Дар ноҳияи Роштқалъа коргоҳи хурди ресандагӣ ба фаъолият оғоз кард
ХОРУҒ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Рошқалъа корхонаи хурди ресандагӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин корхона бо кумаки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бунёд ёфта, дар он 13 нафар занони хонашин ба кор ҷалб карда шуданд.
Як тан аз ресандагони ин корхона Бунафша Қурбоншоева гуфт, ки «мо аз пашми бузи тибетӣ маҳсулоти хом тайёр мекунем, ки на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозори ҷаҳонӣ низ харидорони зиёд дорад. Ба ин шуғл мо 10 нафар занони деҳа ду сол пеш машғул шудем. Бинои худӣ надоштем. Як утоқи хурди ҳамдеҳаамонро ба иҷора гирифтем ва муддати ду сол дар он ҷо фаъолият доштем. Сокинони деҳа ба кори мо бо шубҳа нигоҳ мекарданд. Аммо давоми ду сол ба маҳсулоти мо аз хориҷи мамлакат мароқ зоҳир карданд. Инро ба инобат гирифта, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон бинои зебо бунёд намуданд».
Барои бунёди бинои нави корхона қариб 100 ҳазор сомонӣ сарф шуд ва он даҳаи дуюми моҳи октябр дар ихтиёри ресандагон гузошта шуд.
Шуғли асосии сокинони деҳаи Барвоз чорводорӣ буда, ин деҳаи кучак беш аз 3 ҳазор моли майда дорад, ки қисмати бештари онро бузҳои тибетӣ ташкил медиҳанд. Асосан баҳори ҳар сол пашми ин навъи бузҳо шона карда шуда, ба корхонаи калони коркарди пашми шаҳри Ҳироти кишвари ҳамсояи Афғонистон интиқол дода мешавад. Баъди коркард боз ба коргоҳҳои хурди ресандагӣ, ки шумораашон ҳоло дар ноҳияи Рошқалъа ба се адад расидааст, фиристода мешавад. Аз пашми коркардшуда дар коргоҳҳои хурди ин ноҳия ресмон мересанд ва мутобиқи шартнома ба як ширкати амрикоӣ мефурӯшанд.
Масъулини мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтаанд, ки бо дастрас кардани таҷҳизоти иловагӣ маҳсулоти хом ва тайёрро дар худи коргоҳҳои маҳалӣ ба роҳ монанд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони иншооти ҷашнӣ марҳила ба марҳила идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор қариб се километр роҳ мумфарш карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён беш аз сад иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор маҷмааи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад






