Забоншиносони сатҳи ҷаҳонӣ вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

Сентябрь 27, 2019 11:32

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хотири гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ 5 октябр, соати 09:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалӣ доир менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён иттилоъ дод.

«Дар конференсия олимону забоншиносон аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Афғонистон иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба бузургии забони тоҷикӣ, мушкилот ва ҳифзу нигоҳдошти он дар ҷаҳони муосир иброз медоранд»,-гуфт номбурда.

Ба маълумоти ҳамсуҳбат, дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ, аз ҷумла дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ дар Россия: таърих ва вазъи муосир» –доктори илмҳои иҷтимоӣ, профессори кафедраи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва африқоии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва Ҳалима Хушқадамова (Россия), «Тамаддуни тоҷикон дар гузари замон» – Муҷибуллоҳ Пӯён Маликзода (Афғонистон), «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна» –узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Ҳасани Султон, «Хусусиятҳои таълими забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Қирғизистон» – номзади илмҳои филологӣ, дотсент Азим Байзоев, «Нақши нашрияҳои тоҷикии Қирғизистон дар ростои беҳбуди ҷойгоҳи забону фарҳанги миллӣ»  – муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ  Қодиршои Мурувват (Қирғизистон), «Забони модарии сӯхиён тоҷикӣ буду бояд тоҷикӣ монад»  – устоди кафедраи забоншиносӣ Ҷумъаи Ҷамол (Донишгоҳи давлатии Фарғона, Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Аз таърихи дастурнависии забони тоҷикӣ» –  узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, «Он чӣ аён аст» –устоди Институти азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси ходимони педагогии вилояти Самарқанд ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ Амина Шарофиддинова (Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Инъикоси мақоми байналмилалии забони тоҷикӣ дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» – доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев), «Вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва: вазифаҳои асосии Маркази забону фарҳанги тоҷикӣ»- номзади илмҳои филологӣ Хуршед Сайдумаров (Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва, Федератсияи Россия) маърӯзаҳо шунида хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт, фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат мебошад. Гиромидошт, риояи меъёрҳо ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои муҳими соҳибзабонон ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки 10 сол қабл, 5 октябри соли 2009 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул шуд, ки он  дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат  танзим ва муқаррар менамояд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2019 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад