Хабарнигори Радиои «Ховар» Нарзулло Ҷӯраев ғолиби озмуни Фонди нуфуси аҳолии СММ шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори Радиои «Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Нарзулло Ҷӯраев (ДАР АКС) дар озмуни инъикоси масъалаҳои сирояти Вируси норасоии масунияти одам, ки аз ҷониби Фонди нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) сарпарастӣ шуд, сазовори ҷойи аввал гардид. Маросими ҷамъбаст ва мукофотсупории озмуни мазкур, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Апейрон» эълон гардида буд, имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз моҳи майи соли равон Ташкилоти ҷамъиятии «Апейрон» бо дастгирии молиявии Фонди нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид ва бо мақсади инъикоси дурусту шаффофи масъалаҳои сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) барои кормандони воситаҳои ахбори омма як зумра дарсҳои омӯзишӣ (тренингҳо) доир намуд.
Тренингҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар гузаронида шуда, дар онҳо теъдоди зиёди рӯзноманигорон фаро гирифта шуданд. Барои кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба сирояти ВНМО машғулиятҳои омӯзишӣ доир карда шуданд.
Дар давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён оид ба роҳҳои гузариш, чораҳои пешгирикунанда ва муайян кардани ВНМО маълумот дода шуда, ҳар яки онҳо пиромуни ин масъалаҳо маводи иттилоотӣ омода ва нашру пахш намуданд.
Дар доираи ин дарсҳои омӯзишӣ оид ба инъикоси масъалаҳои сирояти ВНМО дар воситаҳои ахбори омма озмун ташкил ва имрӯз ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки миёни иштирокчиён ҷойи якум ба Нарзулло Ҷӯраев аз Радиои «Ховар» дода шуд. Фарзонаи Умаралӣ аз рӯзномаи «Фараж» соҳиби ҷойи дуюм ва Нигора Ҷӯраева аз рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» соҳиби ҷойи сеюм дониста шуданд.
Қобили қайд аст, ки бинобар муҳимияти масъала ошкор, пешгирӣ ва ба табобат фаро гирифтани мубталоёни ин беморӣ дар мадди назари масъулини соҳа ва зери ҳимояти Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки соли 2017 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ба тасвиб расидааст. Ҳадафи асосии Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО мебошад.








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






