Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба шахсони ниёзманд 4 миллиону 945 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо гардид

Сентябрь 3, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 03.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳр  вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  4  миллиону 945 ҳазору  800 сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 226 ҳазору 800   сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, инчунин  шахсони ба онҳо баробар  ва   4 миллиону 719 ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе  ҷудо намояд. 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин иқдом  бо мақсади таҷлили сазовори  ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастгирии шахсони ниёзманд роҳандозӣ гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин  раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои пойтахтро вазифадор намудааст, ки дар таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо  кумаки моддӣ  расонанд.

Тибқи иттилои манбаъ, тақсимот ва супоридани маблағҳои зикршуда  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои пойтахт  то 7 сентябри соли равон  ба роҳ монда мешавад.

Ин кумак ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо баробар аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе  бо иштироки намояндагони мақомоти молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо  дастрас карда мешавад.

Ба кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе  ин кумак дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти молияи пойтахт супурда мешавад.

Сентябрь 3, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад
«ШАҲРҲОИ ОЯНДА: БЕХАТАР, САБЗ ВА ҲУШМАНД». Дар ҷаласаи махсуси Форуми «Dushanbe Invest – 2025» 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид