Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия аз Вазорати молияи Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук дар меҳвари мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия қарор дошт.
Аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон аз ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии гумрук изҳори қаноатмандӣ намуда, атрофи масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони соҳа мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот мусоҳибон барои дар оянда боз ҳам тақвият додани ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии гумрук омодагии худро баён доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки Дабири кулли СҶГ дар доираи сафари расмиии серӯзааш- аз 23 то 25 сентябр бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳруии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод.
Ҳамзамон Кунио Микурия дар Душанбе бо сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода мулоқот намуда, маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуданд.
Кунио Микурия дар ҳошияи сафари расмиаш ба Тоҷикистон ҳамзамон аз дидбонгоҳҳои гумрукии «Терминал»-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе ва дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардид.
Бо ҳамин сафари расмии Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад






