Сарвазири Қатар Прокурори генералии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро, ки бо сафари расмӣ дар Қатар қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар заминаи татбиқи амалии натиҷаҳои боздидҳо ва музокироти раҳбарони олии Тоҷикистон ва Қатар зимни мулоқот рушди бемайлони робитаҳои дуҷониба ва фаъолшавии ҳамкории самаранок дар соҳаҳои мухталиф таъкид гардид.
Дар ин робита изҳори боварӣ карда шуд, ки тавсеаи робитаҳои кории прокуратураҳои генералии ду давлат дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд ва созандаи Тоҷикистон ва Қатар саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҳамзамон мусоҳибон атрофи як зумра масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд






