Дар Душанбе ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пур аз ҳикмат аст ва дар он сухан аз одоб, аз ахлоқ, аз илму фарҳанг ва ирфон гуфта шудааст. Ба ҳамин хотир осори ин мутафаккири бузурги тоҷик дар гузашта, имрӯза ва оянда низ арзиши худро гум намекунад. Ин нукта имрӯз зимни баргузории ҳамоиши илмию адабие, ки ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, таъкид шуд.
Ҳамоишро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аҳли илмро бо зодрӯзи ин мутаффакири барҷаста табрик намуд.
Номбурда зикр кард, ки Мавлоно муаллими ахлоқ аст ва осори ӯ пур аз панду андарз ва ҳидояти инсонҳо сӯйи пиндору гуфтору кирдори нек аст. Олами тафаккури Мавлоно мисли уқёнуси бекарон аст ва барои шинохти ҷавҳари аслии таълимоти ин мутафаккир осори ӯро амиқтар бояд таҳқиқ кард.
Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон ва донишмандон атрофи шахсият, осор, тафаккур ва паҳлуҳои таҳқиқнашудаи эҷодиёти Мавлоно андешаҳояшонро баён карданд.
Онҳо таъкид доштанд, ки дар ҷаҳони муосир-замони бархӯрди тамаддунҳо андешаҳои орифона ва таълимоти дар асоси арзишҳое, чун таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ бунёдёфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳарвақта бештар муҳимият пайдо намудаанд.
Аз ҷумла, адабиётшинос, профессор Абдунабӣ Сатторзода иброз намуд, ки мардуми тоҷик бо осору афкори Мавлоно аз замонҳои пеш шинос буданд, вале шинохти бисёр хубу дақиқи мардуми тоҷик аз осору афкори ӯ дар солҳои соҳибистиқлолӣ шурӯъ гардид. Дар ин замина дар Тоҷикистон таҳқиқоти зиёд анҷом гирифтанд. Инчунин дар ин давра китобҳои Мавлоно ба хати кирилӣ нашр гардиданд.
Соли 2008 бо ташаббуси Сарвари давлат дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки ба ин муносибат корҳои зиёде амалӣ гардиданд.
«Солҳои охир шӯҳрати Мавлоно дар Ғарб хеле боло рафт. Аз ҷумла, осори Мавлоно аз пурхонандатарин ва серхаридортарин дар Америка ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон ва хориҷ атрофи осори ин мутафаккири бузург бисёр корҳо ба сомон расонида шуда бошанд ҳам, вале он то имрӯз пурра омӯхта нашудааст»,-илова намуд адабиётшинос А. Сатторзода.
Ба андешаи номбурда, ҳар як хонандаи тоҷик бояд аз осори Мавлоно баҳра бигирад. Зеро осори Мавлоно як баҳри азимест, ки барои тамоми мардуми дунё, сарфи назар аз пӯсту забону мазҳаб офарида шудааст.
Дар ҷараёни ҳамоиши илмию фарҳангӣ ҳунармандони маҳбуби кишвар Файзалӣ Ҳасанов, Озодабону Ашӯрова, Ҳуршед Раҳимов ва Ортиқи Қодир аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сурудҳо ва шеърҳо қироат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамоиш бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Академияи илмҳо баргузор гардида, дар он олимону муҳаққиқон, магистрантон ва аспирантон, ҳунармандон, инчунин ҳаводорони осори ин мутафаккири барҷаста иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2007 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 30 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад.










Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






