Дар шаҳри Ваҳдат Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин ҷамъбаст карда шуд

Ноябрь 26, 2019 11:23

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин гузаронида шуда истодааст.

Ин тасмим бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар робита ба ин дар шаҳри Ваҳдат ҷаласаи Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр оид ба натиҷаҳои баргузории озмун ҷиҳати муайян намудани шаҳрак ва деҳоти  беҳтарин баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси комиссияи шаҳрӣ, муовини якуми раиси шаҳр Абдувосеъ Ятимзода зикр намуд, ки дар доираи тайёрӣ ва гузаронидани озмуни мазкур корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ дар маҳалҳо вусъати тоза ёфта, дар баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист нақши муҳим мебозад.

Дар ин раванд қарори Раиси шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин бо ҳайати комиссия ва низомномаву меъёрҳои муайяни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси нақшаи чорабиниҳои ноҳия даври якуми он бо иштироки аъзои комиссияи ноҳиявӣ баргузор гардид ва аз натиҷаи он санади дахлдор тартиб дода шуд. Тибқи санади комиссияи ноҳиявӣ,   ғолибони даври якум аз байни 11 ҷамоати деҳот ва шаҳрак ғолибони озмун муайян гаштанд.

Дар номинатсияи “Ҷамоати деҳоти беҳтарин”  ҷои якум насиби Ҷамоати деҳоти “Бозорбой Бурунов” шуд. Ғолиби ҷои дуюм Ҷамоати деҳоти “Симиганҷ” ва ғолиби ҷои сеюм Ҷамоати деҳоти “Раҷаб Исмоилов” гардиданд.

Ба ғолибон ҳайати комиссия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

 

Ноябрь 26, 2019 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад