Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Октябрь 11, 2019 20:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нишасти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ҷараён гирифт.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Туркманистон дар Иттиҳод ва мавзӯъҳои асосии ҳамкорӣ, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2020, дигар масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчуби узвияти худ дар Иттиҳод ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзо дар ҳама соҳаҳо мебошад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ, таҳкими муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва тавсеаи робитаҳои гуманитарӣ аз натиҷаҳои бобарор ва назарраси ҳамгироии ҷонибҳо дар солҳои гузашта мебошад.

Изҳори бовар карда шуд, ки қабули қарорҳои имрӯза оид ба масъалаҳои рушди босамари ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида мусоидат менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯзҳо ба равандҳои рушди вазъияти байналмилалӣ зуҳуроти баланд шудани сатҳи таҳдидҳои глобалӣ ва хатарҳои амниятӣ хос аст. Дар чунин шароит, таъмини муваффақонаи манфиатҳои умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз бисёр ҷиҳат аз амалҳои минбаъдаи ҳамоҳангшуда вобаста аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки иҷроиши пайгиронаи қарорҳои қаблан қабулшуда дар соҳаҳои дахлдори ҳамкории мо аҳамияти бузург дорад ва мо бояд онро минбаъд низ идома диҳем.

Дар интиҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳо, аз ҷумла Изҳорот дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ қабул гардиданд.

Ҳамчунин қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2020 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардад.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муваффақонаи Туркманистонро дар садорати Иттиҳод таъкид карданд.

Сарвари давлат ҷониби Ӯзбекистонро ба муносибати гузаштани раисӣ ба он дар соли оянда табрику муборакбодӣ намуданд ва ба Сарвари ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар иҷрои вазифаи сермасъули раисӣ барори кор орзу карданд.

Кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни нишасти матбуотӣ бо доираи васеи хабарнигорон натиҷагирӣ карда шуд.

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 11.10.2019

Октябрь 11, 2019 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт