«Мутобиқшавии организмҳои зинда ба тағйирёбии шароити муҳити зист»-конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид

Сентябрь 27, 2019 14:50

ДУШАНБЕ,  27. 09. 2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мутобиқшавии организмҳои зинда ба тағйирёбии шароити муҳити зист» Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши илмии ҷумҳуриявиро ноиби президенти Академияи илмҳо, доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳо Абдусаттор Саидов ифтитоҳ намуд.

Номбурда зикр кард, ки тӯли солҳои охир вобаста ба тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо таъсири омилҳои антропогенӣ ва техногенӣ масъалаи мутобиқшавии (адаптатсияи) организмҳои зинда ба муҳити зист дар саросари ҷаҳон диққати бештари олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм, махсусан мутахассисони соҳаи илмҳои биология, тиб, кишоварзӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Вобаста ба муҳимияти омӯзиши масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат омадааст: «Тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир бо суръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, бояд мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад. Инчунин, ишора мешавад, ки муассисаҳои илмии академияро зарур аст, ки тадқиқотро доир ба гуногунии биологӣ… вобаста ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи баланд ба роҳ монанд».

Аз ин лиҳоз, тадқиқоти илмии мутобиқшави олами наботот ба тағйирёбии иқлим дар ҷойи аввал қарор мегирад. Дар ин самт олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таҳқиқоти ҷиддиро ба роҳ мондаанд.

Академик Муҳиба Яъқубова оид ба фаъолияти Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳо маърӯза намуда, тадқиқоти олимони ин марказро дар самти мутобиқшавии организмҳои зинда ба тағйирёбии шароити муҳити зист  муаррифӣ намуд.

Инчунин олимони дигари илмҳои биологӣ фикру андешаҳояшонро иброз намуда, таъкид доштанд, ки мавзӯъҳое, ки дар конференсия матраҳ мегарданд, дар илми биологияи муосир хеле муҳиманд.

Гуфта шуд, ки ҳанӯз олими бузург Чарз Дали дар назарияи интихоби табиии худ ба хулосае омад, ки мутобиқшавӣ ба муҳит- ин омили муҳими рушди эволютсия ва омили муҳими зинда мондани намудҳо маҳсуб мегардад.

Имрӯзҳо дар шуъбаи илмҳои биология ва тиб доир ба масъалаи мутобиқшавии организмҳои зинда ба омилҳои экологӣ, биотикӣ, реаксияи организмҳои зинда ба омилҳои гуногун тадқиқоти зиёд анҷом дода мешавад. Хусусан, дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо оид ба стресси зироати кишоварзӣ, ки чӣ гуна растаниҳои гуногун ба шароити гуногун ва омилҳои гуногун реаксияи ҷавобӣ зоҳир мекунанд, тадқиқоти назаррас амалӣ мешаванд.

Бино ба маълумоти маърӯзачиён, дар соҳаи тиб ҳанӯз солҳои 20-ум мафҳуми стрессро хеле васеъ мавриди истифода қарор доданд ва ба хулосае омаданд, ки стресс як омил ё реаксияи хеле  муҳими ҷавобии организм аст, ки дар сурати набудани он худи организми инсон қобилияти зиндагиро гум мекунад, яъне маҳв мегардад.

Имрӯз, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ аст, аз ин ҷиҳат мутобиқшавии хусусан зироати кишоварзӣ ба шароити гуногун, омӯзиши онҳо, реаксияи ҷавобии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим боз ҳам муҳимият пайдо кардааст.

Дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков, ки яке аз муассисаҳои пешқадами илмӣ мебошад, дар мавзӯи мутобиқшавии растаниҳо ба шароити баландкӯҳ реаксияи ҷавобии онҳо ба омилҳое, ки дар шароити баландкӯҳи Помир месабзанд, корҳои ҷиддии илмӣ ба анҷом дода шудаанд.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки гузаронидани ҳар як чорабинии илмӣ ғояҳои нави илмӣ ба миён оварда, дурнамои тадқиқотро дар ин самт муайян месозад.

Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ду рӯз идома меёбад. Дар он кормандони марказ, олимони илмҳои биологӣ ва тиб иштирок доранд. Умед аст, ки олимони соҳаи биологияи ҷумҳурӣ дар самти мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист тадқиқоти муштаракро пеш мебаранд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2019 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд