Ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи охири худ 27 ноябр дар қатори дигар лоиҳаҳои қонунҳо «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуда, онро маъқул донист ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Тавре аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо дарназардошти омӯзиши сатҳи андозбандии шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя ҷиҳати дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва ҳавасмандгардонии онҳо барои пешбурди дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ, иштирок дар муомилоти ғайринақдӣ ба Кодекси андоз ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, дар лоиҳаи қонун ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он моддаҳои Кодекси андоз пешбинӣ шудааст, ки масъалаҳои объект ва манбаи андозбандии андози низоми содакардашударо танзим мекунанд. Бо мақсади мусоидат намудан ба рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурд дар лоиҳа барои андозсупорандагон интихоби тартиби нави ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми содакардашуда пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он дар баробари тартиби амалкунанда, яъне аз даромади умумӣ бе тарҳи хароҷот ҳисоб ва пардохт намудани андози содакардашуда, андозсупорандагон метавонанд инчунин андози низоми содакардашударо бо тартиби нав, яъне аз фарқияти даромади умумӣ ва хароҷот ҳисоб ва пардохт намоянд.
Ҳамзамон бо мақсади танзими андозбандии амалиёти азнавбаҳодиҳии асъор ва металлҳои қиматбаҳо, инчунин пешбинӣ намудани мафҳумҳои «махзани электронӣ», «мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ» ва «утоқи шахсии андозсупоранда» ба Кодекси андоз муқаррароти нав илова карда шуда, доир ба масъалаҳои ҷойдошта мафҳумҳои мушаххас пешбинӣ карда шудаанд.
Тибқи лоиҳа, бо мақсади мушаххас муайян намудани уҳдадории андозсупоранда вобаста ба тартиб додани санади муқоисавӣ бо мақомоти андоз ва дар ин замина пешгирӣ намудани баҳсҳои беасос ва гуногунфаҳмиҳо ба Кодекси андоз ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор пешбинӣ шудааст, ки тибқи он хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ – ҳар сол як маротиба, андозсупорандагоне, ки дар низоми содакардашудаи андозбандӣ қарор доранд, – ҳар шашмоҳа як маротиба ва андозсупорандагоне, ки дар низоми умумии андозбандӣ қарор доранд – ҳар семоҳа як маротиба бо мақомоти андоз санади муқоисавӣ тартиб медиҳанд.
Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар мавриди беасос ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда дар лоиҳа ворид намудани муқаррароти дахлдор пешбинӣ карда шудааст.
Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин «Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012» муҳокима ва қабул гардид.
Ба маълумоти Кумитаи андоз, лоиҳаи мазкур бо мақсади ба қайди давлатӣ гирифтани соҳибкорон ва ба онҳо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи самти фаъолият ва таъмини дастрасии онҳо барои гирифтани қарз аз ташкилоти қарзӣ, ба роҳ мондани баҳисобгирии оморӣ аз рӯи фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва инчунин аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ таҳия карда шуда, инчунин муқаррароти қарори амалкунанда ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории амалкунанда мутобиқ гардонида шудааст.
Бояд ёдрас намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2018 фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, иҷрои кор ва хизматрасониҳо дар хона аз пардохти андозҳо озод шуд буд.
Аммо ҳангоми татбиқи амалии муқаррароти мазкур муайян гардид, ки дар самти фаъолияти соҳибкорон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бо сабаби надоштани ҳуҷҷати расмӣ оид ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, барои гирифтани қарз аз ташкилоти қарзӣ монеаҳо ба миён омадаанд. Бинобар ин, дар лоиҳа муқаррароти дахлдор пешбинӣ карда шуд.
Ҳамзамон бо мақсади муайян намудани ҷойҳои алоҳида барои ба фурӯш гузоштани молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор пшбинӣ карда шуд.
Бо дарназардошти таҷрибаи татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 ба номгӯи ҳолатҳое, ки ҳангоми ба миён омадани онҳо соҳибкор аз пардохти маблағи патент барои як муҳлати муайян озод мегардад, иловаҳо ворид карда шуд (давраи рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва офатҳои табиӣ).
«Зикр намудан бамаврид аст, ки мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз байн бурдани номуайяниҳо дар қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи андоз, фароҳам сохтани сабукиҳо барои фаъолияти соҳибкорон, яъне ҳадаф – дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ мебошад»,-таъкид намуданд дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид






