АВВАЛИН ФОРУМИ НАВИСАНДАГОНИ ОСИЁ. Ҷумҳурии моро дар он Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ намояндагӣ мекунад

Сентябрь 4, 2019 09:49

ДУШАНБЕ, 04.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нур-Султон аввалин Форуми нависандагони Осиё бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба кори худ оғоз кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИБ «Казинформ» хабар медиҳад.

Мақсад аз баргузории форум таҳкиму рушди минбаъдаи робитаҳои адабию фарҳангӣ байни кишварҳои қитъаи Осиё, муаррифии чеҳраи муосири давлати соҳибихтиёр, адабиёт ва арзишҳои маънавии Қазоқистон ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои Осиё оид ба рушди раванди адабӣ мебошад.

Миёни 80 нафар иштирокдорони даъватшуда аз 38 кишвар, номзадҳо ба Ҷоизаи Нобел низ ҳастанд.

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Раиси Ассотсиатсияи нависандагони Эрон Сайид Ҳодӣ Киёсарӣ, нависандаи Ҳиндустон, барандаи ҷоизаи «ASEAN» Муҳаммад Ҳоҷӣ Саллоҳ аз Малайзия, лауреати мукофоти байналмилалии Осиёи Ҷанубӣ Амар Митра, нависанда-ҳуҷҷатнигори Япония Такаси Ҳаясаки, номзад ба ҷоизаи Нобел Мэнд-Оео аз Муғулистон ва дигар нависандагони маъруф барои иштирок дар форум ба Нур-Султон омадаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар аввалин Форуми нависандагони Осиё иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Форуми имрӯза аз ду муҳокимаи панелӣ иборат аст, ки зимни онҳо иштирокдорон мушкилот ва масоили рушди адабиёти кишварҳои Осиёро баррасӣ мекунанд.

Аввалин Форуми нависандагони Осиё аз 4 то 6 сентябр баргузор мешавад.

Масоили баргузории Форуми нависандагони Осиё дар кишварҳои гуногун, таъсиси Ассотсиатсияи Иттифоқҳои нависандагони кишварҳои Осиё ва Кумитаи байналмилалии ташкил ва баргузории Форуми нависандагони Осиё, иштироки мунтазам дар форумҳои байналмилалии адабӣ, ярмаркаи китобҳо ва намоишгоҳҳои адабӣ ба баррасии иштирокдорони Форум пешниҳод гардидаанд.

Форуми мазкур бо дастгирии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон ва Иттифоқи нависандагони Қазоқистон баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои форум муроҷиати ҳайатҳои иштирокдор роҷеъ ба масоили рушди фарҳанги Осиё қабул шавад.

Сентябрь 4, 2019 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид