Бори нахуст дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми донишҷӯёни Осиё баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори нахуст 4 –умин Форуми донишҷӯёни Осиё- «Тоҷикистон-Осиё-2019» бо иштироки беш аз 200 нафар донишҷӯён аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Покистон ва Афғонистон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, роҳбарони донишгоҳҳо, муовинони ректорон, деканҳои факултетҳо, намояндагони бахши таълиму тарбия ва донишҷӯёни беш аз 22 донишгоҳи Осиё иштирок доранд.
Намоишгоҳро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «баргузории форуми мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои боз»-и пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифи дастовардҳои илмию техникӣ ва табиати нодири ватани хеш бар ҷаҳониён гардидааст».
Дар ҷараёни форум мавзӯъҳои «Ҳамкории байни донишгоҳҳо дар самти роҳбарон», «Ҳамкории донишҷӯён дар самти таҳияи лоиҳаҳо ва тадқиқоти муштарак», «Истифода аз технологияи имрӯза», «Иштирок дар барномаҳои табодул ва анҷом додани барномаҳои фарҳангии муштарак ва масъалаҳои мубрами рӯз» ва «Муқовимат кардан бо хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои донишҷӯён, ихтироот, асарҳои илмию адабӣ ва ҳунарҳои миллӣ манзури меҳмонон гардонида шуд.
Ҳадафи баргузории форуми мазкур- ин муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, боздид намудан аз маконҳои таърихӣ ва сайёҳии мамлакат, ба роҳ мондану мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони тоҷик ва донишҷӯёни давлатҳои Осиё, муаррифӣ намудани илм, фарҳанг, тамаддун ва муҳимтар аз ҳама, муаррифии таҳсилоти касбии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиё мебошад.
Тавре муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ Хайрулло Мирзамонзода иброз дошт, «ДМТ имрӯз мизбони яке аз форумҳои муҳим дар минтақа ба ҳисоб меравад. Зеро баргузории чунин ҳамоиш сабаби шиносоии донишҷӯёни Осиё бо муҳассилини тоҷик ва барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ байни ҷавонон мегардад. Ҳамзамон бо ин аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фарҳанги меҳмондорию давлатдории тоҷикон ва маконҳои зебои сайёҳиямон ба донишҷӯёни хориҷӣ муаррифӣ мешаванд».
Бояд тазаккур дод, ки форуми мазкур аввалин маротиба соли 2012 дар Донишгоҳи давлатии Олтойи Федератсия Россия доир гардида буд. Форуми якум ва дуюм дар шаҳри Бартаи Федератсияи Россия- дар Донишгоҳи Олтой, форуми сеюм дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида буд.
«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифи Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё мебошад. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода соли 2018 аз ҷониби намояндагони 78 донишгоҳҳои аъзо Президенти Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё интихоб гардид»,-иброз дошт Хайрулло Мирзамонзода.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонони форуми мазкур то имрӯз аз мавзеъҳои таърихии мамлакат-«Кохи Наврӯз» ва Қалъаи Ҳисор дидан намуданд. Ҳамчунин баъди анҷоми кори форум барномаи варзишӣ низ доир карда мешавад.
Дар назар аст, ки Форуми 4 –уми донишҷӯёни давлатҳои Осиё то 26 октябр идома ёфта, дар анҷоми он Конфронси ҷавонони давлатҳои Осиё баргузор гардад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






