Суди шаҳри Ваҳдат Раҷаббек Муродовро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани мошин ҷарима намуд

Август 27, 2019 11:35

ВАҲДАТ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Суди шаҳри Ваҳдат сокини деҳаи Тангаии Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Раҷаббек Муродовро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 16 ҳазору 500 сомонӣ таъйин намуд. Суд ҳамчунин Раҷаббек Муродовро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. Дар ин бора муовини раиси Суди шаҳри Ваҳдат Бахтиёр Холиқзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҷавобгар Раҷаббек Муродов оиладор, соҳиби 4 фарзанд буда, муваққатан бекор мебошад. Ӯ ба ин мушкилоти зиндагиаш нигоҳ накарда, ба майнӯшӣ  даст зада, воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Тангаӣ  идора намуда, барои кӯдакону наврасону сокинони деҳа хатар эҷод намудааст. Мавсуфро  дар ин ҳолат нозирони ШБДА ШВКД  дар шаҳри Ваҳдат дастгир намудаанд.

Бахтиёр Холиқзода гуфт, ки соли равон ба Суди шаҳри Ваҳдат бо моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт 34 парванда ворид гардид. Аз ин парвандаҳои воридгардида 30 парванда баррасӣ шуд, ки 23 нафар ронандагони майнӯш аз сабаби паст будани вазъи иқтисодияшон 15- рӯзӣ ба ҳабс гирифта шуданд ва 7 нафари дигар ба маблағи 115 ҳазору 500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шуданд.

Инчунин 30 нафар ронандагони маст аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум карда шуданд.

Август 27, 2019 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон