РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Маҳмудҷон Воҳидов — асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон

Октябрь 10, 2019 16:02

ДУШАНБЕ, 10.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи яке аз ҳунармандони машҳур, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик  Маҳмудҷон Воҳидов 80 сол пур мешавад.

Маҳмудҷон Воҳидов ситораи тобони санъати касбии тоҷик буда, дар тӯли умри кӯтоҳи 38-сола бо ҳунару истеъдоди худ дар дилу дидаи ҳаводорони ин ҳунари воло абадан нақш баст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар намоишҳои «Қисмати шоир», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ромео ва Ҷулйетта», «Муфаттиш», филмҳои ҳунарии «Зумрад», «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам ва Суҳроб», моноспектаклҳои «Гуфтугӯ бо худ» ва ғайраҳо шоҳкориҳои санъати асил буда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода доданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт пешниҳод намуданд, ки Қасри мазкур ба театри касбӣ табдил дода, ба он номи ҳунарманди маъруф Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад.

«Басо рамзист, ки Кохи фарҳанг дар ҳудуди боғи ба номи ҳунарманди маъруфамон Маҳмудҷон Воҳидов қомат афрохтааст.

Ба андешаи ман, рӯҳи абадзиндаи ин ҳунарманди маъруф ба насли имрӯзаи ҳунармандони ноҳияи Ашт мадад мекунад ва дар оянда аз миёни онҳо низ фидоиёни фарҳанги тоҷик ба камол мерасанд.

Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири абадӣ гардонидани номи ҳунарманди маъруфи халқамон ва ба поси хизматҳои шоёни ӯ Кохи фарҳанг низ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад».

…Моҳи апрели соли 1957, дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва, дар толори консертии ба номи Чайковский ҷавоне бо тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо садои ҷарангосиву мутантан ва маҳорати баланд дар бораи сулҳу дӯстӣ хонда, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба худ ҷалб кард.

Ин ҷавон узви маҳфили ҳаваскорони бадеии деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт Маҳмудҷон Воҳидов буд. Баромади ӯ ба роҳбари бадеии студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарский, профессор Олга Пижова хеле маъқул шуд. Артисти халқии ҷумҳурӣ Абдусалом Раҳимов зимни суҳбат аз ӯ хоҳиш кард, ки барои қабули Маҳмудҷон ба таври истисно ба ин донишкадаи номдор мусоидат намояд. Сипас, ӯро якбора ба курси 3 — юми шуъбаи тоҷикии донишкада дохил карданд. Вай Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС) — ро соли 1960 хатм кард. Солҳои 1960 — 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли  Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ кард ва аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.

Соли 1973, вақте  ки нақши Рӯдакиро офарид, ҳамагонро ба ваҷд овард.  5 декабри соли 1973 Маҳмудҷон Воҳидов ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардид. Ҳамон сол бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардид. Ҳамчунин барои иштирок дар кинофилми «Достони Рустам» бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд.

Ӯ бо овози ширадору ҷолиб,  сеҳрангез ва диди шоирона асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон буд. Маҳмудҷон Воҳидов мураттиб, коргардон ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо, мисли «Гуфтугӯ бо худ» (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967), «Ватан ва фарзандон» (ашъори шоирони Тоҷикистон,1969), «Ишқи зиндагӣ» (ашъори Ҳофиз, 1971) гардида буд. Истеъдоди режиссёрии ӯ дар спектакли «Алломаи Адҳам ва дигарон» — и С. Улуғзода (1976) равшан зоҳир шуд.

Маҳмудҷон Воҳидов алифбо ва забони арабиро омӯхт, то рубоиёти  Умари Хайём ва ғазалиёти Ҳофизро ба забони арабӣ хонад. Ӯ бо мақсади санҷиши талаффузаш чанде дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳо, дар ҳузури олимон баромад кард ва сазовори баҳои хуб гардид. Ӯ ҳамзамон ба омӯхтани забони англисӣ машғул шуд, то шеъри оламгири тоҷикӣ – форсиро дар саҳнаҳои пурнуфузтарини дунё ба самъи мардуми Ғарб расонад ва нақши Ҳамлетро бозад.

Ҳунарпеша неруи эҷодиашро дар соҳаи кино низ озмуда, дар ин намуди санъат ҳам мавқеи хоса пайдо кард. Ҳангоми ба ин ҳунар рўй овардани ў давраи пешравии кино тоҷик оғоз ёфта буд. Шодравон М.Воҳидов дар кино нақшҳои Шариф аз филми «Зумрад», Раҷаб аз  «Ҳасани аробакаш», Котиби кумитаи ҳизбӣ аз «Ҷӯра – Саркор», Тӯлод аз «Достони Рустам», Тӯлод аз  «Рустам ва Сӯҳроб», Аҳмади Дониш аз «Ситораи шабистон», Сулаймон аз «Як умр кифоя нест» (Достони пахта), Махдум «Ҳеҷбудагон  ҳар чиз шуданд», Дарвеш аз «Ишқи аввалини Насриддин»-ро офаридааст.

Маҳмудҷон Воҳидов аввалин ва ягона ҳунарпешаест, ки дар кишварҳои  Осиёи Миёна театри як актёрро барпо намуд. Ӯ се намоишро ба ҳайси муаллифи сенария, коргардон ва иҷрокунанда рӯйи саҳна овардааст. Инҳо «Гуфтугӯ бо худ» — мунтахаби   рубоиёти  У.Хайём, «Ватан ва фарзандон» — и мунтахаби ашъори шоирони муосири тоҷик ва «Ишқи зиндагӣ» — мунтахаби ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ буданд.

Соли 1976 намоиши «Гуфтугӯ бо худ» — ро дар театри МХАТ – и шаҳри Москва бо забони русӣ пешкаши тамошобинон карда буд, ки баҳои баландеро сазовор гардид.

М.Воҳидов қувваи ҷозибае дошт, ки бинандаро зуд ба худ ҷалб мекард. Ӯ сар то по истеъдод буд. Ҳунари нақшофарӣ, шеърхонӣ, коргардонӣ сенария ва мақоланависӣ дошт. Мақолаҳои зиёде дар бораи устодон ва таассуроти  сафар иншо кардааст. Бо адибон, хоса бо устод Турсунзода ва Лоиқ, бо сарояндаҳо Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродов муносибатҳои қавии ҳамкорӣ  ва ҳамфикрӣ доштааст.

М. Воҳидов бо таҳиягарони барҷастаи тоҷик Борис Кимёгаров, Абдусалом Раҳимов, Тоҳир Собиров, Марворид Қосимова, Суҳбат Ҳомидов ва Анвар Тӯраев ҳамкорӣ карда, симои хешро дар чодари кино барои мо ва ояндагон мерос гузошт.

Нахустин нақше, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар кино офаридааст, образи Шариф аз филми ҳунарии «Зумрад»-и таҳиягар Абдусалом Раҳимов мебошад. Филмро соли 1962 таҳия карданд ва он замон Маҳмудҷон 23 сол дошта, нақши шарикдарси Зумрадро офарида, симои ҷавони ситорагарми лоғарпайкар ва зиндадилро чунон олиҷаноб иҷро кардааст, ки кас аз тамошои он лаҳзаҳо таассуроти нек ҳосил мекунад.

Бояд зикр намуд, ки меҳру муҳаббат ба адабиёти классикии тоҷик, ифоданок хондани шеър, ба театр ва киноро дар дили Маҳмудҷон устоди аввалинаш — актёр, режиссёри театру кино, наттоқи барҷаста Абдусалом Раҳимов бедор кард. Сабабгори ба Институти давлатии театрии шаҳри Маскав  дохил шуданаш ҳам  Абдусалом Раҳимов гардид.

Соли 1959 таҳиягари маъруфи кинои тоҷик, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Борис Кимёгаров филми ҳунарии «Қисмати шоир»-ро аз рӯи сенарияи С. Улуғзода таҳия карданӣ шуда, барои иҷрои нақши Рӯдакӣ бо вай суҳбат кард. Аммо аз сабаби ҳимояи кори дипломӣ Маҳмудҷон натавонист, ки ин нақшро ба зимма гирад. Борис Кимёгаров бе Маҳмудҷон Воҳидов ба Душанбе баргашт, вале шод буд, ки санъати тоҷикро боз як истеъдоди ҷавон пурра хоҳад кард.

Чаҳор сол пас аз филми ҳунарии «Зумрад» Борис Алексеевич филми нави ҳунарии «Ҳасани аробакаш»-ро таҳия намуда, барои иҷрои яке аз нақшҳо Маҳмудҷонро даъват кард. Вай нақши Раҷаб – шоири ҷавон, комсомоли солҳои сиюмро бо дилгармӣ иҷро кард. Нақши мазкур агарчи эпизодӣ бошад ҳам, вале ба зудӣ дар хотири тамошобинон ҷой гирифт. Махсусан муколамаҳо бо Садаф ва Ҳасан.

Соли 1970 таҳиягари кино Марворид Қосимова дар филми  «Ҷӯра — саркор» иҷрои яке аз нақшҳои асосӣ- котиби райкомро ба Воҳидов месупорад. Маҳмудҷон тавонист, ки симои котибро ба таври ҳаққонӣ нишон диҳад. Аммо Маҳмудҷон дар тасаввури тамошобин тамоман шахсияти дигар буд. То он вақт сенарияе набуд, ки ҳиссиёти олами ботинии Маҳмудҷонро дар экран таҷассум кунад.

Баъдан, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Борис Кимёгаров аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ дар филми ҳунарии «Достони Рустам» барои иҷрои нақши Тӯлод Маҳмудҷонро даъват намуд. Ва ба коргардон муяссар шуд, ки истеъдоди волои ҳунарпешаро аз нигоҳи дигар кашф кунад.

Маҳмудҷон Воҳидов образи хаёлии дев – Тӯлодро ба вуҷуд овард, ки он доимо қиёфаи худро тағйир дода, назди Рустами Достон гаҳе чун ҳофизи нобино ва гаҳе пиразани даллола, инчунин мирзою котиб намудор мешавад. Ӯ тавонист, ки ба таври шинохтанашаванда симои воқеии худро дигаргун сохта, ҳар дафъа мафҳуми бадиро таҷассум намояд.

Собиқадории кинои тоҷик Любов Ивановна Қиёмова, ки муҳаррири силсилафилмҳо аз рӯи «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ буд, лаҳзаҳои наворро ба хотир оварда чунин гуфтааст:

«… Вақте ки лаҳзаи Тӯлодро бо ресмон кашидани Рустами аспсаворро ба навор мегирифтем, режиссёр Борис Алексеевич ба дастёрон фармуд, ки Тӯлодро (М. Воҳидовро) пеш аз кашола кардан ба зери баданаш парафин ё ягон чизи мулоим монанд, то пушти Маҳмудҷон захмӣ нашавад. Вале Маҳмудҷон аз ин ғамхории Борис Алексеевич даст кашида гуфт:

— Агар ман ба баданам парафин баста монам, ин саҳнаро табиӣ бозӣ карда наметавонам. Беҳтараш Рустам маро ҳамин хел кашола кунад…».

Баъди навори ин саҳна пойҳои Маҳмудҷон захм бардоштанд ва ӯ чанд муддат табобат гирифт.

Филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб» соли 1972 дар Кинофестивали V умумииттифоқии Тбилиси сазовори диплом гардид. Ҳукумати РСС Тоҷикистон ба офарандагони филми бадеии «Достони Рустам» ва «Рустам ва Сӯҳроб», аз ҷумла ба Маҳмудҷон Воҳидов Ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакиро сазовор донист.

Маҳорат ва таҷрибаи нақшофарии М. Воҳидов сол то сол такмил меёфт, дар ин миён нақшҳои ҷолиб дар театр, бахусус моноспектаклҳо – «Гуфтугӯ дар танҳоӣ» (аз рӯи рубоиёти Хайём) эҷодиёти Воҳидовро боз ҳам рангинтар намуданд. Акнун ӯро нақшҳои нисбатан ҷиддитар ва орифонаву шоирона, чӣ дар кино ва чӣ дар театр интизор буданд.

Филми ҳунарии «Ситорае дар тирашаб» (режиссёр А. Раҳимов) соли 1973 дар Кинофестивали VI умумииттифоқии Алмаато сазовори диплом шуда, иҷрокунандаи нақши асосӣ — Маҳмудҷон Воҳидов барои офаридани «Беҳтарин нақши мардона» бо дипломи фахрӣ қадр гардид.

Маҳмудҷон Воҳидов тавонист инчунин нақшҳои Олим дар филми ҳунарии «Асрори пайраҳаи гумшуда»-и режиссёр С. Ҳамидов (1974), Сулаймон дар филми ҳунарии «Як умр кам аст»-и режиссёр Б. Кимёгаров (1975), Махдум Ҳоҷӣ дар филми ҳунарии бисёрсериягии телевизионии «Ҳеҷбудагон»-и режиссёр Т. Собиров (1974-1975) ва охирин – дарвеши нобино дар филми ҳунарии «Ишқи нахустини Насриддин»-и режиссёр А. Тӯраев (1977)-ро офарад.

Инчунин симои Ҳаким Фирдавсиро Борис Кимёгаров бисёр мехост, ки Маҳмудҷон Воҳидов офарад. Ба гуфти режиссёр, Маҳмудҷон барои иҷрои нақш аллакай омода буд, аммо афсӯс, ки умр вафо накард.

Даҳ нақше, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар кинои тоҷик офарид, ёдгории беназиру бебаҳоянд.

Хотираи ин санъаткори бузург, ки дунёи пурнури андешаю эҳсос, ҳарорати дил, заковати фитрӣ ва истеъдоди беназирашро бе тапиши набзи замон ва қисмати халқу Ватан тасаввур карда наметавонист, ҳеҷ  гоҳ  фаромӯш  нахоҳад шуд ва чун намунаи ибрати ҷавонмардӣ ва олиҳимматӣ  хоҳад монд.

Октябрь 10, 2019 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт