Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Октябрь 19, 2019 10:33

ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар гузошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин маросим Вячеслав Володинро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия дар доираи сафари худ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтугӯ мекунад.

Дар назар аст, ки меҳмони олиқадр бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» дидан намояд.

Октябрь 19, 2019 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид