«Ҷавонон-нигоҳдорандаи забони давлатӣ». Имрӯз дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Ҷавонон-нигоҳдорандаи забони давлатӣ» ҳамоиши адабӣ-маърифатӣ доир гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021» баргузор шуд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва зиёда аз 100 нафар ҷавонон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки ҳамоиши мазкур хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷиҳати баланд бардоштани рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, маънавию ахлоқӣ, инсондӯстиву меҳанпарастии ҷавонону наврасон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои пурғановати миллати тоҷик, аз ҷумла забони давлатӣ нигаронида шудааст.
Ҳамоиши мазкурро муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Ахмадзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «барои мо мояи ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсоларо доро мебошад. Имрӯз он мақоми давлатӣ касб намудааст. Донистан ва эҳтирому гиромидошти забони давлатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди Созмони Милали Мутаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан мекунад, ки ин барои мо, соҳибзабонон ифтихори бузург аст».
Ёдовар мешавем, ки забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар миллат аст. Беҳуда забони миллиро симо ва пайкари миллат наномидаанд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода иброз дошт, ки «ин ҳамон забонест, ки моро аз гузаштаи ҳафтҳазорсолаи хеш огоҳ месозад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳафтсад сол забони тоҷикӣ забони расмӣ- ҳуҷҷатгузорӣ ва коргузории Ҳиндустон буд. Забони тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо, новобаста ба гирудори таърихӣ мақому манзалати худро ҳифз намуда, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо талошҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар рушду такомул қарор дорад. Ҳамзамон дар ин самт бузургони илму адаб пажӯҳишҳо анҷом доданд ва таҳқиқоти муосири забоншиносон гувоҳи он аст, ки забони тоҷикӣ воқеан яке аз забонҳои илму тамаддун маҳсуб мешавад».
Зикр гардид, ки имсол ба қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» даҳ сол пур мешавад. Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои аосии давлатдории миллист.
Мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланду куҳанбунёд ва тамаддунофари Тоҷикистон аст, ки Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои мамлакат ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Инчунин дар ҳамоиш аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи консертӣ баргузор гардид.









ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд






