То ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе иқдоми «Тозагии маҳал» доир карда мешавад

Август 26, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат  иқдоми «Тозагии маҳал»-ро роҳандозӣ кардааст.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ҳадаф  аз баргузории ин иқдом тақвият додани корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбон ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳраку маҳаллаҳо мебошад.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз  пайваста аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт чунин иқдом роҳандозӣ шуда, ба он сокинони маҳаллаҳо ҷалб карда мешаванд.

Тибқи маълумот, то имрӯз  беш аз  19 ҳазору 450  нафар ба  ҳамоиши «Тозагии маҳал» ҷалб карда шудаанд.   Инчунин ба ин амали экологӣ 81 техника сафарбар гардида, 160,5 тонна партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозаю озода намудани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳо пайваста чунин ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор намояд.

Август 26, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд