Дар Ӯзбекистон Фестивали байналмилалии «Naqshbandi Tourism Festival 2019» доир мегардад

Октябрь 30, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 30.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Аз 31 октябр то 7 ноябр дар Ӯзбекистон дуюмин Фестивали байналмилалии сайёҳии «Naqshbandi Tourism Festival 2019» баргузор мегардад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» ба истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии туризми  Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад. Интизор меравад, ки дар Фестивал беш аз 250 нафар пайравони тариқати тасаввуфи  нақшбандия  аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, назири  Малайзия, Индонезия, Туркия, Британияи Кабир, Зеландияи Нав, Чин, Ҳиндустон, Австралия, Амрико, Африқои Ҷанубӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон иштирок намоянд.

Иштирокдорони Фестивал аз зиёратгоҳҳо, маконҳои муқаддас ва муҷтамаъҳои таърихию бостонии Ӯзбекистон боздид менамоянд.

Маркази ҷаҳонии тасаввуф /«World Sufi Center»/  (Малайзия), Кумитаи давлатии туризми Ӯзбекистон ва ширкати сайёҳии «Hilal Travel» аз созмондиҳандагони Фестивали нақшбандия  мебошанд.

Тариқати нақшбандия – бародарони суфӣ- ин равия  охири асри 14 аз номи асосгузори он Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389), ки зодаи шаҳри Бухоро ва шахсияти барҷастаи мазҳабӣ буд, гирифта шудааст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон зиёда аз 40 миллион нафар пайравони таълимоти тасаввуфии нақшбандия вуҷуд доранд. Дар замони худ  шоирони барҷастаи адабиёти классикии мардумони тоҷику ӯзбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ аз пайравони тариқати нақшбандия буданд.

Октябрь 30, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд