Пагоҳ дар Душанбе Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 октябр, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивал- намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.
Дар ин бора котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Дар фестивали мазкур навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷ аз тамоми гӯшаву канори малакат ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҳамчунин дар ин фестивал-намоиш кишоварзоне, ки ба тухмипарварӣ машғул буда, хоҷагиҳои кишоварзиро бо навъҳои гуногуни ғалладона таъмин мекунанд, иштирок меварзанд.
Инчунин намоиши таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.
Зимни фестивал-намоиши шолӣ навъҳои гуногуни биринҷ бо нархи арзон ба сокинони пойтахт манзур карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки шолӣ зироати намӣ ва гармидӯст мебошад. Аз ин рӯ бештар дар кишварҳои сербориш ва гарми тропикиву субтропикӣ парвариш меёбад. Пайдоиш ва ватани шолии имрӯза ба ақидаи олимони бостоншинос Чин ва нимҷазираи Ҳинд мебошад.
Дар ҷаҳон биринҷ муҳимтарин зироат баъд аз гандум маҳсуб шуда, яке аз манбаъҳои ғизоӣ барои беш аз сеяки ҷамъияти ҷаҳон аст. Беш аз 91% биринҷи ҷаҳон дар қораи Осиё (маҳалли зисти 60%-и ҷамъияти дунё) тавлид ва масраф мешавад.
Ҳамасола дар ҷаҳон дар сатҳи 160 млн гектар биринҷ кишт мешавад. Ва аз ин сатҳи кишт 580 млн тонна шолӣ маҳсул гирифта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳудуди 21 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 9,5 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ гузаронида мешавад.
Истеъмоли солонаи биринҷ дар як сол ба як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 17 кг рост меояд.
Таоми дӯстдоштатарини мардуми мо аз биринҷ — ин оши палав аст.








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






