Дар Душанбе масоили ҳунармандӣ ва заминаҳои омӯзишу рушди он дар оила баррасӣ шуданд

Ноябрь 29, 2019 15:01

ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» дар мавзӯи «Ҳунармандӣ-заминаҳои омӯзиш ва рушди он дар оила» Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  конференсияро оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳунармандӣ ва рушди он дар ҷамъият мақоми хосса дошта, дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ривоҷу равнақ додани  ҳунаромӯзӣ барои ҳама қишрҳои ҷомеа, бахусус занону бонувон хеле муҳим аст.

Инчунин муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода доир ба аҳамият ва нақши ҳунару омилҳои ривоҷу равнақ додани ҳунармандӣ дар оила маълумот дод.

Раиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори  «Кадбону» Сабоҳат Раҳимзода зикр кард, ки “ҳунармандӣ асоси  таъриху тараққиёти фарҳанги миллат аст. Ҳунармандӣ омилест, ки сатҳи зиндагии  мардумро баланд мебардорад.  Ин гуна ҳамоишҳо ба рушди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ таъсир расонида,  занону бонувонро ба омӯзиши ҳунар бештар ҷалб мекунанд”.

Дар ҷараёни кори конференсия олимону донишмандон, коршиносону мутахассисон ва ҳунармандони касбӣ дар мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба  ҳунару ҳунармандӣ ва рушди он дар шароити оила, аз ҷумла дар мавзӯъҳои «Ҳунармандӣ- омили тавонмандии занон дар ҳаёти иҷтимоӣ», «Заминаҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии рушди ҳунарманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра маърӯза намуданд.

Ҳамчунин занону бонувони ҳунарманд оид ба таҷрибаи кори хеш дар соҳаи ҳунармандӣ маълумот дода, барои дастггирии ҳамаҷониба ба Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

Дар ҷамъбасти Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳунармандӣ-заминаҳои омӯзиш ва рушди он дар оила» байни маърӯзачиён ва иштирокдорон атрофи масълаҳои марбут ба ҳунару ҳунармандӣ ва рушди он дар муҳити оила мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ноябрь 29, 2019 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд