СУС дурнамои афзоиши савдоро коҳиш додааст

Октябрь 2, 2019 10:39

ДУШАНБЕ, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ихтилофи шиддатёбандаи байни кишварҳо дар соҳаи тиҷорат ва паст шудани иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба он оварда расонд, ки Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дурнамои афзоиши савдоро барои солҳои 2019 ва 2020 коҳиш додааст. Тавре Арменпресс бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, ин изҳорот дар баёнияи матбуоти Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки рӯзи сешанбе дар Женева интишор шудааст, оварда шудааст.

«Авҷгириии бошиддат дар савдо ва суст шудани иқтисоди ҷаҳонӣ иқтисоддонҳои СУС-ро маҷбур кардааст, ки пешгӯиҳои рушди тиҷоратро барои солҳои 2019 ва 2020 якбора паст кунанд», — омадааст дар гузориш.

Гарчанде, ки моҳи апрел дурнамо 2,6% — ро ташкил медод, дар айни замон, афзоиши савдои молҳо дар соли 2019 ба 1,2% мерасад. Дар соли 2020, дар СУС афзоиши 2,7% дар назар аст, дар ҳоле ки афзоиши он моҳи апрел ба 3% пешбинӣ шуда буд.

Иқтисоддонҳои СУС зикр мекунанд, ки хатари коҳиши минбаъдаи суръати афзоиши савдо дар сатҳи «баланд боқӣ мемонад» ва пешгӯиҳо барои соли 2020 «аз бозгашт ба муносибатҳои мӯътадили тиҷорат» дар ҷаҳон вобаста аст.

 

 

Октябрь 2, 2019 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд