ИМРӮЗ – РӮЗИ ЁДБУДИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Ғояву андешаҳои Мавлонои башардӯст имрӯз ҳам пешгоми ҳаракат барои сулҳу осоиши дунё маҳсуб мешаванд

Сентябрь 30, 2019 10:24

ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи ёдбуди Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардал. Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» дар бораи ин нобиғаи сухан пешниҳоди хонандагон мегардад.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207- 1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, аз фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги машриқзамин, аз дурахшонтарин чеҳраҳои  шеъру адаби форсӣ ва илму адёни  ҷаҳонист. Ӯ дар қатори чунин чеҳраҳои мондагори фарҳанги форсизабон, чун устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Сино, Ҳаким Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Шайх Камол ва Хоҷа Ҳофизу дигарон  мавқеи беназир ва ному симои оламгири худро ба мо мерос гузоштааст.

Он суханвари мумтоз, донишманд ва сӯфии бузург  тавонистааст “баҳрро дар кӯза” гунҷонад ва “пилла-пилла то мулоқоти Худо” ба мо роҳ кушояд. Ду асари гаронбаҳо ва беназири ӯ- “Маснавии маънавӣ” ва “Девони кабир” ду кохи бузурги маънавие ҳастанд, ки бо гузашти асрҳо на ин ки бегазанду муҷалло мондаанд, балки беш аз пеш ҷилову ҳашамат ёфтаанд.

‘Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  шомили он қадар дониш ва маълумотест, ки дар баробари як донишгоҳ метавонад таълим бидиҳад ва ҳатто бештар аз он, зеро ҳар нафаре, ки ин асари беҳамто ва безаволро мехонад, воқеан ба таври кофӣ огоҳӣ аз оламу ҳаёт, инсону замин, илму адён, таъриху фалсафаву табиат, рӯҳияи амиқи инсонӣ, андешаҳои амиқи илмиву ирфонӣ, панду андарзу ҳикмати ҷовидонӣ, завқу маҳорати сухан ва суханварӣ…  ва ғайраву ғайра дарёб метавонад кард. Э…Дар  он китоби беназир саҳафоти заррини фаровонест, ки ҷаҳиши рӯҳии Ҷалолуддин шуморо ба авҷи осмонҳо мебарад, ба дарёи маввоҷи ишқу ҳолу бехабарӣ меандозад, вале асолати он дар баёни матолиб ва кайфияти он баён ва бузургии он дар фаровонии андеша ва танавуъи амсоли он  аст ва аз ин ҳайс  дар дунё китобе ба бузургиву ҷалолат қадри «Маснавӣ» набошад.» (Алии Даштӣ).

Дарку фаҳмиши амиқи ин асари бемисол танҳо ба касе даст медиҳад, ки огоҳии комил аз фарҳанги исломӣ ва ошноии ҳамаҷониба аз зарофатҳои хоси забони суханварони бузурги гузаштаи моро  дошта бошад. Ба замми ин донистани таъриху фалсафаи Шарқ, тафаккури исломӣ, хусусан ирфони тасаввуф барои фаҳмиши андешаву нуктаҳои борик ва боз гардидани гиреҳҳои пурпечутоби ин асари баландпоя ногузир аст. Истифодаи Мавлоно аз маъхазҳои  бешумори (беш аз 150 маъхаз) хаттиву шифоҳӣ, илмиву адабиву динӣ дар таълифи ин асар ва дар баробари ин берун нарафтан аз ҳадафи асосии худ, эҷодкориҳои фавқулода  ва дурахши ҳунару истеъдод, шахсияти фурӯзони худро нигоҳ доштану ҷилвагар намудан аз вежагиҳои дурахшон ва бесобиқаи ин асар аст. Ин аст, ки Ҷомии бузург дар ситоиши “Маснавӣ” гуфтааст:

“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ

Ҳаст Қуръон  дар забони паҳлавӣ.

Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,

Нест Пайғамбар, вале дорад китоб!

Чунин баҳоро ягон шоири дигар ва асари дигар дар адабиёти классикии мо сазовор нагардидааст.

Асари дигари бузургу беҳамтову оламгири Мавлонои Балхӣ “Девони кабир”  дарёест беканор, ки  аз тамоми  қуллаҳои баланди илму ҳикмату маонии олам рӯдҳои саршор бар он рехта, ин дарёро шодобу саршор аз фазилат, ишқу меҳри инсонӣ гардонидаанд.

“Мисли дарёст, оромиши он зебо ва ҳаяҷони он мафтункунанда аст; мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз кафк, пур аз бод аст. Мисли дарё рангҳои бадеи гуногун дорад: сабз аст, обист, бунафш аст, нилуфарист. Мисли дарё оинаи осмон ва ситорагон ва маҳали таҷаллии ашъаи офтоб ва моҳ ва офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракат ва ҳаёт лабрез аст ва дар зери зоҳири сайқалӣ ва ором дунёе пур аз тапиши ҳаёт ва талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад. Девони Шамс девони шеър нест, ғавғои як дарёи муталотуми тӯфонист. Девони Шамс инъикоси як рӯҳи ғайриором ва пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазба аст.

Нахустин хусусияте, ки аз ашъори Ҷалолуддин ба чашм мехӯрад ва ӯро аз соири шуаро мумтоз мекунад, ин аст, ки ӯ намехоҳад шеър гӯяд, мехоҳад эҳсосоти гунг ва мубҳами худро бигӯяд. Ӯ  “гунги хобдида аст” ва хоби худро мехоҳад бигӯяд. Ӯ дар уқёнусе дасту по мезанад ва ин дасту по задан ба сурати калимоти мавзун ва хушоҳанг дармеояд. Ба қавли худи ӯ:

Ҳама ҷӯшам, ҳама мавҷам, сари дарёи ту дорам.” (Алии Даштӣ)

Осори гаронбаҳо ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол  ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва  аз ҷиҳати теъдоди чоп дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисони ӯст.

Хуҷастагиҳои осори бегазанди Мавлоно аз ҷониби бузургтарин олимону шарқшиносони дунё мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор  доштааст ва ин хуҷастагиҳо хеле зиёданд. Мавлоно дар осори бегазанди худ масъалаву мавзӯъҳоеро  мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст, ки  дар моварои рӯзгори инсоният ҳамеша  пешорӯи ӯ вуҷуд доштаанд ва имрӯз ҳам аз масъалаҳои ҳалталабу изтиробангези ҷомеа ва башарият  мебошанд. Яке аз ин масъалаҳо масъалаи ягонагии инсонҳо, ваҳдати ҷомеа ва сулҳу дӯстист.

“Мо барои васл кардан омадем”,- мегӯяд Мавлоно. Ӯ ҳанӯз дар замони худ бар алайҳи тафриқаву зиддиятҳои инсонӣ, хусусан зиддиятҳои диниву мазҳабиву мафкуравӣ, нифоқу ҷудоиандозиҳои мазҳабиву динӣ ғояи “Инсони комил” ва  назарияи “Сулҳи кулл”-ро роҳандозӣ ва пайгирӣ карда буд. Андешаҳои ҷомеасозу ваҳдатписанди Мавлоно аҳли кулли мазҳабу равияҳои давронро ба дарёфту шинохти ҳақиқати дин ва Худои ягона раҳнамоӣ мекунанд. Таълимоти Мавлоно  Руму Эрону Шому Миср, Синду Чину Мочинро дар замони худаш бо унвони “Мавлавия” фаро гирифта, то имрӯз идома дорад. Дар замони зиндагии Мавлоно аҳли дину мазҳабҳои гуногун дар ин таълимот ҳаммаслаки Мавлоно буданд ва аз назарияи “Сулҳи кулл”- ӯ дастгирӣ мекарданд. Ва рӯзе, ки ҷанозаи Мавлоноро аз кӯчаҳои Куния мебурданд, мусулмону насронӣ, габру яҳудиву буддоӣ ҳама аз пайи тобути ӯ равона буданд. Мавлоно тавониста буд бо ғояҳои баланди инсондӯстонаи худ нифоқу тафриқаҳои мазҳабиро барҳам занад ва ҳамаи намояндагои дину азҳобу қавму миллатҳои мухталифро дар зери ғояҳои башардӯстона ҷамъ оварад. Зеро барои Мавлоно инсон , мақому манзалат ва шарафу эътибори ӯ болотар аз ҳама сохтаву бофтаҳои одаму олам буд:

Чӣ тадбир, эй мусулмонон, ки ман худро намедонам,

На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусулмонам!

На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,

На аз мулки ироқиям, на аз хоки Хуросонам!…

Бубинед, имрӯз дар асри бисту як башарият боз ҳам ниёз ба ягонагиву ҳамраъйӣ ва ваҳдати кулл дорад  ва табиист, ки ғояву андешаҳои Мавлонои башардӯст имрӯз ҳам дар пешгоми ҳаракат барои сулҳу осоиши дунё метавонанд қарор дошта бошанд.

Метавон бо суханони Мавлавии бузург ин андешаҳоро ҷамъбаст кард:

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.

Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,

Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест.

Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,

Ки ин бедаступоӣ маслиҳат нест.

Кӣ метавонад бигӯяд, ки ин суханҳо имрӯзӣ нестанд ва ба дарди мо ва мардуми сайёра намехӯранд?

Он инсон, “Инсони кулл”—, ки Мавлоно онро меҷӯяд ва тарғиб мекунад, дар орзуи дидори ӯст, армони башарият аст. Инсоне, ки дар ин замони таҳдиди фоҷиаҳо ба сайёраи Замин, дар замони тағйироти глобалӣ ва таҳдидомезе, ки бар сари инсоният омадааст, бояд оқибат зуҳур кунад ва расолати инсонии худро иҷро намояд.

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,

Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст!

Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,

К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст!…

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!…

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл,

Он ҳойҳуву наъраи мастонам орзуст!..

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малӯламу  инсонам орзӯст!

Гуфтанд: “Ёфт менашавад, ҷустаем мо!”

Гуфт: “Он ки ёфт менашавад, онам орзуст!”…

Оё ин ҳам армони башарияти имрӯз нест?

Яъне Мавлоно, сухани ӯ беш аз ҳар замоне имрӯзист ва метавон ин суханҳоро шиори мардуми мо дар роҳи худшиносии миллӣ ва раҳнамои мардуми олам дар роҳи ормонҳои бузурги инсонӣ кард. Бузургдошти Мавлоно, ки ҳар сол дар  Рӯзи Мавлоно  ҷашн гирифта мешавад ва дигар бузургдоштҳои нобиғагони миллати тоҷик, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон  тарҳрезӣ шудаанд, моро ҳидоят ба худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти худ, пуштибонӣ аз Ватани муқаддас ва Истиқлолияту Ваҳдати миллиамон менамояд.

  Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

 ГУЛЧИНИ АНДЕШАҲОИ МАВЛОНО АЗ КИТОБИ «ФИҲӢ МО ФИҲӢ»

«Фиҳӣ мо фиҳӣ», яъне «Дар ӯст, ҳар он чӣ дар ӯст». Ин китоб бо номи «Асрор-ул-ҷалолия» низ машҳур аст.

Дар ин асар чун дар осори дигари Мавлоно  худшиносӣ  мақоми муҳим дошта, хонандаро ба шинохти моҳияти хештан ҳидоят менамояд:

Берун зи ту нест, ҳар чӣ дар олам ҳаст,

Дар худ биталаб, ҳар он чӣ хоҳӣ, ки туӣ.

Сухан  дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ» аз ишқу муҳаббат ва дӯстиву бародарӣ буда, парҳез аз адовату душманӣ таъкид меёбад.

          Ҳайф  аст ба дарё расидан ва аз дарё ба обе ё ба сабӯе қонеъ шудан. Охир аз дарё гавҳарҳо  ва сад ҳазор чизҳои муқаввам баранд.

***

Хеши ман он аст, ки аз ишқ зод. Хуштар аз ин хешу таборам нест.

***

Ин дидор сармояи ҳамаи анбиёву авлиёву ҳунармандони ҷаҳон аст: ҳақиқати дин дидори Худост ва ҷавҳари ирфон дидори маъруф асту ҷон ҳунари дидори ҷамоли мутлақ.

З-он ки таърихи қиёматро ҳад аст,

Ҳад куҷо, он ҷо ки ишқи беҳад аст.

***

Дин танҳо як насиҳат аст.

***

Одамӣ бояд он мумайизи худро орӣ аз ғаразҳо кунад ва ёрӣ ҷӯяд дар дин. Дин ёршиносӣ аст.

***

Агар бадӣ кардаӣ, ба худ кардаӣ. Ҷафои ту бар вай куҷо расад?

Мурғе, ки бар он кӯҳ нишасту бархост,

Бингар, ки дар он кӯҳ чӣ афзуду чӣ кост.

***

Туро ғайр аз ин ғизои хобу хӯр ғизои дигар аст. Дар олам ин ғизоро фаромӯш кардаӣ ва ба ин машғул шудаӣ ва шабу рӯзро тан мепарварӣ. Охир ин тан аспи туст ва ин олам охури ӯст ва ғизои асп ғизои савор набошад. Ӯро ба сари худ хобу хӯре ҳаст ва танаъуме. Аммо сабаб он ки ҳайвониву баҳимӣ бар ту ғолиб шудааст: ту бар сари асп дар охури аспон мондаӣ…

***

Тан ҳамчу Марям аст ва ҳар яке Исо дорем. Агар моро дард пайдо шавад, Исои мо бизояд ва агар дард набошад, Исо ҳам аз он роҳи ниҳонӣ, ки омад, боз ба асли худ пайвандад – илло мо маҳрум монем ва аз ӯ бебаҳра.

***

Гуфт: Пилеро оварданд ба сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медиду мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигаре мерамад. Намедонист, ки аз худ мерамад.

Ҳамаи ахлоқи бад – аз зулму ҳасаду ҳирсу бераҳмӣ ва кибр – чун дар туст, намеранҷӣ, чун онро дар дигаре мебинӣ, мерамӣ ва меранҷӣ.

***

Ду мурғро ба ҳам бандӣ, бо вуҷуди ҷинсият ва он чӣ ду пар доштанд ба чаҳор мубаддал шуд, намепаранд, зеро ки дуӣ қоим аст. Аммо, агар мурғи мурдаро бар ӯ бубандӣ бипарад, зеро ки дуӣ намондааст.

***

Туро табибе ҳаст дар андарун ва он мизоҷи туст, ки дафъ мекунад ва мепазирад.

***

Одамӣ азим чиз аст. Дар вай ҳама чиз мактуб аст. Ҳуҷубу зулумот намегузоранд, ки ӯ он илмро дар худ бихонад. Ҳуҷубу зулумот – ин машғулиҳои гуногун асту тадбирҳои гуногуни дунё ва орзуҳои гуногун… Бингар, чун ин зулумоту ҳуҷуб бархезад, чӣ сон воқиф гардад ва аз худ чӣ илмҳо пайдо кунад.

***

Чу офтоб ғуруб кунад, рӯшноӣ намонад. Пас офтоб бояд шудан, то хавфи ҷудоӣ намонад.

***

Агар одамиро шодие дар дил меояд, ҷазои он аст, ки касеро шод кардааст ва агар ғамгин шавад, касеро ғамгин кардааст.

***

Эй нусхаи номаи илоҳӣ, ки туӣ!

В-эй ойинаи ҷамоли шоҳӣ, ки туӣ!

Берун зи ту нест, ҳарчӣ дар олам ҳаст

Дар худ биталаб, ҳар ончӣ хоҳӣ, ки туӣ!

***

Одами мискин, ки мураккаб аст аз ақлу шаҳват, нимаш фаришта асту нимаш ҳайвон…

***

Ҳобил Қобилро кушт ва намедонист, ки чӣ кор кунад. Ғуроб ғуробро бикушту хокро канду он ғуробро дафн кард ва хок бар сараш кард. Ӯ аз ин биомӯхт гӯр кандану дафн кардан.

***

Баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бӯи дуд ояд ва баъзе, ки  салом диҳанд, аз саломи эшон бӯи мушк ояд, ин касе дарёбад, ки ӯро машоме бошад.

Ёрро  мебояд имтиҳон кардан, то охир пушаймонӣ набошад. Суннати Ҳақ ин аст: ибдоъ бинафсика. Нафс ҳам, агар даъвои бандагӣ кунад, беимтиҳон аз ӯ қабул макун.

***

Инсон иборат аз андеша аст, боқӣ устухону реша.

***

Калом ҳачун офтоб аст, ҳамаи  одамиён гарму зинда аз ӯянд.

***

Агар касе дар ҳаққи касе нек гӯяд, он хайру некӣ ба вай оид мешавад ва дар ҳақиқат он санову ҳамд ба худ мегӯяд. Назири ин чунон бошад, ки касе гирди хонаи худ гулистону райҳон корад; ҳар боре назар кунад, гулу райҳон бинад. Ӯ доиман дар биҳишт бошад. Чун хӯ кард ба хайр гуфтани мардумон, чун ба хайри яке машғул шуд, он кас маҳбуби вай шуд ва чун аз ваяш ёд ояд, маҳбубро ёд оварда бошад ва ёд овардани маҳбуб гулу гулистон асту  равҳу роҳат аст. Ва чун бади яке гуфт, он кас дар назари ӯ мабғуз шуд, чун аз ӯ ёд кунад ва хаёли ӯ пеш ояд, чунон аст, ки мор ё каждум ё хору хошок дар назари ӯ пеш омад.

Ҳамаро дӯст дор, то ҳамеша дар гулу гулистон бошӣ. Ва чун ҳамаро душман дорӣ, хаёли душманон дар назар меояд, чунон аст, ки шабу рӯз дар хористону мористон мегардӣ.

***

Дӯстонро дар дил ранҷҳо бошад, ки он ба ҳеҷ доруе хуш нашавад – на ба хуфтан, на ба гаштан ва на ба хӯрдан – илло ба дидори дӯст.

***

Намоз (доим) барои он нест, ки ҳамаи рӯз қиёму руқӯъ ва суҷуд  кунӣ. Ғараз он аст, ки мебояд он ҳолате, ки дар намоз зоҳир мешавад, пайваста бо ту бошад, агар дар хоб бошӣ ва агар бедор бошӣ ва агар бинависӣ ва агар бихонӣ. Дар ҷамеъи аҳвол холӣ набошӣ аз ёди Ҳақ.

***

Набии акрам, алайҳиссалом фармуд: Бадтарини  олимон он аст, ки ба зиёрати амирон равад ва беҳтарини амирон он аст, ки ба дидори олимон ояд.

Хушо, амире, ки ба хонаи фақир ояд ва бадо фақире, ки ба даргоҳи амир равад.

Сентябрь 30, 2019 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ