Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Октябрь 2, 2019 19:31

ДУШАНБЕ, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам (The Muslim 500) шомил шуданд. Рӯйхати навбатии The Muslim 500-2019-ро Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломӣ  мустақар дар шаҳри Уммони Урдун тартиб додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муаллифони раддабандӣ Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, навиштаанд, ки ӯ аз соли 1994 Президенти Тоҷикистон буда, тавофи Каъба намуда, насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил додааст.

Дар рӯйхати The Muslim 500 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил аст.

Ба панҷоҳгонаи беҳтарин Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейн, сарварони Туркманистон ва Чеченистон — Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Рамзон Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов ҳам шомиланд.

Инчунин ба чемпиони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов ва мусиқинавоз, овозхон ва оҳангсози машҳури муқими Британия Самӣ Юсуф муяссар шуд, ки ба ин рӯйхат шомил шаванд.

Дар ин рӯйхат яке аз олимони пешсафи ислом дар замони мо, коршиноси соҳаи фиқҳи исломӣ, иқтисод, илми ҳадис ва тасаввуф Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ пешсаф аст.

Пас аз ӯ фаъоли мазҳабӣ ва роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ қарор дорад. То имрӯз ӯ тавонистааст, ки дар бораи мавзӯъҳои мухталиф доир ба ислом корҳои зиёдеро анҷом диҳад ва муаллифи беш аз шаст китоб мебошад.

Мавриди зикр аст, ки раддабандии The Muslim 500 тайи нуҳ сол боз ҳамасола аз ҷониби Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад.

Октябрь 2, 2019 19:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон