«ИЛМИ ТИБ ДАР АСРИ XXI : НАЗАРЕ БА ОЯНДА». Бардошт аз Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар шаҳри Душанбе

Ноябрь 29, 2019 14:25

ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 80-солагии донишгоҳ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Конфронси байналмилалии илмиву амалии «Илми тиб дар асри ХХI–назаре ба оянда» баргузор гардид.

Дар кори конфронс ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Саида Ғайрат ва Шодихон Ҷамшед,  президенти  Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибзода, намояндаи Вазорати  маориф ва илм Обидҷон Маҳмудзода, намояндагони беш аз 20 донишгоҳу донишкадаҳо аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Украина, Швейтсария ва Туркия иштирок  намуданд.

Ректори  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода сухан карда, зикр намуд, ки ҷашн гирифтани санаҳои ифтихорӣ масъулини соҳаи тандурустиро водор менамояд, ки ба  таърихи гузаштаи он бо  назари таҳлилӣ нигариста, оянда ва дурнамои хешро муайян намоем. Мояи ифтихор аст, ки ин боргоҳи илму хирад  дар тӯли фаъолияти худ дар омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустии ватаниву хориҷӣ нақши муассир дорад.

«Дар тӯли 80 соли фаъолият Донишгоҳи давлатии тиббиро беш аз 43 ҳазор нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ хатм намудаанд, ки 63 фоизи он ба давраи соҳибистиқлолияти мамлакат рост меояд. Мавриди зикр аст, ки соҳаи тандурустӣ ва хусусан омода намудани кадрҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ  ҳамеша  мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор гирифтааст. Маҳз натиҷаи ғамхориҳои Сарвари давлат аст, ки имрӯз Донишгоҳи  давлатии тиббӣ дорои озмоишгоҳҳои беназир, аз қабили Озмоишгоҳи кишти ҳуҷайраҳои бунёдӣ, Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, Озмоишгоҳи марказии илмӣ- тадқиқотӣ, марказҳои  илмӣ- таълимӣ ва истеҳсолии стоматология  ва фарматсия мебошад, ки инҳо дар оянда барои омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба саҳми бориз мегузоранд.  Бо бунёд шудани биноҳои нави таълимӣ ҳамасола шумораи донишҷӯёни ватаниву хориҷӣ  зиёд шуда, ҳоло дар донишгоҳ 10 ҳазору 500 нафар донишҷӯ  таҳсил менамоянд ва аз ин шумора якуним ҳазор нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Имрӯз  фаъолияти  илмии Донишгоҳи тиббӣ  дар сатҳи баланд қарор дошта, беш аз 1320 нафар олимон рисолаи номзадӣ ва 217 нафар рисолаҳои доктории худро бо муваффақият ҳимоя намудаанд»,- гуфт номбурда.

Президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки зери дастгириҳои Сарвари давлат ҳоло илми ватанӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Пояи  моддию техникии муассисаҳои илмӣ  торафт беҳтар шуда, ба талаботи замони муосир  ҷавобгӯ мешавад.

«Ҳоло вақти он расидааст, ки мо ҷавононро ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва пажӯҳишӣ ҷалб намоем. Зеро ин имкон медиҳад, ки илми ватанӣ дар ҷаҳони муосир рақобатпазир бошад ва дастовардҳои илмии олимони тоҷик дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ шинохта ва эътироф гарданд. Ҳоло дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   шуъбаи илмҳои биология ва тиб  мавҷуданд. Дар ин шуъба гурӯҳи олимон бо масъалаҳои  ба тибби муосир вобаста кор мекунанд. Яке аз марказҳои асосие, ки дар Академия  мавҷуд аст,  ин Маркази синошиносӣ мебошад. Ин марказ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфта,  то имрӯз 14 ҷилд аз осори  безаволи Абӯалӣ ибни Сино ба пуррагӣ омода ва ба забонҳои русию тоҷикӣ чоп шудаанд.  Инчунин дар нақша аст, ки то охири сол боз 2 ҷилди асарҳои Сино  аз чоп бароянд»,- баён дошт  Фарҳод Раҳимӣ.

Ба андешаи муовини аввали  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Ғайрат,  имрӯз илми тиб дар баробари дигар илмҳои муосир бо суръат рушд дорад. Дар ин самт мутахассисон соҳа   бо дастовардҳои навини худ имкониятҳои нав ба нави табобати бемориҳои гуногунро фароҳам меоваранд.

«Аз худ намудани навгониҳои илми тиб ва истифодаи оқилонаи он дар таҷрибаи амалӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мутахассисони соҳаи тиб ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои  охир ҳолати таълим дар донишгоҳи мазкур ба куллӣ тағйир ёфта, даҳҳо кафедра ва клиникаҳои дорои  таҷҳизоти муосир бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибтахассус таъсис дода  шудаанд»,- мегӯяд Саида Ғайрат.

Бино ба гуфтаи  намояндаи  Пажӯҳишгоҳи ба номи Роберт Кохи  шаҳри Берлини Германия Клавдия Сиверс,  имрӯз илми тиб дар Тоҷикистон хеле пеш рафтааст.

«Тайи чанд сол аст, ки ман ба Тоҷикистон меоям. Ҳамкории  мо бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мустаҳкам аст. Замоне, ки ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам, илми тиб то ин сатҳ рушд накарда буд. Вале ҳоло мебинам, ки соҳаи тандурустӣ дар ин ҷо дар сатҳи олӣ қарор дошта, Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст»,- баён намуд Клавдия Сиверс.

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки “дар оянда низ ҳамкории мо бо Донишгоҳ мустаҳкам мегардад ва мо дар якҷоягӣ барои  пешрафти илми тиб корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонем”.

Сипас, дар қисмҳои алоҳида дастовард ва масъалаҳои мубрами соҳаҳои тандурустӣ мавриди баррасии олимони ватанӣ ва хориҷӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни кори конфронс 157 маърўзаи олимон шунида шуд.

Холисаи АСОМИДДИН,
                                               Тоҳир САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2019 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид