«ФАРХУНДА БОД БАР ТУ, ШАҲО, МЕҲРГОН ЗИ МЕҲР…». Шоирон андар ситоиши Меҳргон — ин иди бостонӣ ва ҷашни хусравонӣ

Октябрь 18, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боз ҷашни Меҳргон омад. Ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дўстию рафоқат ва меҳр ба инсон.  Ҷашни ҷамъоварии ҳосили кишту кор ва натиҷаи заҳмати пурбори марди деҳқон. Шоирони гузаштаи мо дар ситоиши ин иди зебо шеърҳо гуфтаанд. Шайх Саъдӣ сурудааст: «Яке дар бароаш парниёнӣ қабоҳ, Яке бар сараш хумсравонӣ кулоҳ…».

Ва боз… 

«Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ, мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон. 13.10.2019, шаҳри Душанбе

Пас аз Истиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврўз, Меҳргон ва Сада таваҷҷуҳ намуда, барои эҳёи дубораи онҳо бо қарору фармонҳои расмии давлатӣ шароит муҳайё сохтаанд. Ҳамин муҳаббат ба миллат ва давлат буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашни Меҳргон умри дубора гирифта, сол то сол мақбултар таҷлил мегардад.

Баробари фаро расидани тирамоҳи заррин ва омад-омади ҷашни Меҳргон баргузор намудани намоишҳои харбуза, асал, каду, себ, ангур ва ғайра чун дастовардҳои деҳқонон барои мардум шодию сурур бахшида, зиндагиро боз ҳам рангинтар месозад. Инак, чанд сол аст, ки ба пешвози ин рўзи неку муборак дар тамоми Тоҷикистон деҳқонон, кишоварзон, чорводорон, боғпарварон, пахтакорон, асалпарварон, ҳунармандон ва ба таври куллӣ ҳар шахси дилхоҳ ба ҷашнгоҳҳо ва боғҳо баромада, шодмонӣ менамоянд.

Дар замонҳои пеш, ки ҷашни Меҳргон барпо мешуд, мардум либосҳои нави идона дар бар мекарданд. Якдигарро бо фаро расидани ин ҷашни оламшумул табрик менамуданд. Бахусус дар сатҳи ҳукумати замон ин табрикот бештар ба назар мерасид, ки «Малико, ҷашни Меҳргон омад» гуфтани Рўдакӣ дар дарбори шоҳ худ як навъ табрики хушхабариро ба ёд меорад.

Инак, тайи ин чанд соли охир дар Тоҷикистон мардум бо либосҳои хушнамо дар рўзҳои ҷашни Меҳргон ба сайргоҳҳо мераванд ва дастархони зебое густурда, шодмонӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳамдигарро бо ҷашни Меҳргон табрик мегўянд.

Дар замонҳои қадим ба мисли хони наврўзӣ хони Меҳргон низ рангоранг буд. Ин хонро аз порчаи ранги арғувонӣ таҳия менамуданд. Дар замони Сосониён ва баъдҳо дар байни хони Меҳргон чун рамзи рўшноӣ шамъ мегузоштанд. Бо анвои меваҷоту шириниҳо дастархонро оро медоданд. Дар атроф бўйи гулу гиёҳони хушбўйро пош медоданд. Бо дуди испанд неруи аҳриманиро дур месохтанд. Бо пош додани гулоб муҳитро хушбўй менамуданд.

Имрўзҳо сол то сол чунин анъанаҳои неки ниёгон аз нав  эҳё мегарданд.

Ба мисли Наврўз дар Меҳргон низ шодиву сурур, рақсу бозӣ, созу мусиқӣ танинандоз мегардид. Ҳатто навозандагон бо номи Меҳргон оҳангҳо сохтаанд. Яке аз номҳои мусиқӣ бо номи «Меҳргон» машҳур буд, ки дар ашъори шоирон ёд шудааст. Ба гуфти Низомӣ, ин оҳангро Борбад эҷод намудааст. Дар осори адабӣ ва таърихӣ аз оҳангҳои «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурд» ёд шудааст.

Асрҳост, ки чун суннати ниёгон баробари расидани фасли тирамоҳ тоҷикон оинҳоеро ба муносибати ҷамъоварии ҳосили кишту кор ба анҷом мерасонанд. Дар замони шуравӣ ба чунин маъракаҳо «Иди ҳосилот» ном ниҳода буданд. Ин ҳамон нишонаҳои ҷашни Меҳргон аст. Ҳанўз ҳам дар ёди калонсолон аст, ки пас аз ҷамъ овардани ҳосил мардум дар сайргоҳҳо, меҳмонхонаҳо, назди бозорҳо, чойхонаҳо ва дигар ҷойҳои муносиб баҳам омада, хушҳолӣ менамуданд. Гурўҳ-гурўҳ мувофиқи синну сол бо навбат гаштакҳо барпо намуда, шодмонӣ мекарданд.

Ҳоло чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳар сол ҷашни Меҳргон дар пайванди Истиқлолияти мамлакат моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо баъзе шаҳракҳо мардум дастовардҳои кишоварзии соли равонро ба намоиш бароварда, гурўҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Дар раванди ин ҷашн дар сайргоҳҳо барои хариду фурўш, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бароварда мешавад. Бо нархи арзон мардум барои зимистони худ аз ин маҳсулот мехаранд. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо намоишҳои махсуси театрӣ бахшида ба Меҳргон баргузор менамоянд.

Бешак, бо саъйю кўшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин маросими миллӣ  ҷой гирифт. Он имкон медиҳад, ки мардум бо хушҳолию хушнудӣ ин ҷашнро таҷлил кунанд, аз ҳосили ба дастовардаашон дастархони меҳру муҳаббат боз намоянд, ҳамдигарро табрик карда, барои фаровонии дастархон, ободии кишвар, ваҳдати комил дасти дуо бардоранд ва нишоти Истиқлолиятро бо ҳам бубинанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат ҷашни Меҳргонро мисли Наврўз ҷашн гирифта, бо Сарвари ватандўсту фарҳангпарварашон ифтихор намуда, баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар саъю талош менамоянд.

Маҳз бо сабаби мардумӣ будан ва маҳбубият доштанаш Меҳргон аз замонҳои бостон то рўзгори мо ҳамчун ҷашни шодибахш ва   намоиши  баракати кишоварзӣ расидааст. Меҳргонро ба монанди Наврўзу Сада шоирони асрҳои IX-ХII бо муҳаббат ситоиш намудаанд.

Яке аз нахустин шоироне, ки аз Меҳргон ёд намудааст, сарвари шоирони форсизабонони ҷаҳон устод Рўдакӣ мебошад. Устод дар шеърҳои худ аз Наврўзу Меҳргон бо муҳаббат ёд намудааст. Аз сурудаҳои устод маълум мегарад, ки дар замони Сомониён Меҳргон ба мисли Наврўз ҷашни густурдаи мардумӣ ва давлатӣ будааст. Муҳимтарин сифатҳои Меҳргон дар ин сурудаи устод Рўдакӣ оварда шудааст:

Малико, ҷашни меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Ҳаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бўстон омад.

Дар ашъори аксари шоирони садаи IX-X ва баъд аз Меҳргон, он ҳамчун ҷашни бошукӯҳ ёд гардидааст. Аз ҷумла, Дақиқии шоир аз Меҳргон ба таври зайл ёд намудааст:

Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,
Он куҷо гови наку будаш Бирмоюно.

Бахусус дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар асоси устураву ривоятҳо дар канори Наврўзу Сада, Меҳргон низ ҳамчун ҷашни миллии мардумӣ ситоиш шудааст. Дар ин ҳамосаи миллӣ сабаби устураи пайдоиши Меҳргон ба таври зерин омадааст. Ба гуфти Фирдавсӣ, пас аз Ҷамшед салатанатро Заҳҳоки морон ба даст гирифт, ки дар он замон мардум ба ситам ва азобу азият гирифтор буданд. Хушбахтона, аз насли Ҷамшед абармарде ба номи Фаридун пайдо шуду Заҳҳокро аз сари ҳукумат дур сохт, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин воқеаи нек ва озодӣ ба ваҷд омада, ҷашни бузурге баргузор намуданд. Номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд, ки Фирдавсӣ  дар ин бора гуфтааст:

Ба рўзи хуҷаста сари меҳру моҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Замона беандўҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ…

Маи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрўхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сўхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ўст,
Таносониву хўрдан оини ўст.

Кунун ёдгор аст аз ў моҳи меҳр,
Бикўшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» борҳо аз Наврўз, Сада ва Меҳргон ёд кардааст. Дар яке аз байтҳо дар бораи Меҳргон ва Сада чунин гуфтааст:

Бикард андар он кўҳ оташкада,
Бад-ў тоза шуд Меҳргон ва Сада.

Дар ашъори шоирони замони Сомониён ва баъдҳо он устурае, ки Фирдавсӣ ва дигарон ба он ишорат кардаанд, ба шаклҳои гуногун омадааст. Шоирони зиёд ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ ба устураи баргузории Меҳргон ишоратҳо намудаанд.

Дар воқеъ, ҳам дар осори таърихӣ ва ҳам дар ашъори шоирони асри IX-XII ба мисли Наврўзу Сада, ки ҷашнҳои муҳиму суннатии ниёгони мо мебошанд, Меҳргон низ зиёд ситоиш шудааст. Ҳатто дар мавридҳое тавсифу тасвири ин ҷашнҳо якҷо омадааст. Агарчи дар он замон дини мубини ислом ва фарҳанги арабҳо густариш меёфт, вале ҳамоно оинҳо ва ҷашнҳои мардуми эронитабор барҷо будааст, ки инро дар осори адибони он замон зиёд метавон дид. Ҳангоме ки ашъори шоирони садаҳои 9-10-ро мутолиа менамоем, мебинем, ки Меҳргон низ ба монанди ҷашнҳои Наврўзу Сада маҳбубият доштааст. Чи нек аст, ки дар ашъори аксари шоирони он давра ҷашни Меҳргон бо муҳаббат ёд мегардад.

Яке аз шоироне, ки аз худ ашъори зебое боқӣ гузошт ва дар тасвири табиат моҳир буд, ин Унсурӣ (Устодурраис Абулқосими Ҳасан бини Аҳмад ал-Унсурӣ) аст. Ў Маликушшуарои дарбори Ғазнавиён (нимаи аввали асри XI) буд. Унсурӣ дар бораи ҷашнҳои бостонии мардуми эронитабор (Наврўз, Меҳргон ва Сада) суханҳои неку ҷолиб гуфтааст. Бештари андешаҳои ў роҷеъ ба ҷашнҳои мазкур дар ташбибҳояш (бахши аввали қасида, ки мазмунаш аз васфи ёр, тасвири табиат иборат аст) омадааст. Ин ҷашнҳоро бо суханҳои хушмаъно ва дилнишин ситоиш намудааст. Дар садаи XI дар давраи Ғазнавиён таҷлили ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон ва Сада шукўҳманд буд.   Унсурӣ дар мавридҳои муносиб аз ин ҷашнҳо, бахусус Меҳргон бо некӣ ёд намудааст:

Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,
Некрўзу некҷашну неквақту некҳол.
Фол фирўзиву рўз аст осмону бўстон,
К-он яке пирўзаҷом асту дигар зарринниҳод.

Бинед, дар ин ташбиб Унсурӣ фасли тирамоҳро, ки ҷашни Меҳргон дар он айём баргузор мешавад, чи қадар мақбул тасвир намудааст. Воқеан дар фасли поиз осмон «пирўзаҷом» ва замин «зарринниҳол» менамояд.

Табиист, ки зери фишори дину мазҳаб ҷашнҳои пешин ба Маҳмуди Ғазнавӣ маъқул набуд, вале ў барои пешбурди сиёсаташ ин ҷашнҳоро баргузор менамуд. Воқеан ин ҷашнҳо дар он давра бошукўҳ баргузор мешуд. Ин амали нек гувоҳ бар он аст, ки ин идҳои бостонӣ дар байни мардум ва заминдорону дўстдорони анъанаҳои пешин эътибори махсус доштааст. Аз ин рў, ҳам султони замон, ҳам атрофиёнаш ва ҳам мардум дар рўзҳои таҷлили ин ҷашнҳо базмҳо баргузор менамуданд.

Зимни барпо кардани ҷашнҳои бостонӣ шоирон барои султон Маҳмуд мадҳияҳо месароиданд. Худи Унсурӣ низ дар яке аз қасидаҳояш ба муносибати ҷашни Меҳргон Маҳмудро табрик намудааст. Шоир дар баробари табрик ба Султон хеле моҳирона бо суханҳои зебову гуворо гуфтааст, ки дар ин ҷашни «Меҳргони бузург» шодмонӣ намо ва «бисоти базм кун», аз «нағмаи сурудсарой» дарборатро ба биҳишт табдил деҳ, май бинўшу най навоз, яъне хушҳолӣ намо. Ин аст он тавсифи ҷашни Меҳргон аз ҷониби Унсурӣ:

Муборак бод ин ҷашн – Меҳргони бузург,
Насиби шодӣ аз ин беш баргузору бипой.
Бисоти базм кун аз гуна-гуна туҳфаи боғ,
Саройи хулд кун аз нағмаи сурудсарой.
Нишастгоҳ яке навбаҳор соз бадеъ,
Ба ҷои гул маи сурӣ, ба ҷои булбул ной.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки Маҳмуди Ғазнавӣ муқобили ҷашнҳои бостонӣ буд, вале илоҷе надошт. Чунки ин ҷашнҳо дар он замон дар байни мардум хеле маҳбубият дошанд. Аз тасвирҳои шоирон ва навиштаҳои онон ҳувайдост, ки адибон талош намудаанд, ки ҷашнҳои ниёгони худро бо ҳар тарзе бошад ҳам, ҳифз намоянд. Ҳамчунин кўшиш намудаанд, то барои султони замон бифаҳмонанд, ки ин ҷашнҳо вобаста ба деҳқонӣ, кишоварзӣ ва муҳити табиӣ аст.

Шоири дигар Фаррухии Систонӣ (Абулҳасани Алӣ бини Ҷулуғ) оид ба Меҳргон бо меҳру муҳаббат сухан гуфта, самимияти худ ва шоҳони гузашта ва замонашро ба ин ҷашн сидқан тасвир кардааст. Фаррухии сароянда ва навозанда ва дўстдори шаробу шодмонӣ баробари расидани ҷашнҳои бостонии ниёгон, аз ҷумла Меҳргон хушҳол мешудааст. Ў дар ашъори худ гоҳе ба Меҳргон бо муҳаббат ишорат менамояд. Аз ҳамин ишоратҳои самимии ў маълум мегардад, ки барояш ин ҷашн хеле арҷманду гиромӣ будааст. Масалан, аз ин байтҳои зебои Фаррухӣ дида мешавад, ки ў дар раванди ҷашн чи гуна хушҳолӣ мекардааст. Ҳатто маю борбату най ба даст гирифта, машғули сурудан мешудааст:

Меҳргон – ҷашни Аҷам дошт ба пой,
Ҷашни ў буд чу чашм андар бой.
Ҳар куҷо даршудам аз аввали рўз,
Бо май андар шудаму барбату ной.

Дар он соле, ки Фаррухӣ ин сатрҳоро навиштааст, ҷашни Меҳргон ба моҳи рамазон мувофиқ омада, ба раванди ҷашн халал ворид мегардад. Ба идомаи ҳамон байтҳои болоӣ Фаррухӣ гуфтааст:

То маҳи рўза даромехт бад-ўй,
Он ҳама расми накў монд ба ҷой.
Корҳо танг гирифтаст бад-ўй,
Рўзаи тангхўи каҷфармой.

Аз ин сатрҳо маълум аст, ки рўза ба шодиву сурури шоир халал расонидааст. Аз ишоратҳои Фаррухӣ нисбат ба Меҳргон чунин бармеояд, ки ў ба ин ҷашни Аҷам эҳтироми бузург доштааст. Ҳангоми баргузории ҷашн ў дар базмҳо ширкат варзида, бо ҳунари навозандагӣ ва сарояндагии худ ҳозиринро шод менамудааст. Шоир ҳар бор ки дар сурудаҳои худ аз Меҳргон ёдовар мешавад, ба он бо некӣ менигарад. Мисол:

Бикшод Меҳргон дари иқбол бар ҷаҳон,
Фархунда бод малики Шарқ Меҳргон.

Дар ин байти фавқ шоир Меҳргонро «Малики Шарқ» номидааст. Дар байти зерин Фаррухӣ дар «шаби Меҳргон» мадҳияе сароида гуфтааст, ки султонро, яъне «худовандро ҳар шаб Меҳргон», шодиву сурур бошад:

Шаби Меҳргон буваду ман мадҳ гўям,
Худовандро ҳар шаби Меҳргонӣ

Ё ки дар байти зерин Фаррухӣ ёдовар мегардад, ки Эроншоҳ дар Меҳргон чи гуна ба тахт нишаст:

Ба фаррухию ба шодию шоҳии Эроншоҳ,
Ба Меҳргон биншаст бомдоди пагоҳ.

Дар байти дигар шоир бар он ишорат намуда, ки мамдуҳаш бар «ҷашни фархундаи Меҳргон» нишастааст.

Ҳумоюну фархунда бодат нишастан,
Ба-дин ҷашни фархундаи Меҳргон.

Ба ҳамин минвол дар ашъори шоирони давраи Ғазнавиён аз Меҳргон зиёд ёд шудааст. Маълум мегардад, ки дар он даврон     Меҳргон ҳам дар байни мардум ва ҳам дар дарбори шоҳ моҳияти миллӣ ва суннатии пешини худро гум накарда идома меёфтааст.

Дар ашъори Манучеҳрӣ ҷашни Меҳргон ҳамчун беҳтарин воситаи дилхушии мардум васф гашта, шукуҳу шаҳомати он бо тамоми  хусусиятҳои дилнишинаш тавсиф шудааст. Аз тасвири Манучеҳрӣ маълум мегардад, ки бо омадани ҷашни Меҳргон хосу ом хушҳолӣ мекардаанд, базм меоростаанд ва аз баракати омаданаш шукргузорӣ менамудаанд.

Дар яке аз қасидаҳои худ Манучеҳрӣ аз Меҳргон чунон бо муҳаббат ёдовар мешавад, ки аз маҳбубияти зиёд бархурдор будани ин ҷашнро, дар он замон нишон медиҳад. Аз тасвири шоир ҳуавайдост, ки дар он рўзгорон Меҳргон дар кишварҳои гуногуни ҳамсоя низ машҳур будааст:

Бархез, ҳон, эй ҷория, май дарфикан дар ботия,
Ороста кун маҷлисе аз Балх то Аромия.
Омад хуҷаста Меҳргон ҷашни бузурги хусравон,
Норинҷу нору акҳавон овард аз ҳар ноҳия…

Манучеҳрӣ дар яке аз мусамматоти худ аз Меҳргон ёд намуда, онро моҳирона ситоиш менамояд. Аз тавсифи шоир маълум мегардад, ки аз як тараф дар он даврон ҳар сол ба ҷашни Меҳргон омодагӣ ва таваҷҷуҳи бештар мешудааст. Аз тарафи дигар дар рўзҳои Меҳргон зимни намоишҳои мардумӣ, шодиву сурур дилхушиҳои зиёде низ вуҷуд доштааст. Ба гуфти шоир модом ки Меҳргон расид тамоми кишвар ва минтақаҳою кишварҳои атрофи он низ ба хушиҳои ин ҷашн шарик мешудаанд:

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,
Бонгу овои дарои корвон омад.

Корвони Меҳргон аз Хазарон омад,
Ё зи ақсои билоди Чиниён омад.

На аз ин омад, биллаҳ, на аз он омад,
Ки зи фирдавси барину з-осмон омад.

Шоири дигари хуросонӣ Асадии Тўсӣ (асри XI) низ дар «Гаршоспнома»-и худ ба таври зерин роҷеъ ба ҷашн гирифтани Меҳргон, ки ба ин устура адибони пеш аз вай низ ишорат намудаанд, ёдовар мешавад:

Ҳамон сол Заҳҳокро рўзгор,
Дижам гашту шуд соли умраш ҳазор.

Биёмад Фаридун ба шоҳаншоҳӣ,
Ва з-он морфаш кард гетӣ тиҳӣ.

Сарашро ба гурзи кайӣ кўфт хурд,
Бибасташ ба кўҳи дамованд бурд.

Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хўша меҳр,
Нишаст ў ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.

Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,
Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барафрохт.

Тибқи мушоҳидаи Асадии Тўсӣ, маълум мешавад, ки дар ҷашни Меҳргон низ дар он замонҳо гулхани бузурге афрўхта, дар гирди он шодмонӣ менамудаанд. Асадии Тўсӣ ин оташи баландро «оташи меҳргонӣ» гуфтааст:

Баланд оташи меҳргонӣ бисохт,
Ки тафаш ба чарх, ахтаронро битохт.

Аз навиштаи шоирони дигари ин садаҳо дар бораи ҷашни Меҳргон маълум мешавад, ки он дар тамоми қаламрави зиндагии мардуми эронитабор, дар кишварҳои гуногун, таҷлил мешудааст. Аз ҷумла Носири Хусрав низ дар ашъори худ борҳо аз Меҳргон ёд намудааст. Ў дар яке аз байтҳои хеш гуфтааст:

Бод Меҳргон чу барфиканад,
Чархро аз абри тира пираҳан.

Дар ашъори адибони дигари давраи Ғазнавиён, аз ҷумла Саъди Салмон, низ ба ҷашни Меҳргон ишоратҳо шудааст. Шоир дар порчаи шеърие Меҳргонро ба Наврўз пайванд медиҳад. Аз тасвири зебо маълум мешавад, ки шоир султонро ситоиш намуда, «шабҳои умр»-и вайро чун «рўз» равшан ва «Меҳргони мулкаш»-ро монанди Наврўз сабзу хуррам дидан мехоҳад:

Хусраво шабҳои умрат рўз бод,
Меҳргони мулки ту Наврўз бод.
Раъйи нуронии ту хуршедвор,
Дар ҷаҳон адли мулк афрўз бод.

Дар ашъори Саъди Салмон зебоиҳои табиат, оинҳо, ҷашнҳо ва эҳтиром ба фарҳанги миллии мардуми форсизабон зиёд ба назар мерасад. Шоир дар қасидаи дигари хеш зимни ситоиши мамдуҳаш аз «расму сирати аҷдод – ҷашни Меҳргон» ёд менамояд. Зимнан зарифона ва моҳирона аз шоҳ талаб менамояд, ки ба муносибати ҷашни Меҳргон ба он касоне, ки бо нияти нек ба зиёрат рафтанӣ ҳастанд зар диҳад, ҳамчунин мувофиқи оини гузаштагон дар ин ҷашн май хўрданро низ фаромўш накунад:

Ба хидмати пешрўи ў миён бастаст шохи гул,
Зи ҳашмат пеши зулфи ў сар афкандаст сисанбар.
Ба хўю одати обо ба ҷамъи зоирон зар деҳ,
Ба расму сирати аҷдод – ҷашни Меҳргон май хвар.

Дар рўзгори Саъдӣ Салмон ҷашнҳои Наврўзу Меҳргону Сада ҳамоно барҷо ва бошукуҳ таҷлил мешудааст. Инро дар ашъори аксари шоирони он давра метавон дид. Саъди Салмон маҳбубияти ҷашни Наврўзу Меҳргонро ба ёд оварда бар он ишорат намудааст, ки то даме «ҷунбиши гардуну офтоб» аст, пас гардиши Наврўзу Меҳргон низ воҷиб аст:

То доим аст ҷунбиши гардуну офтоб,
То воҷиб аст гардиши Наврўзу Меҳргон.

Дар он рўзгорон мардум, давлатмардон ва аҳли зиё бо фаро расидани ин ҷашни некў ҳамдигарро табрик менамуданд. Ин байти Саъди Салмон низ аз он шаҳодат медиҳад:

Фархунда бод бар ту,  шаҳо, Меҳргон зи меҳр,
Бигзор дар нишот ду сад меҳру Меҳргон!

Масъуди Саъди Салмон дар яке аз қитъаҳои худ Меҳргонро ситоиш намуда, дар замонаш хеле ҷашни муҳиму пурмеҳр будани онро тасвир намудааст. Зимнан дар он қитъа аз маҳбубаи худ низ таманно менамояд, ки дар чунин рўзи нек «меҳрубонӣ кун». Шоир дар ҳамин қитъа вожаҳои «меҳр», «меҳргон», «меҳрубон», «меҳрубонӣ»-ро моҳирона ба кор бурда, «фаррух» будани ҷашни Меҳргонро ба ёд овардааст:

Рўзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр биафзой ай нигори моҳчеҳри меҳрубон.

Меҳрубонӣ кун ҷашни Меҳргону рўзи меҳр,
Меҳрубонӣ кун ба рўзи меҳру ҷашни Меҳргон.

Ҷомро чун лола гардон аз набиди бодаранг,
В-андар он мангар, ки лола нест андар бўстон.

Дар байти зерин Саъди Салмон боз як ҷиҳати дигари ин ҷашнро, яъне дорои меҳру шафқат, хайру саховат ва ба ҳамдигар меҳрубон будани одамонро васф кардааст:

Рўзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бияфзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.

Шоири дигар Қатрони Табрезӣ, ки дар садаи XI зиндагонӣ кардааст, низ аз Меҳргон ёд намудааст. Дар яке аз солҳо ҷашни Меҳргон, бо рўзи одина (рўзи ҷумъа) ва ҳамчунин моҳи нав ҳамзамон меоянд, ки шоир ҳар серо ба шоҳ табрик мегўяд. Ин лаҳзаро ў чунин ба қалам додааст:

Одинаву Меҳргону моҳи нав,
Бод хуҷаста ҳар се бар хусрав.

Амир Муизӣ шоир садаи XI-XII дар яке аз байтҳояш мамдуҳи хешро бо Меҳргон табрик намуда, таманнои онро мехоҳад, ки тамоми соли шоҳ барояш чун Меҳргон бошад:

Меҳргон бар ту ҳумоюн бод в-аз таъсири бахт,
Сол сар то сар ҳама айём чун Меҳргон.

Шоири дигар Азрақии Ҳиравӣ, ки дар садаи XI-XII, дар замони Салҷуқиён зиндагонӣ кардааст, низ омадани Меҳргони навбатиро муборак гуфта, онро нек мешуморад:

Меҳргони нав даромад бас муборак Меҳргон,
Фоли саъд оварду рўзи фараҳу бахти ҷавон.

Маъмулан шоирон ҳар лаҳзаи назарраси зиндагиро, ки ба дидашон муҳим менамояд ва он боиси таъсири эҳсоси онон қарор мегирад, кўшиш менамоянд дар ашъори худ инъикос диҳанд. Аз ин байти Сўзании Самарқандӣ, ки дар садаи XII умр ба сар бурдааст, маълум мешавад, ки дар яке аз солҳо иди Қурбон ва Меҳргон як ҷо омадааст:

Бо Меҳргон чу нек фитод иттифоқи ид,
Хунрезу баргрез падид омаду аён.

Рашиди Ватвот (шоири садаи XII) низ тасвири болоиро, яъне якҷо омадани ду идро (Қурбон ва Меҳргонро) ба мушоҳида гирифта навиштааст:

Омад хуҷаста мавсими қурбон ба Меҳргон,
Хунрез ин баҳам шуд бо баргрезон.

Ҳамин тавр аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки ҷашни Меҳргон дар садаи IX-XII на танҳо дар байни мардуми эронитабор, балки дар миёни хукуматдорони кишварҳои гуногун ҷойгоҳи махсуси худро доштааст. Ҳамчунин аҳли адаб аз ин ҷашни бостонии ниёгон бо меҳр ёд кардаанд ва онро дар замони хеш гиромӣ доштаанд. Мо дар ин ҷо фақат аз ашъори шоирони садаҳои IX-XII, ки дар он замон ҳоло ҷашни Меҳргон хеле бошукуҳ таҷлил мешуд мисолҳо овардему халос.

Бо таассуф дар садаҳои баъдӣ то давраи Истиқлоли Тоҷикистон дар ашъори шоирон роҷеъ ба Меҳргон шеърҳо хеле кам ба назар мерасанд. Аммо ҳақ ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат аст, ки «дар замони истиқлоли давлатӣ ин ойини бостонии мо дигарбора эҳё гардид ва тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷашни миллии мардуми кишварамон табдил ёфт. Соли панҷум аст, ки ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад ва кишоварзони шарафманди мо якҷо бо мардуми мамлакат ин суннати фархундаи аҷдодиро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд».

Бале, ҳоло тайи чанд соли охир, аз даҳрўзаи аввали моҳи сентябр шурўъ намуда, бо карнаю сурнай, мусиқиву шодӣ, рақсу тарона дар тамоми деҳот, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон бо навбат идҳои гуногуни кишоварзӣ баргузор мешаванд, ки ҳамоно ба пешвози ҷашни Меҳргон аст. Дар мактабҳо хонандагон, дар донишгоҳҳо донишҷўён тибқи намоишномаҳои махсуси театрӣ барномаҳои ҷаззобе иҷро менамоянд.

Дар солҳои охир шоирони тоҷик дар ситоиши ҷашнҳои бостонӣ – Наврўз ва Сада шеърҳои зиёд гуфтаанд. Акнун дар бораи Меҳргон низ шеърҳои зебое суруда мешаванд. Инак, ҳамчун мисол, чанд намунае меорем. Яке аз чунин меҳр нисбат ба меҳргон мансуб ба қалами шоираи маҳбубу хушкаломи миллати мо Фарзонабону мебошад, ки гуфтааст:

Баҳорино, муборак, меҳргонат,
Муборак меҳргони бехазонат.
Навонав себҳои маърифатро,
Ба мо бахшо зи себистони ҷонат.

Муҳтарам Ҳотам на фақат оид ба таърих ва тамаддуни мардуми ориёитабор асарҳои илмӣ ва оммавӣ навишта, хонандагонро бо гузаштаҳои дури пеш аз мелод ошно месозад, балки бо ашъори хушоҳангу гўшнавози хеш низ ҷашну оинҳои бостониро ситоиш менамояд:

Меҳргон бо меҳр меояд, Сада бо сад ниёз,
Аз пайи ў мерасад Наврўзи фасли навбаҳор.
Рўз ояд неку маҳ фархундаву соли бафайз,
Рўзу солу моҳро нек оварад Парвардигор.

Султонмуроди Одина, ки муаллифи асарҳои зиёди адабӣ, таърихӣ ва публитсистӣ аст, оид ба Меҳргон бо меҳр чунин гуфтааст:

Меҳргон омад, азизон, меҳрубониҳо кунед,
Васфи деҳқонро суруда, шеърхониҳо кунед.

Шоири ҷавон Рустами Аҷамӣ низ дар бораи Меҳргон шеъре гуфтааст, ки эшон зимни ситоиши ҷашни Меҳргон, аз заҳмати деҳқон, шодмонии Ватан, нишоти тифлону модарон сухан ронда, ҷовидон омадани файзу неъмати миллати заҳматкаши тоҷикро ёдовар мешавад:

Ба боми хонаи мо меҳри хусравон омад,
Фурўғи хотираи аҳди бостон омад.

Ҷамоли мо шуда равшан зи меҳри тобонаш,
Хушо, ки бори дигар ҷашни Меҳргон омад.

Дигар тиҳӣ нашавад суфраи дили тоҷик,
Кунун, ки ҳосили деҳқони меҳрубон омад.

Чаҳорсӯи Ватан гашта шод аз ёрон,
Нишот бар лаби тифлону модарон омад.

Ба марзи буми Ватан мевазад насими вафо,
Ки Шаҳриёри Хуросони ин замон омад.

Ба сарбаландӣ поянда бод миллати ман,
Ки файзу неъмати тоҷик ҷовидон омад.

Ахиран нависанда ва шоири маҳбуби мо Юсуфҷон Аҳмадзода дар ситоиши Меҳргон бо номи «Меҳргоно, марҳабо!» ғазале сурдааст, ки ин аст:

Меҳргоно, марҳабо, ҳусни замини мо!
Иди деҳқони ба сад қарн офарини мо!

Марҳабо, ай иди ҳосил, ай сафои дил,
Иди дастархони ваҳдатофарини мо!

Меҳргоно, иди хурсандӣ, барумандӣ,
Шуҳрати саҳрову боғи анбарини мо.

Меҳргоно, хирмани файзу фаровонӣ,
Пайку пидроми арақҳои ҷабини мо!

Меҳргоно, ҳадяи таърихи тоҷикам,
Иди аҷдодӣ, ба ҷону дил қарини мо,

Меҳргоно, иди Наврўзу Сада ҷовид,
Бо ту, эй пири замини нозанини мо!

Шоири ҳамзабони мо Масъуди Сипанд, ки дар кишвари Амрико зиндагонӣ мекунад, аз соли 1994 то ба имрўз ошиқона, таи ҳар чанд сол ба Тоҷикистон ташриф меорад. Имсол моҳи сентябр ва октябр меҳмони азизи давлати  мо буд. Ў дар гуфтугўҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро воқеъбинона абармарди таърихи Тоҷикистон мегўяд. Зимнан устод хушҳол мешавад, ки ҷашни Меҳргон низ ба мисли Наврўз дар Тоҷикистон бошукўҳ таҷлил мегардад. Ба ин васила аз шодмонӣ ба ваҷд омада, дафъатан ғазале мегўяд, ки инак онро пешкаши хонандагон менамоем:

Поиз по ниҳода ба майдони Меҳргон,
Густарда бар бисоти замин хони Меҳргон.

Гулчархи баргҳо, ки зи дил мебарад қарор,
Ангор гашта оиннагардони Меҳргон,

Гулбонги нўш-нўш зи ҳар сў расад ба гўш,
Паймона хуштар аст, ба паймони Меҳргон.

Ғавғои абру захмаи борону рақси бод,
Ин ҳар се гашта гўш ба фармони Меҳргон.

Бо Коваи набард Фаридуни комгор,
Заҳҳокро супурда ба зиндони Меҳргон.

Гармӣ диҳад ба хонаву кошонаву сарой,
Оташсарои синаи мастони Меҳргон.

Бо ёди Сому Рустами Дастон ба тирамоҳ,
Майхона хуштар аст ба сомони Меҳргон.

То рўшанӣ диҳад ба хонаи дилҳои ошиқон,
Хуршед пар кашида ба айвони Меҳргон.

Бо ёди рўзҳои баҳорон ба ҷои ашк,
Май мечакад зи новаки мижгони Меҳргон.

Фархунда бод бо дили Зартуштии Сипанд,
Рақсе чунин миёнаи майдони Меҳргон.

Ҳоло чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон дар пайванди Истиқлолияти мамлакат  моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо мардум дастовардҳои кишоварзии соли равонро ба намоиш бароварда, гурўҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ, рақсу бозӣ ва шодмонӣ менамоянд. Дар раванди ин ҷашн дар сайргоҳҳо барои хариду фурўш, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бароварда мешавад. Бо нархи арзон мардум аз ин маҳсулот мехаранд. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо намоишҳои махсуси театрӣ бахшида ба Меҳргон барпо менамоянд.

Чанд рўз пеш «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон» пешниҳоди мардуми шарифи Тоҷикистон гардид, ки дар он омадааст:

«Донишмандони моро зарур аст, ки расму ойинҳои вобаста ба Меҳргонро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, арзишҳои маънавию иҷтимоии онро бо дарназардошти воқеъиятҳои замони нав ва шароити соҳибихтёрии давлати тоҷикон васеъ тарғиб намоянд.

Итминони комил дорам, ки ҷашни Меҳргон дар роҳи боз ҳам тавсеа пайдо кардани худогоҳиву худшиносии халқамон мусоидат карда, боиси вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиати зебои диёрамон мегардад».

Ба ин ҷиҳат ҳам шоирон ва ҳам олимон талош доранд, ки гуфтаи Пешвои муаззами милатро дар амал табиқ намоянд. Инак, чанд сол аст, ки дар Боғи Ирами пойтахти мамлакат ҷашни Меҳргон хеле бошукўҳ барпо мегардад. Дар он дастранҷи кишоварзон ба маърази намоиши меҳмонон гузошта шуд. Ҳамчунин дар кўдакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо оид ба ҷашни Меҳргон маҳфилҳо, мушоираҳо, озмунҳо баргузор гардид.

Солҳои охир дар байни мардум гузоштани номҳое бо вожаи меҳр, ки як ҷузъи Меҳргон аст, зиёд шудааст: Меҳргон, Меҳрдод, Меҳршод, Меҳромез, Меҳрофарин, Меҳрафзун, Меҳрубон, Меҳтар, Меҳрмоҳ, Меҳрӣ, Меҳрия, Меҳрона, Меҳровар ва ғайра.

Бешак, бо саъйю кўшиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукўҳу шаҳоматаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид. Акнун он имкон медиҳад, ки мардум бо хушҳолию хушнудӣ ин ҷашнро тибқи суннатҳои неки ниёгон таҷлил намоянд; аз ҳосили дастранҷи худ дастархони меҳру муҳаббат кушоянд; ҳамдигарро табрик карда, барои фаровонии дастархон, ободии кишвар, ваҳдати комил дасти дуо бардоранд ва нишоти Истиқлолиятро бо ҳам бибинанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар ҷашни Меҳргонро мисли Наврўз ҷашн гирифта, бо Сарвари ватандўсту фарҳангпарварашон ифтихор намуда, баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар саъйю талош менамоянд.

Ҷашни Меҳргон муборак!

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики АИ ҶТ

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ

Октябрь 18, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»