Дар Академияи илмҳо китобҳои «Куруши Кабир-Зулқарнайн» ва «Грамматикаи Авесто» муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китобҳои «Куруши Кабир-Зулқарнайн» ва «Грамматикаи Авесто» баргузор гардид.
Маросими рӯнамоиро президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда, гуфт, ки китобҳои навбатии муаррифишаванда аз шумули китобҳои нодир мебошанд ва олимон ҳамарӯзи дунболи таҳқиқоти китобҳои наванд.
«Боиси таассуф аст, ки мутахассисони забонҳои қадимӣ, ба истиснои як-ду нафар, кам мондаанд. Мо тасмим гирифтем, ки дар Академия як гурӯҳ хоҳишмандонро барои ин кор ҷалб кунем. То имрӯз курси омӯзиши забони авастоӣ давом дорад. Ҳамзамон таъсиси курси забонҳои суғдӣ ва омӯзиши забонҳои бохтарӣ ва хутанӣ дар назар аст».
Дар идомаи сухан президенти Академияи илмҳо ёдрас кард, ки ҳоло 4 нафар ба омӯзиши забони санскрит машғуланд.
Зикр гардид, ки муаллифи китоби «Куруши Кабир-Зулқарнайн» Мавлоно Абдулкарими Озод буда, Раҳмоналӣ Мирализода онро ба хатти тоҷикӣ баргардон намудааст.
Он асари тадқиқотӣ — тафсириест, ки бар асоси иттилооти Қуръонӣ, таърихӣ-бостоншиносӣ ва таносуби илмии мантиқу қиёс шахсияти таърихӣ ва маънавии Зулқарнайни Қуръони Каримро ҳамаҷониба тафсир ва таҳлилу баррасӣ намуда, бо далелу бурҳон Зулқарнайни аслиро ба хонанда муаррифӣ менамояд.
Китоби дигари муаррифишуда — ин китоби «Грамматикаи Авесто» мебошад, ки онро Раҳом Аша ба забони авастоӣ таҳқиқу баррасӣ ва пешкаши хонандагон гардонидааст.
Бояд гуфт, ки забони авастоӣ яке аз забонҳои эронии бостон буда, бо номи китоби «Авасто»-кӯҳнатарин ёдгории муштараки мардумони ориёӣ номгузорӣ шудааст.
Дар анҷоми муаррифии китобҳои зикршуда миёни олимони Академияи илмҳо атрофи шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди Куруши Кабир, Искандари Мақдунӣ ва ғайра баҳсу мунозира сурат гирифт.










ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






