ОМУРЗИШ. Корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни авфро боз як қадами бузурги Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ ва шафқат арзёбӣ намуд

Октябрь 23, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар дода будем, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми октябри соли 2019 ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. 

Корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» лоиҳаи мазкурро боз як қадами бузурги Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ ва шафқат арзёбӣ намуд.

— Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст, — иброз дошт ӯ.  — Аз рӯйи таълимоте, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ, махсусан назарияи давлат ва ҳуқуқ вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти Президент як боби алоҳида- боби 4-ум бахшида шудааст.Президент маҳз дар асоси ҳамин боб фаъолият намуда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад.Ҳамчун шахси олии мансабдори давлатӣ Президент салоҳиятҳои зиёде дорад. Ин салоҳиятҳо асосан дар моддаи 69-уми Конститутсия ва баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд. Президент тибқи моддаи 58-уми Конститутсия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Доштани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ чунин маъно дорад, ки Президент дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо иштирок  ва онҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Ҳалли масълаҳои бахшиши ҷазо низ дар салоҳияти Президент аст (моддаи 69). Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   16-уми октябри соли 2019 ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  намуданд.

Дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.

Авфи ҷинояткорон таҷрибаи маъмули  ҷаҳонист, ки моҳиятан ба қисман ё пурра  аз ҷазо озод намудан, ивази ҷазо ба ҷазои нисбатан сабук ва ба раҳои аз таъқиби ҷиноятӣ  равона шудааст. Авф аз бахшиши ҷиноят бо он фарқ мекунад, ки шахсони муайяни алоҳидаро фаро намегирад, балки ба категорияҳои ҷинояткорон, аз руи фарқияти ҷинсӣ: занҳо, ноболиғон, маҳкумшудагон ба муҳлати кам амалӣ карда мешавад.

Авф аслан ба принсипи инсондустӣ асос меёбад. Дар бисёре аз мамлакатҳо авф ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ, идҳои миллӣ роҳандози мегардад. Дар қисме аз давлатҳо зиёдтар ва дар қисме аз давлатҳои дигар дар мавридҳои истисноӣ ҷинояткорон авф мешаванд. Дар давлатҳои Амрикои Лотинӣ танҳо онҳое авф мешаванд, ки ҷиноятҳои сиёсӣ содир намудаанд. Дар давлатҳое, ки ба оилаи ҳуқуқии англо-саксҳо ва оилаи ҳуқуқии романию германӣ мансубанд институти авф вуҷуд надорад. Дар давлатҳои  Олмон, Испания, Нидерландия, Норвегия, Шветсия, Эстония ва Лаҳистон институти авфи ҷинояткорон зидди конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар низоми ҳуқуқии бештари аз давлатҳо категорияи ҷиноятҳо ва доираи ҷиноятсодиркунандагон мушахас муайян нагардидаанд. Бино ба Конститутсияи Бразилия авф нисбати онҳое, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва доруҳои психотропӣ ва терроризм маҳкум шудаанд татбик карда намешавад. Маъмулан қонуни авф нисбати гумонбарон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад. Моддаҳои 82 (Авф) ва 84(Доғи судӣ) –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дуруст фаҳмидани Қонуни авф ба хонандагон кумак мерасонанд. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

Моддаи 82. Авф 1) Авф дар  асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон  татбиқ карда мешавад.                                                                     2)  Бо санади авф  шахси  содирнамудаи  ҷиноят  метавонад  аз ҷавобгарии ҷиноятӣ  озод  карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод  карда шавад  ё  қисми  ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор  гардад  ё  ба намуди  ҷазои  сабуктар  иваз  карда   шавад ё доғи судиаш  бардошта шавад. 3) Санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад.

Моддаи 84. Доғи судӣ

1. Шахс  доғи  судӣ  дошта  эътироф  карда  мешавад, аз  рўзи  эътибори  қонунӣ  пайдо кардани  ҳукми  айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо  таъин  карда шудааст  ва то рӯзи барҳам  хӯрдан  ё бардоштани доғи судӣ. 2) Шахс  доғи судӣ надошта ҳисоб мешавад:

а). дар  сурати  қабули  санадҳои  авф  ё  бахшиши  ҷазо,  агар дар ин  санадҳо  бардоштани доғи судӣ пешбинӣ шуда бошад – аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин санадҳо;

б). дар сурати қабули санади авф башарте,ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи судӣ ошкор шавад – аз рӯзи  эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ;

в). дар  сурати қбул  намудани қонуни  нави ҷиноятӣ, ки  ҷиноят  будани  кирдорро бартараф мекунад – аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин Қонун;

г). дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи моддаи  90 ҳамин Кодекс аз рӯзи  эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;

д). дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркунӣ  аз рӯзи гузаштани мўҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркунӣ.

3. Доғи судӣ дар мӯҳлати зерин барҳам мехӯрад:

а). ба маҳкумшудае, ки нисбати ӯ шартан татбиқ накардани ҷазо татбиқ карда шудааст баъди тамом шудани мӯҳлати санҷиш;

б). нисбати шахсоне, ки аз маҳдуд кардани озодӣ дида ба ҷазои сабуктар маҳкум шудаанд бо гузаштани  як сол пас аз тамом кардани мӯҳлати таъиншудаи ҷазо;

в). нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои начандон  вазнин  ва дараҷаи миёна ба  маҳдуд  кардани озодӣ ва ё маҳрум  сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд  бо гузаштани се сол пас аз адои ҷазо;

г). нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин бо маҳрум  сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд  бо гузаштани панҷ сол пас аз адои ҷазо;

д).  нисбати шахсоне, ки  барои  ҷиноятҳои  махсусан  вазнин  ба  маҳрум сохтан аз  озодӣ маҳкум шудаанд  бо гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо.

4. Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш  аз мўҳлат аз  ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои  адонакардаи ӯ бо  ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, мӯҳлати барҳам  додани  доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосӣ ва иловагӣ озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад.

5. Агар шахс  то тамом шудани  мӯҳлати  барҳам додани  доғи судӣ  ҷинояти  нав  содир  кунад, ҷараёни мўҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судӣ барои ду ҷиноят ҳисоб карда мешавад.

6. Агар  маҳкумшуда  пас аз  адои ҷазо  рафтори бенуқсон нишон  диҳад,  суд  дар асоси илтимосномаи ӯ метавонад доғи судиашро то тамом шудани мӯҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди   гузаштани нисфи ин мӯҳлат бекор кунад.

7. Барҳам хӯрдан  ё  бардоштани доғи судӣ  оқибатҳои  ҳуқуқии  ҷавобгарии  ҷиноятиро  беэътибор мегардонад.

Қонун дар бораи афв ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Дар таърихи навини Тоҷикистон 15 маротиба қонуни авф нисбати ҷинояткорон татбиқ шудааст. фарқи афви нав нисбат ба қонунҳои пешина дар ин бора он аст, ки шумораи афвшавандаҳо зиёд мебошад.

Бар асоси  лоиҳаи  нави қонуни авф, зиёда аз ҳафт ҳазор аз зиндонҳо  ва беш аз 5 ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигар  озод  мешаванд. Инчунин мӯҳлати ҳабси як гурӯҳи зиндониён кам  мешавад. Қонуни афв нисбат ба беш аз 2 ҳазор нафаре татбиқ мешавад, ки парвандаҳои онҳо дар баррасии мақомоти тафтишотӣ ё додгоҳҳо қарор доранд.

Амали Қонуни мазкур пеш аз ҳама, нисбат ба онҳое татбиқ карда мешавад, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва ҷиноятҳои дараҷаи миёна содир кардаанд, ё аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд. Аз ҷумла, мувофиқи талаботи моддаи 4-и лоиҳа шахсоне, ки бори аввал барои содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.    Ҳамзамон, бо ин шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд, ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазои боқимонда озод карда мешаванд.

Мувофиқи лоиҳаи нав нав, занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳи 1, 2, 3, гирифторони бемории  сил  аз зиндонҳо озод карда мешаванд.

Дар асоси лоиҳа  ширкатдорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ва шаҳрвандони хориҷӣ низ шомили афв мешаванд. Инчунин онҳое, ки аз беэҳтиётӣ даст ба ҷиноят задаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Ҳамзамон, онҳое, ки бори аввал ҷиноятҳои на чандон сангин ва миёна содир кардаанд, шомили афв мешаванд.

Онҳое, ки бо моддаҳои  ифротгароӣ, узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, бар асоси қонуни афв озод намешаванд ва танҳо мӯҳлати адои ҷазояшон кам карда мешавад.

Мӯҳлати адои ҷазои онҳое кам мешавад, ки борои содир намудани  ин  ҷиноятҳо аз озодӣ маҳрум гардидаанд:

куштор, ба худкушӣ расондан, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сироят кардан ба СПИД, одамрабоӣ, хариду фурӯши одамон, таҳқири оммавии Президент ё тӯҳмат кардан ба ӯ, таҷовуз ба номус, ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, терроризм, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба лавозимоти ҷангӣ.

Тибқи муқаррарот, «Қонуни афв» баъди баррасӣ ва тасвиб шуданаш дар порлумони Тоҷикистон, бояд дар муддати ду моҳ амалӣ шавад.

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол 15 маротиб қонуни афви қабул шудааст. Соли 2016 дар асоси Қонуни авф 12 ҳазор маҳбусу гумонбаршудагон аз ҷазои ҷиноятӣ озод шуданд.

Онҳое, ки бо айбдории, ифротгароӣ, узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, бар асоси қонуни афв озод намешаванд ва танҳо мӯҳлати адои ҷазояшон кам карда хоҳад шуд.

Аммо мӯҳлати адои ҷазои онҳое низ кам мешавад, ки бо ин айбҳо зиндонӣ ҳастанд:

куштор,

ба худкушӣ расондан,

қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,

сироят кардан ба СПИД,

одамрабоӣ,

хариду фурӯши одамон,

таҳқири оммавии президент ё тӯҳмат кардан ба ӯ,

таҷовуз ба номус,

ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ,

терроризм,

ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ,

ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба лавозимоти ҷангӣ.

Бояд таъкид намоем, ки Қонуни авф танҳо нисбат ба гумонбарон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагоне татбиқ мешавад, ки ба гуноҳи худ иқрор шаванд.  Дар сурати иқрор нашудан ба гуноҳи худ меъёрҳои қонун дар бораи авф нисбати чунин ашхос татбиқ карда намешавад. Тибқи муқаррарот, «Қонуни афв» баъди баррасӣ ва тасвиб шуданаш дар порлумони Тоҷикистон бояд дар муддати ду моҳ амалӣ шавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки аз тарафи Асосгузори Сулҳу ваҳдати милли, Пешвоа миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, боз як далели дигари инсондӯстона будани сиёсати дохилии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин боз як далели дигари ба ҳам пайваста будан ва эҳтироми тарафайни давлат ва шаҳрванд буда, дар асоси принсипи ҳуқуқии гуманитарӣ (инсондӯстона) руйи кор бароварда шудааст.

Изҳори умед мекунем, ки онҳое, ки тибқи қонуни мазкур аз ҷойҳои адои ҷазо ҷавоб дода мешаванд, хулосаи дуруст мебароранд ва минбаъд ба роҳи рост мераванд.

Октябрь 23, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд