САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ. Хӯрокҳои лазизи миллӣ – заминаи муҳими ҷалби сайёҳон

Август 27, 2019 19:09

ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳии гастрономӣ ё сафарҳои гастрономӣ  навъи саёҳатест, ки  зимни он ҷаҳонгардон ба дигар кишварҳо ва минтақаҳо бо мақсади шиносоӣ бо таомҳои маҳаллӣ ва хусусияту анъанаҳои пухтупаз ташриф меоранд.

Ин навъи саёҳат дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром рушд  меёбад. Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди сайёҳии гастрономӣ заминаи мусоид гузошт. Хурокҳои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё гашта, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз лаззати таомҳои миллӣ баҳра мебаранд.

Мунтазам баргузор намудани фестивалу идҳо, аз ҷумла иди “Оши палав”, фестивали “Хӯрокҳо ва пуфакҳои ҳавоӣ”, фестивали баҳории хурокҳои миллӣ, озмунҳои “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам”, “Хуришҳои миллӣ”, “Яхмос ва обҳои ташнашикан” ва дигар иду ҷашнҳо, инчунин ба кор оғоз кардани тарабхонаву ошхонаҳо бо унсурҳои миллӣ ба рушди саёҳати гастрономӣ ва ҷалби бештари сайёҳон такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ин замина, хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, сайёҳон аз иду фестивалҳо боздид менамоянд ва аз хизматрасонии ошхонаву тарабхонаҳо васеъ истифода мебаранд.

Яке аз ҷаззобиятҳои асосии саёҳати гастрономӣ дар Тоҷикистон ин хурокҳои наврузӣ, аз ҷумла суманак ва ҳафтсину ҳафтшин, ки дар ҷашни Наврузи байналмилалӣ омода карда мешаванд, ба шумор меравад. Навруз ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ шуда, имсол зиёда аз 60 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ барои тамошои Навруз ва баҳори Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд.

Аз рӯи таснифот гастротурҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ ҷудо мешаванд. Дар гастротурҳои деҳот сайёҳон асосан ба пухтупази таомҳои миллӣ. ҷамъоварии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла ангур аз токзорҳо, сабзавот ва меваҳо аз хоҷагиҳо машғул мешаванд. Дар гастротури шаҳрӣ сайёҳон аз корхона ё сехи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дидан карда, аз маҳсулоти омодакардаи онҳо мечашанд. Яъне сафарҳои гастрономӣ сайёҳонро бо хӯрокҳои гуногун дар маконҳои гуногун шинос менамояд.

Ҳар як халқ дорои хӯрокҳои миллии худ буда, анъанаҳои пухтупаз дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, мардум беҳтарин дастурҳоро нигоҳ дошта, ба наслҳои худ мегузоранд.

Таомҳои анъанавӣ бо таърих, дин, расму оинҳо, афсонаҳо ва дигар омилҳо, ки ҳувияти беназири кишвар ё минтақаро ташаккул медиҳанд, робитаи зич доранд.

Рушди сайёҳии байналмилалӣ ва дар ин замина саёҳати гастрономӣ боиси босуръат инкишоф ёфтани саноати хӯрокворӣ гардид. Ширкатҳои бонуфузи низоми хӯроки умумӣ дар мавзеъҳои шинохтатарини сайёҳии ҷаҳон силсилаи тарабхона, қаҳвахона ва ба ин монанд муассисаҳои хӯроки умумро бунёд намуданд.

Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар дар ҷаҳон машҳур буда, санъати пухтупазии халқи тоҷик дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст. Таомҳои миллии тоҷикӣ аз фаровонии сабзавоту хӯрокҳои гӯштӣ ва орд иборатанд. Кабобҳои сабзавотӣ ва гӯштӣ, ҳама намуди кабоб, ҳасиб аз гӯшти мурғ, қурутоб, шакароб, қатлама, таҳмол маъмул мебошанд. Хӯрокҳои миллӣ бо пиёз, гиёҳҳои шифобахшу хушбӯй омода карда мешаванд.

Маҳсулоте, ки асоси таомҳои миллии тоҷикон мебошанд, таърихи қадимӣ доранд ва бо ҳар як минтақа ва фарҳанги он алоқаманданд. Таомҳои гуногун ва дастархондорию меҳмоннавозии тоҷикӣ сайёҳонро ҳама вақт дар ҳайрат мегузорад.

Дар пухтупазҳои тоҷикӣ оши палав ҷои махсус дорад. Оши палав ба қатори мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Тавре ки дар созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО қайд карда шудааст — «Палав дар ин кишвари Осиё як ҷузъи мероси умумии фарҳангӣ аст.» Зиёда аз 200 тарзи пухтупази оши палав мавҷуд аст. Тарзи тайёр кардан ва истифодаи он одамонро аз табақаҳои мухталифи ҷомеа муттаҳид мекунад.

Боиси фараҳмандист, ки оши палави тоҷикӣ соли гузашта дар фестивали байналмилалии “Slow food”-и Италия муаррифӣ карда шуда, соҳиби ҷоиза гардид. Тули як ҳафта иштирокчиёни фестивал аз таъми лазизи оши палави тоҷикӣ лаззат бурданд.

Дар баробари ин, дар ҷумҳурии мо меваву сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза ва аз руи тамъ лазиз дар ҷаҳон парвариш карда мешавад, ки на ба таври сунъӣ дар гармхонаҳо балки бо истифода аз нури офтоб ташаккул меёбад. Асали тоҷикӣ, нушокиву шарбатҳо ва обҳои маъдании кишвар низ дар ҷаҳон беҳамто буда, дар сафарҳои худ сайёҳону меҳмонон васеъ истифода мебаранд.

Кассандра Колберт — Менеҷери минтақавии IFC дар Осиёи Марказӣ дар сухани ифтитоҳии худ дар “Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон-2019”, ки рӯзҳои 8-10 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гашт, қайд намуд, ки “Тоҷикистон метавонад арзишҳои зиёди фарҳангӣ, табиӣ ва таърихии худро ба сайёҳон пешкаш намояд. Он дорои кӯҳҳои зебо ва чашмаҳои гарм, инчунин фарҳанги барҷаста ва мардуми меҳмондӯст мебошад. Тоҷикистон кишварест меҳмондӯст. Барои эҳсоси аҷоиботу ғароиботи Осиё, сайёҳон бояд ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо мардум сӯҳбат кунанд, анъанаҳо, фарҳанг ва тарзи ҳаётро омӯзанд, табиати хуб, бузургӣ ва хиради мардуми онро бубинанд”.

Қобили қайд аст, ки меҳмоннавозии воқеии шарқӣ воқеан аҷиб аст. Ин, пеш аз ҳама, эҳтироми хуб ва тарафайн аст. Ин пояҳои тиллоии ҳаёти шарқӣ ҳамеша барои мардуми таҳҷоии Осиёи Марказӣ машҳур буданд.

Имрузҳо аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва ба меъёрҳои муосир баробар намудани онҳо, бо ҷалби коршиносони милливу байналмилалӣ курсҳои бозомузӣ ташкил шуда истодааст. Ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки сайёҳон аз хизматрасонии муносиб ва меҳмоннавозии тоҷикона баҳравар шуда, саёҳати гастрономӣ боз ҳам рушд кунад.

 

Август 27, 2019 19:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид