Дар Душанбе доир ба танзими анъана ва ҷашну маросим конференсияи илмӣ-амалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 03.10.2019./АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар пойтахт бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 октябри соли 2019 ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ»Ховар» хабар доданд, Раиси шаҳр дар қарори мазкур масъулини соҳаро барои дар сатҳи баланд доир намудани конференсияи мазкур вазифадор намудааст.
Мақсад аз баргузории ин конференсия татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пойтахти мамлакат буда, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои дахлдор, олимону адибон ва коршиносон иштирок ва маърӯза мекунанд.








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






