Омӯзгорони литсейҳои ноҳияҳои Шаҳринав, Тоҷикобод ва Сангвор усулҳои нави истеҳсолоти миллиро омӯхтанд
ДУШАНБЕ, 3.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази тренингии гурӯҳи идоракунии лоиҳа дар мавзӯи «Методологияи таълим дар асоси салоҳият (ТАС)» барои омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолии литсейи касбии техникии ноҳияҳои Шаҳринав, Тоҷикобод ва Сангвор тренинг гузаронида шуд.
Тавре аз Вазорати меҳнат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тренинг аз ҷониби мутахассисон оид ба рушди методогияи ТАС-и лоиҳа Мунира Иноятова, Сангин Бобоев ва Ҳотам Пириев аз 27 то 30 августи соли равон барои 70 нафар омӯзгори литсейҳои номбурда баргузор гашт.
Зимни тренинг иштирокчиён вобаста ба мақсад ва барномаҳои лоиҳа, шарикии соҳавӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш, методологияи навовари таълим дар асоси салоҳият, талаботи имрӯзаи таълимгирандагон, ҳамкории таълимгоҳҳо бо корфармоён, стандарти салоҳият, методикаи таҳияи стандарти салоҳият, таҳлили функсионалии касбҳо, таҳияи харитаи функсионалӣ ва ғайра омӯзонда мешаванд. Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Сохтори стандарти салоҳияти ҳар як касби коргар», «Таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ» ва «Методологияи таҳияи стандарти салоҳияти касб» корҳои гурӯҳӣ анҷом доданд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин тренингҳо моҳҳои март, апрел, май, июн ва августи соли равон барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои ҳадафии лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ гузаронида шуданд.
Ҳадафи асосии лоиҳа нав намудани методологияи тайёр намудани мутахассисон барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайр аз ин лоиҳа барои мусоидат ба мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.








ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад






