳҳои дурусти мошингарде, ки ба мавзеи сайёҳӣ мебаранд. Масалан, роҳе, ки ба дараи кўҳии мавзеи «Ҳафткӯл»-и Панҷакент мебарад, хеле фарсуда ва корношоям аст, ки бо вуҷуди табиати ғайриодию кӯлҳои ҷолибаш метавонад майли сайёҳонро барои сафар ба ин мавзеъ то ҷое коста кунад.
  3. Аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда нашудани саёҳатҳои экскурсионӣ барои наврасони боғча, мактаббачагон, донишҷўён ба маконҳои фарҳангиву таърихии деҳоти Тоҷикистон.
  4. Ба талабот ҷавобгў набудани хизматрасониҳо дар инфрасохтори мавҷудаи хизматрасонии деҳот барои сайёҳон.
  5. Ноустувории бозори сайёҳии деҳот, ки ба мавсимӣ будани он алоқаманд мебошад. Шумораи зиёди ширкатҳои сайёҳӣ дар мавсимҳои муайян фаъолият карда, баъдан (маъмулан дар фасли зимистон) то фаро расидани мавсими нав ба корҳои дигар машғул мешаванд. Бояд гуфт, ки истифодаи дурусти табиати деҳот метавонад чунин омилро аз байн барад. Табиати баъзе деҳоти мамлакат дар мавсими зимистон барои лижаронию сайёҳӣ муносиб аст. Фақат фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ва ташвиқи он зарур мебошад. Масалан, ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз пурра барои чунин навъи саёҳат ҷавобгў мебошад. Дар ин ҷо имкон вуҷуд дорад, ки ба монанди «Сафеддара» маҷмааи бузурги лижаронию сайёҳӣ бунёд шавад, то дар фасли зимистон низ ташрифи сайёҳон ба минтақа қатъ нагардад.

Афзалиятҳои рушди сайёҳӣ барои деҳот

Бояд зикр намуд, ки фароҳам овардани инфрасохтори сайёҳӣ дар деҳот афзалиятҳои зиёди худро доро мебошад:

  1. Тадриҷан ба таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ такон мебахшад.
  2. Сайёҳон баъди анҷоми саёҳат маҳсулоти ғизоии тозаву арзони деҳро харида, бо худ мебаранд, ки ба даромади аҳолӣ ва тарғиби маҳсулоти маҳаллӣ дар сатҳи мамлакат ва берун аз он мусоидат мекунад. Инчунин завқмандии сокинон барои машғул шудан ба соҳаи кишоварзӣ меафзояд.
  3. Ба бизнеси сайёҳӣ ва қабули сайёҳон ҷалб намудани аҳолии деҳот ҳавасмандии онҳоро дар ҳифзи анъанаҳои сатҳи маҳал ва табиати атроф зиёд мекунад. Зеро ҳеҷ кас ин корро беҳтар аз сокинони маҳаллӣ анҷом дода наметавонад. Эҷоди чунин ҳавасмандӣ дар шароити хароб шудани фазои сайёра зери таъсири харобиовари инсоният зиёд муҳим аст.
  4. Рушди бахши сайёҳӣ раванди афзоиши ҳиссаи аҳолии шаҳрнишинро дар чаҳорчўби ноҳияҳои мамлакат зиёд мекунад.

Оид ба масъалаҳои баррасишуда ва мушкилоти ҷойдошта зикр намудани якчанд мулоҳиза ва пешниҳодҳо зарур дониста мешавад:

  1. Чун бахшҳои дигари сайёҳӣ — сайёҳии деҳот низ малака ва дониши муайян тақозо мекунад. Бо мақсади дар оянда ба вуҷуд омадани фазои мусоиди рушди сайёҳии деҳот барои наврасони синни болоӣ таълими малакаи сайёҳӣ (стандартҳо, этика ва психологияи хизматрасонӣ) дар мактабҳои миёна муҳим мебошад. Зеро на ҳамаи мутахассисоне, ки дар мактабҳои олӣ дар бахши сайёҳӣ таҳсил мекунанд, ба деҳа бармегарданд.
  2. Дар низоми илмҳои ҷомеашиносӣ ва иқтисодӣ то ҳанўз ба таври дақиқ таҳқиқоти системавии бозгӯкунандаи табиати сиёсию иқтисодии сайёҳии деҳот ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ анҷом дода нашудааст. Вобаста ба ин, зарур шуморида мешавад, ки аҳамияти иқтисодии сайёҳии деҳот ба иқтисодиёти мамлакат мушаххас таҳлил ва арзёбӣ карда шавад.
  3. Барои тарғибу ташвиқи сайёҳии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки дар портали ягонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ рӯйхати ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо маълумоти васеъ оид ба мавзеъҳои сайёҳии онҳо ва харитаи роҳ бо забонҳои хориҷӣ ҷой карда шавад. То барои сайёҳон имконияти пайдо намудани маълумот осон гардад.
  4. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон низ рушди сайёҳии деҳот метавонад ҳам аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодӣ муфид бошад. Дар навбати худ бояд ба назар гирифт, ки рушди ин бахш наметавонад ба таври бояду шояд ва таъҷилӣ, балки дар заминаи таҳияи барномаи мушаххас татбиқи воқеии худро пайдо мекунад. Бо дарназардошти ин, дар марҳилаи кунунии рушди соҳа таҳия ва мавриди амал қарор додани «Барномаи рушди сайёҳии деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2025» муҳим арзёбӣ мегардад.
  5. Аз ҷониби сокинон дар деҳот ба истифода додани хонаистҳо (homestay) ва дигар иншооти қабули сайёҳон ҳанўз анҷоми кор нест. Дар ин самт донистани зарфиятҳои қабулу меҳмоннавозии сайёҳ ва маркетинги сайёҳӣ зарур мебошад. Бинобар ин, дар асоси барномаи мушаххас аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа ба роҳ мондани семинарҳои омўзишӣ миёни масъулони иншооти қабулу хизматрасонӣ дар деҳот, нишон додани роҳҳои густариши бизнеси сайёҳӣ дар деҳот, пайдо намудани сарчашмаҳои маблағузорӣ ва ғайра зарур мебошанд. Масалан, дар Германия ва Кипр барномаи махсуси рушди сайёҳии деҳот амал мекунанд, ки дар асоси он ба сокинони деҳот ва субъектҳои хизматрасонии хонагӣ тарзи таъмир ва бо истифодаи санъату ҳунарҳои миллӣ ҷиҳозонидани хонаистҳо омўзонида ва ба хоҳишмандон қарзҳо бо фоизи дастрас пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамин тавр, пажўҳиши аҳамияти сайёҳӣ дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бахши мазкур барои рушди ҷомеа ва давлат нақши муҳим бозида, имкон медиҳад мушкилоти мавҷудаи иҷтимоию иқтисодии деҳот ояндаи наздик бартараф карда шаванд.

 Маъруф АБДУҶАББОРОВ,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2019 18:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ғуфрониён» ва «Сӯфизода»-и ноҳияи Мастчоҳ 40 фоизи пахта барои ҷамъоварӣ омода аст
Рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст
Имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба ояндаи «сабз» дар бахши таъмини гармӣ доир гардид
«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд
Дар Душанбе нахустин Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ маъруза намуд
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масоили ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо баррасӣ гардид
«Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN -Навигатсия дар асоси хусусият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷагирӣ гардид
Дар Алмато ҷаласаи вазирони Осиёи Марказӣ оид ба пешрафт дар татбиқи чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо доир гардид