Намоиши осори рассомони ҷавон таҳти унвони «Пайроҳаи мерос. Силуэт- наққошии минётурнигорон» ифтитоҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори намоишгоҳи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши осори рассомони ҷавон таҳти унвони «Пайроҳаи мерос. Силуэт- наққошии минётурнигорон» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоиш ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад.
Мақсад аз баргузории намоиши мазкур рушди санъати минётурнигорӣ, тарғиби ин намуди санъат ва дастгирии рассомони ҷавон маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки намоиш соати 17:00 оғоз мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки дар охири асри 14 ва ибтидои асри 15 мактаби минётурнигории Ҳирот таъсис ёфта буд, ки Камолиддини Беҳзод намояндаи бузургтарини ин мактаби эҷодӣ мебошад.
Камолиддин Беҳзод дар Шарқ бо лақаби «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» низ маъруф буда, дар ин давра ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи даврон» ва «нодири даврон» меномиданд.
Реализми осори Камолиддини Беҳзод бештар дар нигоришҳое падидор мешавад, ки ҳаёти воқеии халқро ифода мекунанд. Камолиддини Беҳзод инчунин баъзе лавҳаву манзараҳои этнографӣ низ кашидааст, ки арзиши баланди ҳунариву эстетикӣ ва таърихӣ доранд.
Ҳамчунин дар асрҳои миёна санъати ороиши китоб ва минётурнигорӣ равнақ ёфт. Минётурҳо маъмулан дар асоси сужети асарҳои манзум офарида мешуданд. Мавзӯи миниётурҳо аз саҳнаҳои ҷанги тан ба тан, лаҳзаҳои базму зиёфатҳо, шикор, мулоқоти ошиқон, маросими қабул, манзара, симои шахсони бузург ва ғайра иборат буд.
Дар таърихи минётурнигории форс-тоҷик Камолиддини Беҳзод, Авазмуҳаммади Мусаввир, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ, Маҳмуди Музаҳҳиб, Содиқбеки Афшор, Ризо Аббосӣ мақоми махсус доранд.
Дар охири асри 14- ибтидои асри 15 мактаби минётури Ҳирот пайдо шуд, ки барои ташаккули мактаби миётурнигории асрҳои 16-17-и тамоми Мовароуннаҳр асос гардид. Мактаби минётури Бухоро дар нимаи дуввуми асри 16 инкишоф ёфта, равияи ба худ хос касб кард.
Имрӯз санъати рассомӣ дар Тоҷикистон равнақ дошта, рассомони тоҷик дар ин навъи санъат асарҳои баландмазмуну баландғояро аз мероси бадеии ғании миллӣ ва дастовардҳои мамлакат моҳирона эҷод мекунанд.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






