ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Тир» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Тир» мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи варзишии «Тир» Президенти Федератсияи тирпаронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳзод Файзуллоев, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва варзишгарон ширкат намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур аз ҷониби мураббӣ оид ба намуди тирпаронӣ Марат Абдукаримов бо харҷи 1 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст.
Дар Маҷмааи варзишӣ барои дӯстдорони намудҳои гуногуни тирпаронӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон метавонанд дар ин ҷо маҳорати тирпаронӣ омӯзанд.
Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






