Бозтоби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар маҷаллаи немисии «Business & Diplomacy»

Октябрь 19, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар муҳовараи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия  Соҳибназар Ғайратшо, ки дар шумораи навбатии маҷаллаи немисии «Business & Diplomacy» ба табъ расид, ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои назарраси он дар солҳои охир ба қалам дода шудаанд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни муҳовара бо рӯзноманигор дар атрофи мавзӯъҳои мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, истиқлоли энергетикии Тоҷикистон ҳамчун давлати тавлидкунандаи «энергияи сабз», татбиқи саноатикунонӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, «300 рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ», инчунин дигар дастовардҳои Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Сафир дар робита ба воридшавии Тоҷикистон ба шохиси «20 давлати ислоҳотгар» дар раддабандии Бонки ҷаҳонӣ- «Doing Businness 2020» аз доираҳои соҳибкории Германия ва Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки аз шароити мусоид истифода бурда, барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд талош варзанд.

Октябрь 19, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад