Дар Душанбе таҳти унвони «Дастовардҳо ва дурнамои кинои тоҷик» конференсияи илмӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии кинои тоҷик дар мавзӯи «Дастовардҳо ва дурнамои кинои тоҷик» конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Пажӯҳишгоҳи мазкур Шариф Комилзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «нақши кинои тоҷик дар рушду нумуи мамлакат хеле назарас мебошад. Ҳадафи асосии кинои тоҷик- ин таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ мебошад».
Ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи мазкур Тиллои Некқадам оид ба «Чашмандозе ба таърихи кинои тоҷик ва вижагиҳои ҳунари поягузорони он» маърӯза намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки «аввалин маротиба 16 октябри соли 1929 нахустин киножурнал дар бораи омадани аввалин қатора ба Душанбе намоиш дода шуд. Ҳамин тавр, зангӯлаи омадани аввалин қатора ба Тоҷикистон аз милоди кинои тоҷик мужда медод ва инак ба он рӯзи таърихӣ 90 сол пур гардид. Дар тӯли ин солҳо кинои тоҷик ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузошт ва имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад».
Бояд тазаккур дод, ки кинои тоҷик имрӯз омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимии халқи тоҷик ва инъикосгари масири пешрафти рушди давлат ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ТВ «Синамо» 1 марти соли 2016 махсус таъкид карда буданд: «Вақти он расидааст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои таҳмилии дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зӯроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад».
Сипас мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Фарзон Назрӣ дар бораи нақши Марат Орипов дар филми «Қисмати шоир», мудири бахши фарҳанги моддӣ Лайло Носирзода дар мавзӯи «Образи зан дар кинои тоҷик», ходими калони илмӣ Гулҳаё Мадимарова дар барои филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» ва шуҳрати суруди «Дидам ҷамоле», ходими калони илмӣ Акобир Абдуллозода дар мавзӯи «Нахустин филм аз рӯи достони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» маърӯза намуданд.
Дар конфронс ҳамчунин китоби ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Тиллои Некқадам «Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино», ки соли равон нашр гардидааст, муаррифӣ гардид.
Дар китоби мазкур муаллиф оид ба таблиғи ҳамкории адибон бо коргардонҳои кино, тарбияи зебоипарастии наврасону ҷавонон ва таҳияи филмҳои баланди бадеӣ дар бораи бузургони миллати мо сухан гуфтааст. Китоб аз ҳафт боб иборат буда, хонандагонро бо лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳамкории устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турунзода, ки аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст, шинос мекунад.








Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»






