ҶАШНИ ШОИСТАВУ МУҚАДДАС. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ “Ховар” Камол Насрулло дар бораи омилҳои асосии пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2019 09:07

ДУШАНБЕ, 07.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон падидаест шоиставу ибратбахш ва омӯхтанӣ, зеро дар як муддати барои таърихи башар кӯтоҳтарин он на танҳо аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт, балки дастовардҳои назаррасу дурахшоне ба даст овард.

Дар рӯзҳои оғози Истиқлолият давлати моро  имтиҳони сахту сангин интизор буд. Ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, ки бо дасти бегонагон ва бадхоҳони миллати тоҷик тарҳрезӣ шуда буд. Аммо хиради зотии халқи соҳибтамаддуну куҳанбунёди мо дар охирин лаҳзаҳое, ки  истиқлолиятамон дар вартаи фалокатҳо қарор дошт, бедор гардид ва истиқлолияти деринтизори мо ба шарофати фарзандони ҷоннисору ватандӯсташ аз фалокати нестӣ наҷот ёфт.

Хушбахтии  тоҷикон буд, ки аз байни ин халқи куҳанбунёду хирадпеша  фарзанди шоистае бурун омад, Сарвари мардуми хайрхоҳу некманиш гардид, Пешвое, ки самтҳои дурусти роҳи наҷоти миллатро тавонист бамаврид ва дурусту беиштибоҳ интихоб кунад. Яке аз аввалин иқдомҳои Сарвари онвақтаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон таъсиси созмоне бо номи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Маҳз ҳамин иқдоми оқилона ва роҳнамоии дурандешонаи Сарвари мамлакат сабаби баҳамоии халқи парешон ва гурӯҳҳои мухолифин гардид ва имзои Созишномаи сулҳ дар байни ҳама гурӯҳҳои оштинопазир ба амал пайваст. Ҳарчанд ки баъд аз имзо шудани ин Созишнома низ низоъҳои дохилӣ бо иғвои душманони беруна каму беш идома доштанд, аммо ҳамин Созишнома зербуни асосие гардид, ки бар он хиштҳои аввали кохи истиқлолияти тоҷикон гузошта шуданд ва минбаъд ба шарофати ҳамин Созишнома ва сарварии оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат ваҳдати миллӣ ва ягонагии ҳама сокинони кишварамон қомат афрохту қавӣ гардид.

Яъне омили аввалини пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  дар ҳамин ваҳдати миллӣ ва ягонагии тамоми сокинони мамлакат мебошад. Мо аз таърихи гарону пурмоҷарои халқамон медонем, ки миллати мо, агар дар таърихи мавҷудияти ҳазоронсолаи худ  бохте дошта бошад, он асосан аз сабаби парешонию нотифоқиамон ба вуҷуд омадааст. Метавон мисолҳои зиёде ҳатто аз таърихи дуртаринамон овард, ки далели гуфтаҳои мо шуда метавонанд. Масалан, яке  аз қаҳрамонони шарафманд ва  ҷоннисори таърихии мо Спитамен буд, ки ба дифои Ватан бархоста, алайҳи сарлашкаре чунин тавоно Искандари Макдунӣ ва лашкари бисёрҳазорнафараи он қаҳрамонона меҷангид ва Искандар бо он қадар шаҳомату қудрат натавонист тӯли чандин сол ӯро маҳв созад. Аммо Спитамени шуҷоъ ва бешикаст оқибат аз дасти хиёнатҳои дохилӣ, яъне аз дасти нотифоқию парешонии ҳамватанон ба қатл расид. Маҳз онҳо хоинона Спитаменро ғофилгир кардаву  куштанд ва  ҷисмашро ба дасти  душман супориданд. Ҳамин гуна далелро метавон дар мисоли қаҳрамони дигари миллии мо Деваштичи шуҷою ватандӯст  низ овард, ки  оқибат аз дасти нотифоқӣ ва хиёнатҳои  дохилӣ кушта шуд.

Чунин мисолҳо кам нестанд ва яке аз барҷастатарини онҳо ин аст, ки  охирин соҳибтоҷи  сулолаи каёниён,  ки ҳазорсолаҳо шукӯҳи давлатдорияшон ба фалакҳо расидаву оламро фаро гирифта буд,  шоҳ Яздигурд  оқибат низ бо иғво ва  хиёнати ҳамватанон, ба дасти осиёбоне ба қатл расид ва сарзамини барӯманди бегазанди каёнӣ дар тасарруфи аҷнабиёни биёбонӣ афтод. Яъне боз ҳам ба сабаби нотифоқӣ ва парешонии мардуми ин сарзамин душман ғолиб омад.

Дар ростои ин далелҳои таърихӣ хиради зотии Пешвои тоҷиконро бубинед, ки аз сабақҳои таърих баҳраҳо бардошта, роҳи наҷоти миллати мо ва истиқлолияти халқамонро танҳо дар ваҳдати миллӣ ва ягонагии сокинони мамлакат дид ва хато накард. Имрӯз ба шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ ба пирӯзиҳои  дурахшон ноил омад ва соҳиби обрӯю нуфуз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Имрӯз парчами миллии Тоҷикистони озод дар сафи парчамҳои бузургтарин кишварҳои олам дар саҳнаҳои байналмилалӣ парафшон аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои онро дар саросари олам мешиносанду арҷ мегузоранд ва эҳтироми хосса ба Сарвари он доранд. Пешвои миллати мо низ бо ташаббусҳои бунёдкоронаю созанда ва иқдомҳои тақдирсози башарӣ на танҳо давлати моро ободу зебо ва дӯстдоштанӣ мегардонанд, балки дар раванди ҷаҳонии бунёдкориву созандагӣ саҳми бориз ва назаррас гузошта, обрӯ ва нуфузи байналмилалии мамлакатамонро рӯз то рӯз боло мебардоранд. Ба шарофати сиёсати дурусти башардӯстонаву сулҳпарварона ва дастовардҳои беназире, ки имрӯз халқи тоҷик ба онҳо пайваста ноил мегардад,  ҷумҳурии мо ва Пешвои хирадпешаи он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта мешаванд.

Ба андешаи банда, омили дуюм ва хеле муҳими пояндагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки низ сари вақт аз ҷониби Пешвои миллат  дарк  гардидаву роҳандозӣ шудааст, худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ аз ҷониби сокинони мамлакат ва парвариши ғояҳои ватадӯстию ифтихори миллӣ дар байни ҳамватанон аст. Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Ҳукумати  Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои миллатамон  чорабиниҳои фарҳангӣ ва бузургдошту маросими миллиеро пайгирӣ ва амалӣ карданд, ки ҳамин  ҳадаф — ҳадафи худшиносии миллиро доштанд ва маҳз ба шарофати ҳамин сиёсат буд, ки имрӯз эҳсоси ватандӯстию ҳисси баланди миллӣ саросари Тоҷикистон ва ҳар шаҳрванди онро фаро гирифтааст.

Метавон аз омилҳои зиёди дигаре ҳам ҳарф зад, ки аз ҷониби Ҳукумат ва Давлати тоҷикон пайгирӣ мешаванд ва кафолати пойдории Исиқлолияти давлатии мамлакати мо маҳз дар онҳо зуҳур меёбад. Дар ин самт нақши таърихии  ҳадафҳои бузурги стратегии мамлакат ва иҷрои онҳо, хусусан он се ҳадафи бузург: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ хеле бузург ва тақдирсоз буданд. Ва ба ин ҳадафҳои бузурги миллӣ  зам шудани ҳадафи чаҳоруми стратегии ҷумҳурӣ, яъне саноатикунонии он боз як иқдоми бузург ва дурбинона  дар роҳи пойдор ва мустаҳкам сохтани бунёди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз мебошад.

Омилҳое, ки сабаби қавӣ ва пойдор сохтани  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мегарданд, бо ҳамин хотима намеёбанд. Омили дигари асосӣ, ки ҳадафи ниҳоии Давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва халқи некманишу хирадпешаи он буда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат мебошад, ки ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои миллат таъкид меёбад. Ва дар баробари ин бунёди корхонаҳои нав, сохтмонҳои азим, аз ҷумла сохтмони қасрҳои фарҳангию фароғатӣ, таъсис ва бунёди мактабҳои нав ба нави таҳсилоти ҳамагонӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, ҳунаристонҳову кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи замони нав, роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ… ва дар ин росто таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар тамоми гӯшаҳои мамлакат … инҳо ҳама кафолати пирӯзӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошанд. Ва албатта, як нуктаи муҳим ва ҷиддие, ки метавон дар охир ба инҳо зам кард, ин бунёди қавӣ ва бегазанди адолати иҷтимоӣ дар мамлакати мост, ки бе он ягон давлат  наметавонад ҳастии пойдору қавӣ дошта бошад.

Ин ки Тоҷикистони азизи мо имрӯз дар ин муҳити хатарзо ва беамну кафолати байналмилалӣ, дар ҳамсоягӣ бо кишварҳое, ки ҳар рӯз аз онҳо хабари террору куштор ва бӯи тиру тӯп ва хуни ноҳақ ба машом мерасад, зиндагие созанда ва орому осуда дорад, гумон мекунам маҳз ба шарофати пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии халқи некхоҳу башардӯстамон, ба шарофати ҳадафҳои нек ва сиёсати хайрхоҳонаву созандаи Пешвои ватандӯсти  миллатамон, хусусан пайгирии сиёсати дурусту дурандешона дар муносибатҳои байналмиллалӣ  муяссар шудааст. Пас чаро мо шукргузорӣ аз пирӯзиҳои Истиқлолияти давлатиамон ва сиёсати хайрандешона ва некбинонаи Пешвои миллатамон накунем!? Ин ободию созандагие, ки имрӯз аз шаҳрҳои бузург ба маркази ноҳияҳо расидаасту фардо аз маркази ноҳияҳо ба тамоми деҳот, ба тамоми гӯшаҳои дурдасттари мамлакатамон раҳсипор аст, бояд ба ҳар яки мо эҳсоси баланд ва тозаи ватандӯстӣ бубахшад ва моро вазифадор намояд, ки ҳамчун ватандори бо нангу номус саҳми арзанда ва боризи худро дар ин замони пурмасъулият барои сарзамини  муқаддаси таърихиамон бедареғ ва ҷоннисорона бигузорем. Вагарна ҳайфи мо, ки бо фарҳангу маърифати гузаштагонамон ифтихор дорему даъвои ватандорӣ мекунем.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 7, 2019 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин