Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» ин навбат МОИ «Суғд» мавриди таҳлили коршиносон қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» яке аз минтақаҳои рушдкардаи мамлакат мебошад, ки аз соли 2008 инҷониб фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Масоҳати замини он 320 гектарро ташкил медиҳад, ки то кунун дар масоҳати 110 гектари он биноҳо ва иншооти зарурӣ сохта шудаанд. То ин муддат дар МОИ «Суғд» 27 субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки қисме аз онҳо фаъолият намуда, на танҳо маҳсулоти худро ба бозорҳои дохилӣ, балки ба хориҷи мамлакат низ содирот месозанд.
Ба иттилои масъулони МОИ «Суғд», дар 10 моҳи соли 2019 корхонаҳои фаъолияткунандаи минтақа ба маблағи зиёда 132 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ҳаҷми содирот ба хориҷи ҷумҳурӣ ба беш 34 млн. сомонӣ баробар гардидааст.
Маълумоти бештарро роҷеъ ба вазъи фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва дурнамои он дар барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» 22 ноябр, соати 08:30 ва такроран соатҳои 17:30, 21:00 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз радиои «Ховар» бишнавед.