ТОҶИКИСТОНИ САРОСАР БОҒИСТОНУ ГУЛИСТОН! Имрӯз дар мамлакат Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал таҷлил карда мешавад

Сентябрь 15, 2019 09:31

ДУШАНБЕ, 15.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи сентябр ҳамчун Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал  таҷлил карда мешавад. Имсол таҷлили  ин иди касбӣ ба 15 сентябр рост омадааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини директории Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим НАБИЗОДА  ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар ин бора  чунин ибрози андеша намуд:

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Вазифаи аввалиндараҷаи Агентӣ ва кормандони он бунёд ва барқароркунии ҷангал, муҳофизати он, инчунин нигоҳубини  маҳсулоти худрӯйи ҷангал ва гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Тавре дар моддаи 36 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мақсади бунёд ва барқарор кардани ҷангал аз нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ҷангалҳо, афзун гардонидани гуногунии биологӣ, инчунин мусоидат намудан ба паст кардани таъсири гармшавии иқлим ва дигар падидаҳои табиӣ иборат мебошад.

Майдони умумии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 1 млн 300 ҳазор гектар ҷангалзор ташкил медиҳад. Алҳол дар Агентӣ 2 ҳазору 600 нафар корманд фаъолият мекунанд, ки дар вақтҳои мавсими ғундоштани ҳосилот қариб 10 ҳазор нафар ҷалб мегарданд. Дар тобеияти Агентии ҷангал бештар аз 50 хоҷагии ҷангал фаъолият мекунанд. Асосан дар 15 хоҷагии  ҷангал ниҳолхонаҳо ташкил карда шудаанд, ки   дар онҳо зиёда 3 млн бех дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда парвариш карда мешаванд.

Мояи хушнудист, ки соли равон кормандони хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 49 ҳазор бех дарахтони сояафкани ҳамешасабз, мевадиҳанда ва ороишӣ шинониданд. Онҳо дарахтонро бештар дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб, Душанбе- Ваҳдат, мавзеи Роғун ва талу теппаҳои атрофи пойтахт шинонидаанд. Ҳолати ниҳолҳо дар ҳамин рӯзҳо муътадил буда, кормандон кӯшиш мекунанд, ки сабзиши хуби ниҳолҳоро таъмин намоянд.

Бори аввал Агентӣ дар бештар аз 400 гектар замини Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор навъи нави  дарахтони арча ва писта шинонид. Инчунин  дар тӯли панҷ соли охир дар заминҳои хоҷагиҳои ҷангали  Ванҷ, Ховалинг ва Бадахшон бештар  аз 6 млн бех дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки 30 декабри соли 2015 “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” қабул гардид, ки бо анҷоми он дар мамлакат 20 ҳазору 153 гектар боғу токзор бунёд мегарданд.   Ҳамин иқдомҳо буд, ки Тоҷикистони мо имрӯз саросар ба боғистону  гулистон табдил ёфта,  манзараҳои дилангезаш бинандаро мафтун месозанд.

Имрӯзҳо вазифаи асосии кормандони ҷангал ҳифзи ҷангал, дарахту буттаҳо аз хушкшавӣ ва буридан мебошад. Тавре ки мушоҳидаҳо нишон доданд, нисбат ба солҳои  гузашта қонунвайронкунию дарахтбуриҳо дар ин робита  хеле кам гардидаанд. Ин шаҳодати он аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар фасли зимистон мардумро бо барқ хуб таъмин менамояд. Новобаста ба ин, кормандони соҳаи ҷангал  шабонарӯзӣ  ба муҳофизати табиати нодири  мамлакат  машғул ҳастанд.

Барои кормандони ҷангал ҳамаи дарахтон нодир мебошанд. Аз рӯ дар Тоҷикистон буридани дарахт қатъиян манъ мебошад. Танҳо дар ҳолатҳои гузаронидани корҳои санитарии дарахтоне, ки бемор ё пурра хушк гардидаанд, онҳро буридан мумкин асту бас.

Мо кӯшиш мекунем, ки дарахтону буттаҳо ва алафу гиёҳҳои ҷангалҳои мамлакатамонро дар ҳолати хуб нигоҳ дорем. Зеро ин дарахтону гулу гиёҳ барои фардои фарзандони мо хизмат мекунанд. Ҳамчунин онҳо иқлими мамлакати моро беғубор нигоҳ медоранд.

Як нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки кормандони Агентии хоҷагии ҷангал ниҳолҳоро бештар вақт мутобиқ ба минтақа парвариш менамоянд. То ин ки ин дарахтон хуб нашъунамо карда, ҳосили фаровон ба бор оранд.

Агар дар ҷангалзори давлатҳо дигар бештар дарахтони арча, сафедор ва сояафкану ороишӣ рӯянд, дар ҷангалҳои  Тоҷикистон аксаран дарахтони худрӯ ва мевадиҳанда, аз қабили писта, санҷид, дулона, настаран ва чормағз мерӯянд.

Агентии хоҷагии ҷангал дар оянда низ ҷиҳати зиёд ва барқарор намудани ҷангалҳо, пурзӯр намудани муҳофизати он, кам кардани қонунвайронкуниҳо дар ин самт аз тарафи сокинони мамлакат, таъсиси боғҳои интенсивии мутобиқ ба ҳар минтақа, ташкил намудани коргоҳҳои хурд барои коркарди мева ва гиёҳҳои шифобахш тадбирҳои муассир меандешад.

Дар интиҳо кормандони хоҷагии ҷангалро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, ба онҳо дар иҷрои ҳифзи хоҷагии ҷангал ва табиати зебои мамлакат муваффақият хоҳонам.

Сентябрь 15, 2019 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад