Дар шаҳри Турсунзода барои давраи зимистон 852 тонна ангишт ва 753 метри кубӣ ҳезум захира намудаанд
ТУРСУНЗОДА, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, баҳри амалигардонии он тамоми имкониятҳоро сафарбар намудаанд.
Тибқи иттилои масъулин, дар шаҳри Турсунзода 24 сардхонаи доимӣ бо ғунҷоиши 5860 тонна маҳсулот мавҷуд аст, ки баҳри таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза фаъолият менамоянд.
Ҳамчунин барои қонеъ гардонидани талаботи мардум бо маводи сӯхт 28 адад нуқтаи фурӯши ангишт, аз ҷумла 10 нуқтаи фурӯши ангишти сайёд ва 32 нуқтаи фурӯши гази моеъ бо тартиби шабонарӯзӣ кор карда истодаанд.
То имрӯз дар муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, таълимӣ ва хонаҳои куҳансолону маъюбон 29,9 тонна орд, 5,75 тонна равған, 8,3 тонна биринҷ, 9 тонна шакар, 2030 қуттӣ консерваҳо, 67 тонна картошка, 52,4 тонна пиёз, 13 тонна сабзӣ, 3,7 тонна мева, 18,1 тонна дигар намуди маҳсулот, 852 тонна ангишт, 753 метри кубӣ ҳезум, 12,924 тонна сӯзишвории дизелӣ ва бензин захира шудааст. Ҳамзамон 35 адад генератор ва 8 адад буғхонаҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, 956 гармкунаки барқӣ ва 1360 адад печҳо айни замон истифода шуда истодаанд.
Доир ба ҷараёни маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷиҳати омодагӣ барои фаъолият дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар соҳаи маориф 338 ҳазору 639 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то ин муддат 100 фоиз маблағгузорӣ шудааст.













Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






